Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Саҳифаи асосӣ / Дастгирии давлатии Ассосиатсияи истифодабарандагони об

Дастгирии давлатии Ассосиатсияи истифодабарандагони об

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об бо мақсади нигоҳ доштан, истифода намудани шабакаҳои обёрии дохилихоҷагӣ, ки дар истифодаи якҷоя ва инфиродӣ қарор доранд, Ҷиҳати боадолатона, самаранок ва сари вақт тақсим намудани об байни аъзои он ва дигар истифодабарандагони об, Ҷамъоварии маблағи хизмати обрасонӣ, ҳалли низоъҳои байни аъзо ва дигар истифодабарандагони об оид ба таҚсим ва истифодаи об ташкил дода мешавад.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли  2014, № 755 «Дар бораи муайян намудани мақомоти ваколатдоридавлатӣ оид ба танзим ва дастгирии давлатииассотсиатсияҳои истифодабарандагони об», мутобиқи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти  ваколатдори давлатӣ оид ба танзим ва дастгирии давлатии ассотсиатсияи истифодабарандагони об муайян карда шудааст.

 Имрӯз дар ҷумҳурӣ 391 адад Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ба қайд гирифта шудааст, ки ба майдони 395,134 ҳазор гектар ё ин, ки 50,05% заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ, хусусан бо воситаи обҳои худҷорӣ хизмат мерасонанд. Вале дар фаъолияти онҳо камбудиҳо вобаста ба норасоии мутахассисони соҳа дар идоракунии АИО, норасоии мошину механизмҳо, дар сатҳи паст қарор доштани Ҷамъоварии ҳаҚҚи хизмати обрасонӣ ва маблағҳои аъзоҳаққӣ, дар ҳолати қаноатбахш нигоҳ доштани ҳолати мелиоративии заминҳо, истифодаи самараноки обу замин ва ғайра ҷой доранд.

Дар сохтори Агентӣ барои танзим ва дастгирии давлатии ассотсиатсияи истифодабарандагони об, Шӯъбаи дастгирии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об фаъолият дошта вазифаҳои худро дар якҷоягӣ бо идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳои байналмиллалӣ ба роҳ монда истодааст.

Дар доираи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об», ба итмом расонидани баҳисобгирии заҳбуру заҳкашҳои дохилихоҷагӣ ва ба мувозинаи АИО супоридани онҳо, ва инчунин созмон додани АИО дар минтаҚаҳои, ки бо пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ карда мешаванд ба нақша гирифта шудааст.

Нашр шудааст: 03 Феврал 2019