Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Саҳифаи асосӣ / Беҳдошти замин

Беҳдошти замин

Яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ ба ҳисоб меравад, ки он яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ буда барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд. Дар сохтори Агентӣ Муассисаи давлатии «Назорати ҳолати мелиоративии заминҳо ва истифодаи об» фаъолият менамояд.

Барои дар ҳолати хуби мелиоративӣ нигоҳ доштани заминҳо 11,4 ҳазор километр заҳбуру заҳкашҳо хизмат мерасонад, ки 2,2 ҳазор километри онро байнихоҷагӣ ва 9,1 ҳазор километр дохилихоҷагӣ ташкил менамоянд. Аз ин 5,4 ҳазор километр заҳкашҳои кушода ва 3,7 ҳазор километр заҳкашҳои пӯшида мебошад. Илова бар ин дар ҳудуди заминҳои обёришаванда 2453 адад чоҳҳои амудӣ, аз ҷумла 1115 адад чоҳҳои амудии мелиоративӣ, 746 адад обёрикунанда ва 174 адад  дидбонгоҳҳо хизмат мерасонанд.

Масоҳати заминҳои обии дар зери назорат қарор дошта 691,2 ҳазор га, заминҳои шӯр, ки таҳти банаворгирӣ қарор доранд 628,3 ҳазор га, ё ин, ки 83 % ва заминҳои бо заҳкашҳо таъмингардида 329,2 ҳазор га, ё ин, ки 43,7 % аз он ҷумла: бо заҳкашҳои пӯшида 79,3 ҳазор га., ё ин, ки 10,5 %-ро ташкил менамояд.

Тағйир ёфтани ҳолати мелиоративии заминҳо раванде ҳаст, ки пайваста дар ҷараён мебошад. Агар аз як тараф анҷом додани корҳои мелиоративӣ ҳолати заминҳоро    беҳтар гардонад, аз тарафи дигар бо сабаби риоя накардани усулҳои агротехникӣ, технологияи обмонӣ, саривақт тоза накардани заҳбуру заҳкашҳои дохилихоҷагӣ, дар ҳолати ғайритехники нигоҳ доштани чоҳҳои амудии хушкунанда ва пойгоҳҳои мелиоративӣ, нодуруст шустани заминҳои шӯр, барои обёрӣ истифода бурдани обҳои заҳбуру заҳкашҳо, ки минералнокиашон зиёд аст, вазъи мелиоративии заминҳоро ҳамасола мураккаб мегардонад. 

Бо мақсади боздошти ин раванди номатлуб ва беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ давоми солҳои 1996-2015 дар майдони 151,4 ҳазор гектар корҳои мелиоративӣ гузаронида шуда, ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида шуд, аз ҷумла дар доираи Барномаҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2000-2004 дар майдони 30,6 ҳазор гектар, солҳои 2005-2009 дар майдони 60,2 ҳазор гектар ва  солҳои 2010-2014 дар майдони 51,7 ҳазор гектар ҳолати мелиоративии заминҳо беҳ карда шудааст. Ҳамзамон дар асоси фармоишҳои Агентӣ дар солҳои 2015 – 2016 ҳолати мелиоративии 18,4 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва ҳаққи хизматрасонии обрасонӣ беҳтар карда шудааст.

Тибқи ҳисоботи Кадастри мелиоративӣ ба ҳолати 1 январи соли 2017 дар ҷумҳурӣ масоҳати 39580 гектар заминҳои ғайриқаноатбахши кишоварзӣ ба қайд гирифта шуда, ба ҳолати 31 декабри соли 2017 аз ҷониби идораҳои зертобеи Агентӣ аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ, буҷети маҳаллӣ, аз ҳисоби хоҷагиҳо ва аз ҳисоби лоиҳаҳо татбиқшаванда ҳолати 10928 га заминҳои ғайриқаноатбахши мелиоративӣ беҳтар карда шуд.

Нашр шудааст: 14 Май 2018