Обёрии заминҳо
Соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ яке аз соҳаи афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки таввасути он амниятӣ озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ таъмин карда мешавад.
Майдони умумии заминҳои қобили обёрӣ дар кишвар 1570 ҳазор га арзёбӣ карда шудааст. Аз ин миқдор ба ҳолати 1 январи соли 2018 масоҳати 757,8 ҳазор гектарро заминҳои обӣ ташкил менамоянд, ки 289,1 ҳазор гектари он таввасути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ карда мешаванд. Хизматрасонии об дар масоҳати 542,9 ҳазор га сурат гирифтааст. Барои обёри намудани заминҳои кишоварзӣ 26,7 ҳазор километр шабакаҳои обёрӣ, наҳрҳои магистралӣ ва 11,4 ҳазор километр заҳбуру заҳкашҳо, 7099 иншоотҳои гидротехникӣ, 390 адад пойгоҳҳои обкашӣ бо 1500 адад дастгоҳҳои обкашӣ ва 624,67 км қубурҳои баландфишор, 505 адад чоҳҳои амудӣ, 169 адад дюкер, 110 адад акведук, 5455 адад нуқтаҳои тақсимоти об, 3858 дидбонгоҳҳои гидрометрӣ хизмат мерасонанд.
Барои обёри намудани заминҳои доманакӯҳҳо 228 адад пойгоҳҳои обкашии силсилавӣ бо 922 адад дастгоҳҳои обкашӣ сохта шудааст, ки обро аз 2 то 7 зина бароварда 213,2 ҳазор гектарзаминҳои кишоварзиро обёрӣ менамоянд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки наҳрҳои магистралӣ, заҳбуру заҳкашҳо, пойгоҳҳои обкашӣ ва дигар иншоотҳои гидротехникӣ бинобар солҳои зиёд истифодашуданашон фарсуда гашта, ба таъмиру барқарорсозии мунтазам ниёз доранд. Аз он ҷумла аз 1500 адад дастгоҳҳои обкашӣ 1124 адади онҳо (75%) солҳои бароришашон 1958-1970 ва 252 адади онҳо (17%) соли бароришашон 1970-1986 буда, мӯҳлати техникии истифодабарии онҳо аз меъёри муайяншуда 2-4 маротиба гузаштааст. То имрӯз 124 адади онҳо (8%) таъмиру барқарор карда шудаанд. Барои ба пуррагӣ иваз намудани боқимонда дастгоҳҳои обкашӣ, муҳаррикҳои барқӣ ва бо оби обёрӣ таъмин намудани заминҳои кишоварзӣ зарур аст, ки 1274 адад дастгоҳҳои обкашӣ бо муҳаррикҳои барқӣ ва 620,2 ҳазор метри тӯлонӣ қубурҳои баландфишор иваз карда шаванд, ки барои ин 6,2 млрд. сомонӣ маблағ зарур мебошад.