Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Саҳифаи асосӣ / Барномаи давлатии азхудкунии заминхои нави обёришаванда ва баркарорсозии заминхои аз гардиши кишоварзи берунмонда дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2022-2027

Барномаи давлатии азхудкунии заминхои нави обёришаванда ва баркарорсозии заминхои аз гардиши кишоварзи берунмонда дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2022-2027

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 марти соли 2022, №90

тасдиқ шудааст

Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда

ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 

 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

  1. Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 (минбаъд - Барнома) бо мақсади пешгирии тамоюли бегонашавии заминҳои корам ва васеъ намудани майдони заминҳои обёришаванда, ки яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ ва афзоиши ҳосилнокии зироатҳо мебошад, таҳия гардидааст.
  2. Барнома ба баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҷойҳо ва ҷиҳати расидан ба ҳадафи сеюми Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 - таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат равона гардидааст.
  3. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳӣ дорои релефи ҷуғрофии мураккаб буда, бо сабаби мавҷуд набудани захираҳои кофии заминҳои барои кишоварзӣ мутобиқ аз роҳи экстенсивии рушди соҳаи кишоварзӣ маҳдуд мебошад. Вобаста ба ин, таъмини бехатарии озуқаворӣ тақозо менамояд, ки нисбат ба замин, бахусус заминҳои корам сиёсати ҳарчи эҳтиёт намудани ҳар як қитъаи он пеш бурда шавад.
  4. Раванди гузариши иқтисодиёти кишвар ба самти рушди индустриалию инноватсионӣ ногузир ба баланд гардидани талаботи соҳаи саноати миллии коркард ба ашёи кишоврзӣ оварда расонида, дар шароити мазкур ҳалли масъалаҳои азхудкунии заминҳои нав ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ таназзулёфта аҳамияти хосаро доро мегардад.
  5. Вазифаи асосии комплекси хоҷагии оби кишвар аз танзим ва риояи тавозуни обу намак дар заминҳои обёришаванда ва нигаҳдории ҳолати муътадили мелиоративии заминҳои обёришаванда, ки ҳосилнокии баланди биологиии онҳоро таъмин менамояд, иборат мебошад.
  6. Амалисозии Барнома тавассути иҷрои маҷмуи корҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаҳои амалигардонии он дар давоми 6 соли оянда аз рӯи ду самти асосӣ - азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба амал бароварда мешавад.
  7. Барои расидан ба мақсади барномавӣ иҷрои вазифаҳои мушаххас дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барнома пешбинӣ гардидааст, аз ҷумла:

- дар самти азхудкунии заминҳои нави обёришаванда иҷрои маҷмуи корҳои сохтмони мелиоративӣ, бунёди инфрасохтори барқӣ ва обтаъминкунӣ (пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ), шабакаҳои обёрӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, сармояҳои мустақими дохиливу хориҷӣ;

- дар самти барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барқарорсозӣ ва такмил додани шабакаҳои обёрӣ, заҳбуру заҳкашҳо, таъмири таҷҳизоти обкашӣ ва барқии пойгоҳҳои обкашӣ тавассути харидорӣ намудани қисмҳои эҳтиётӣ ва васлу насби онҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ, буҷетҳои маҳаллӣ, маблағҳои хизматрасонии соҳа.

  1. Зимни муқаррар намудани минтақаҳои амалисозии Барнома ҷанбаҳои мавҷудияти захираҳои кофии замини қобили азхудкунӣ, ҳолати воқеии шиддатёбии захираҳои таназзули замину об дар ҷойҳо ва дараҷаи таъсиргузории чорабиниҳои амалшаванда ба вазъи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо ба инобат гирифта шудааст.                                                                       

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪ ВА АФЗАЛИЯТҲОИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА

