Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Саҳифаи асосӣ / Обёрии заминҳои водии Данғара

Обёрии заминҳои водии Данғара

Обёрии заминҳои водии Данғара дар масоҳати 1750 га (марҳилаи 3), арзиши умумии лоиҳа 30,540 млн. доллари ИМА, мӯҳлати татбиқи лоиҳа солҳои 2013-2019. Аз ҷониби Бонки Исломии Рушд (87,62%)ҳамчун қарз ва ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (12,37%) маблағгузорӣ карда мешавад. Ҳадафимарҳилаи сеюм ин обёрӣ намудани 1750 га заминҳои нав ва бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани 8 ҳазор аҳолии деҳот мебошад. Ҳангоми пурра татбиқ гардидани лоиҳаи мазкур дар ин заминҳо ба тариқи зайл зироатҳо кишт карда мешаванд: пахта 900 га, ғалладона 350 га, боғпарварӣ 300 га, сабзавотҳо 100 га, хӯроки чорво 100 га. 

Нашр шудааст: 04 Феврал 2019