Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Вохурии Директори Агентии бещдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Дафтари ҳамкориҳои байналмилалии Карея (КОИКА) дар Тоҷикистон

Имруз дар Агентии бещдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурӣ бо намояндагони Дафтари ҳамкориҳои байналмилалии Карея (КОИКА) дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар вохурӣ Директори Агентӣ Давлатзода Зафарбек, муовини Директори Агентӣ Зуҳурзода Баҳрулло, котиби Комиссияи миллӣ оид ба ирригатсия ва дренаж (КМИД) Ғафорзода Баҳром, муовини Директори  Дафтари ҳамкориҳои байналмилалии Карея дар Тоҷикистон Кёнгвон Парк ва дигар кормандони ин дафтар инчунин як қатор  коршиносони соҳавӣ аз давлати Карея иштирок доштанд.

Мақсади вохурӣ тақвият додани ҳамкориҳои дуҷониба ва рушд додани соҳаи беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон тавассути татбиқи лоиҳаҳо дар самти рушд додани нерӯи зеҳнӣ, муарифӣ ва ҷорӣ намудани технологияи замонави обёрӣ, роҳандозии низоми рақамии идоракунии иттилооти обёрӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ гардид.

Нашр шудааст: 14 Декабр 2023