  1. Дастрасӣ ба захираҳои замини барои кишоварзӣ мутобиқ ва мавҷудияти инфрасохтори мукаммали обёрии он ифодагари амнияти озуқавории кишвар буда, барои бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолии деҳот, рушди содироти маҳсулоти рақобатпазири кишоварзӣ ва бо ашёи хом таъмин кардани саноати миллии хӯрокворӣ нақши калидӣ мебозад.
  2. Майдони умумии заминҳои қобили обёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 570 ҳазор гектарро ташкил дода, аз он ба ҳолати соли 2021 762,9 ҳазор гектар замин обёрӣ шудааст. Тақрибан 40%-и заминҳои обёришавандаи мазкур тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мегарданд, заминҳои шӯршуда 15%, инчунин заминҳои санглох 18%-ро ташкил медиҳанд.
  3. Дар заминҳои обёришавандаи мазкур 90% маҳсулоти кишоварзии кишвар истеҳсол мешавад, ки ин беш аз 25% маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва шуғли беш аз 70% аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъоли ҷумҳуриро таъмин менамояд.
  4. Айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасии заминҳои обӣ ба ҳар нафари аҳолӣ 0,085 гектарро ташкил медиҳад, ки ба нишондиҳандаи пасттарини миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мансуб мебошад.
  5. Бо дар назар дошти он тамоюлоти демографии ҷорӣ то соли 2030 масоҳати заминҳои обёришавандаи сарикасӣ то 0,06 гектар коҳиш ёфта, ҳолати мазкур ба ҳалли босамари масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар таъсиргузор шуда метавонад.
  6. Дар давраи соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои пайваста ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои обу замин, аз ҷумла бунёду азнавсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудккунии заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, дар заминҳои обёришаванда ҷорӣ намудани реҷаи кишти такрории зироатҳо ба амал бароварда шудааст, ки дар натиҷа фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори истеъмолӣ ва сатҳи таъминоти амнияти озуқавории мардуми кишвар бамаротиб беҳтар гардидааст.
  7. Азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, ки аксари онҳо дар водиҳои дарёҳо ва фурухамиҳои кўҳҳо ҷойгир шудаанд, хароҷоти зиёди моддиву молиявиро тақозо намуда, дар шароити маҳдуд будани захираҳои молиявӣ мушкилоти муайянро ба миён меоварад.
  8. Мутобиқи натиҷаҳои Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 450 тасдиқ шудааст, барои азхудкунии заминҳои нав бо сохтмони тамоми инфрасохтори дахлдор зарурати ҷалби маблағҳои сармояҳои дарозмуддат дар доираи 50-70 ҳазор сомонӣ ва барои барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда бо иҷрои маҷмуи корҳои беҳдошти замин хароҷоти 11-20 ҳазор сомонӣ барои як гектар рост меояд.
  9. Ба мушкилоти ҷиддии соҳавӣ ҳосилнокии пасти табиии бисёрии заминҳои кишоварзӣ ва чун натиҷа ҳосилнокии пасти зироатҳои кишоварзӣ низ мансуб аст, ки сабаби асосии онҳо ба вазъи ғайриқаноатбахш расонидани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда ва ғайриоқилона истифода намудани захираҳои обу замин мебошад.
  10. Бо сабаби ғайриқаноатбахш шудани холати мелиоративӣ тамоюли эҳтимолияти дубора шӯршавии заминҳо дар майдони 310 ҳазор гектар ҷой дорад. Аз ин лиҳоз бо мақсади пешгирии ҳолати бегонашавии заминҳо ба амал баровардани тадбирҳои муҳими мелиоративӣ - додани оби захиравию шӯршӯии заминҳо дар марҳилаи байнимавсимии кишоварзӣ, ки ҳаҷми иловагии оби полезиро тақозо намуда, дар навбати худ хароҷотҳои корҳои беҳдошти заминро баланд менамоянд, зарур мебошад. Дар шароити маҳдудияти дастрасӣ ба заминҳои ҳосилхези обёришаванда, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои санглох, ки коркарди иловагии киштҳоро талаб менамояд ва қобилияти баланди филтратсиониашон боиси талафоти зиёди оби полезӣ мегардад, аҳамияти муҳимро доро мебошад.
  11. Истифодаи ғайриоқилонаи оби полезӣ, ҳолати ғайриқаноатбахши хизматрасонии техникӣ ба низоми мелиоративӣ боиси коҳиш ёфтани самараи захираҳои обу замин гардидааст. Аз меъёр зиёд истифода намудани оби полезӣ ба ҳолатҳои ботлоқшавӣ ва шӯршавии заминҳо дар як қатор ноҳияҳои ҷумҳурӣ оварда расонидааст.
  12. Тибқи маълумоти оморӣ дар ҷумҳурӣ соли 2021 бо сабабҳои гуногун майдони 18956 гектар заминҳои обёришаванда бо кишт фаро гирифта нашуда, майдони 18283 гектар заминҳои обёришаванда ба ҳолати партов табдил ёфта, аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд.
  13. Яке аз сабабҳои асосии аз гардиши кишоварзӣ берун мондани аксари чунин заминҳо - куҳнаву фарсуда гардидани иншоотҳои гидротехникӣ ва пойгоҳҳои обкашии дохилихоҷагие, ки дар мувозинаи хоҷагиҳои азнавташкилшуда қарор доранд, мебошад. Бо сабаби танқисии молиявӣ ва маҳдудиятӣ дастрасӣ ба қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат аксари заминистифодабарандагони кишоварзӣ таи солҳои тулонӣ корҳои таъмирӣ ва барқарорсозиро ҷиҳати дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани иншоотҳои гидротехникӣ, шабакаҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳои дохилихоҷагӣ ба роҳ намондаанд.
  14. Дар навбати худ, ба таври назаррас коҳиш гардидани хароҷот барои тозаву барқарор намудани заҳбуру заҳкашҳо таи даҳсолаи охир, боиси баъд шудани ҳолати техникии онҳо (то 30% заҳбуру заҳкашҳои байнихоҷагӣ ва 22% дохилихоҷагӣ) гардида, дар натиҷа раванди ғайриқаноатбахш гардидани ҳолати мелиоративӣ дар майдони то 60 ҳазор гектар заминҳо мушоҳида карда мешавад. Ҳолати мазкур метавонад, дар ояндаи наздик, миқдори чунин майдони заминро аз гардиши кишоварзӣ берун барорад. Вобаста ба ин, дар қатори азхудкунии заминҳои нави обёришаванда гузаронидани маҷмуи чорабиниҳои барқарорсозӣ ба вазифаҳои аввалиндараҷа ва бетаъхир дар самти таҷдиди заминҳои обёришаванда ба ҳисоб меравад.

