Дар бораи Агентӣ
Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, №12 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шудааст.
Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, оид ба амалӣ намудани пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи беҳдошти замин ва заминҳои обёришаванда, истифода ва нигаҳдошти объектҳои хоҷагии об, таъминот, истифода ва ҳифзи об фаъолиятро анҷом медиҳад.
Агентӣ инчунин корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони иншоотҳои гидротехникӣ, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, азхудкунии заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, назорати ҳолати мелиоративии заминҳо ва истифодаи об дар заминҳои кишоварзӣ, танзим ва дастгирии давлатии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва идоракунии захираҳои об дар системаҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар асоси идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об дар сатҳи ҳавзаҳо ва зерҳавзаҳои дарёҳои хурду калон амалӣ менамояд.