3. НАТИҶАҲОИ ПЕШБИНИШУДАИ БАРНОМА

  1. Амалисозии Барнома имкониятро барои ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои нав ва барқароршудаи обёришаванда фароҳам оварда, барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъмини фаъолияти устувори низоми обтаъминкунӣ, истифодаи самараноки инфрасохтори обёрӣ ва заҳбуру заҳкашӣ, ки заминаи афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии рақобатпазири воридотивазкунанда ва содиротӣ, инчунин беҳтар гардидани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар минтақаҳои амалигардонии Барнома  мебошад, мусоидат менамояд.
  2. Дар натиҷаи амалисозии Барнома азхудкунии 11321 гектар заминхои нави обёришаванда, аз ҷумла 1771 гектар аз ҳисоби буҷети давлатӣ, 9550 гектар аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва сармоягузории мустақими дохиливу хориҷӣ, инчунин барқарорсозии 5580 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда аз ҳисоби буҷети давлатӣ, буҷетҳои маҳаллӣ, маблаѓҳои хизматрасонии соҳа ба амал бароварда шуда, дар маҷмуъ 16901 гектар заминҳои обёришаванда ба истеҳсолоти кишоварзӣ ҷалб карда мешавад.
  3. Иҷрои Барномаи мазкур имконият медиҳад, ки ба ҳисоби миёна 64 ҳазор ҷойҳои нави корӣ (то 4 нафар/га) барои аҳолии деҳоти кишвар ташкил карда шавад.

4. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

  1. Маблағгузории Барномаи мазкур тибқи нақшаи хароҷот барои 6 сол тарҳрезӣ шуда, аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатӣ, буҷетҳои маҳаллӣ, лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ барои ин мақсадҳо пешбинишаванда, инчунин аз ҳисоби истифодаи маблаѓҳои хизматрасонии соҳа ва ҷалби сармояҳои мустақими дохилию хориҷӣ таъмин мешавад.
  2. Маблағи умумии амалисозии Барнома 563,1 млн сомониро ташкил дода, дар Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барнома сарчашмаҳои маблағгузории пешбинишаванда бо тақсимбандии он дар давоми солҳои 2022-2027 ба амал бароварда шудааст.
  3. Барои азхудкунии заминҳои нави обёришаванда 541,8 млн сомонӣ пешбинӣ гардида, аз ҳисоби буҷети давлатӣ 37,4 млн сомонӣ, аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ 117 млн сомонӣ, аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 201,6 млн сомонӣ, тавассути ҷалби сармояҳои мустақими дохилию хориҷӣ 117 млн сомонӣ, дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ 68,8 млн сомонӣ харҷ мегардад.
  4. Барои барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда 21,2 млн сомонӣ пешбинӣ гардида, аз ҳисоби буҷети давлатӣ 20,3 млн сомонӣ, буҷетҳои маҳаллӣ 0,8 млн сомонӣ ва аз ҳисоби маблаѓҳои хизматрасонии соҳа 0,085 млн сомонӣ харҷ карда мешаванд.

5. МЕХАНИЗМИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА

  1. Иҷрои бандҳои алоҳидаи Барнома ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он аз ҷониби мақомоти идоракунии давлатӣ - Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои дахлдори масъули иҷрои Нақшаи чорабиниҳо, таъмин мегардад.
  2. Ҳамоҳангсози амалисозии Барнома Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамоҳангии байниидоравӣ ва ҳамкориро ҷиҳати иҷрои босамари Барнома таъмин менамояд.

6. МОНИТОРИНГ БАРНОМА

  1. Мақоми ваколатдори мониторинги Барнома Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки вазифаҳои асосии он аз ташаккули низоми мониторинги амалисозии Барнома, арзёбии натиҷаҳои бадастовардашуда, тибқи нишондиҳандаҳои асосии Барнома, инчунин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани ҳисобот ва пешниҳодҳои маҷмуӣ оид ба беҳтар намудани чорабиниҳои амалисозии Барнома иборат мебошад.
  2. Мониторинг ва арзёбии Барнома бо риояи талаботи Қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №615 тасдиқ шудааст, ба роҳ монда мешавад.
  3. Натиҷаҳои чашмдошти Барнома ва индикаторҳое, ки тавассути онҳо дараҷаи пешрафт дар ноилгардӣ ба вазифаҳои барномавӣ зимни гузаронидани мониторинг арзёбӣ мешавад, чунин мебошанд:
  • сатҳ ва муҳлатҳои маблағгузорӣ ҷиҳати амалисозии Барнома аз тамоми сарчашмаҳои пешбинишудаи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барнома;
  • сатҳ ва муҳлатҳои иҷрои маҷмуи корҳои сохтмони мелиоративӣ дар самти азхудкунии заминҳои нави обёришаванда пешбинишуда мутобиқи нишондиҳандаҳои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барнома;
  • сатҳ ва муҳлатҳои иҷрои маҷмуи корҳои беҳдошти замин дар самти барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда пешбинишуда мутобиқи нишондиҳандаҳои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барнома.

7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

  1. Тадбирҳои беҳдошти замин ва обёрӣ оид ба азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешаванд.
  2. Ба истифода додани шабакаҳои обёрӣ, заҳбуру заҳкашҳо, пойгоҳҳои обкашӣ, инчунин муайян кардани тартиби нигаҳдорӣ ва истифодаи онҳо мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
  3. Тавсияҳо барои ба истифода додани заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда якҷо бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими замин қабул карда мешаванд.
Нашр шудааст: 04 Феврал 2019