Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Саҳифаи асосӣ / Лоиҳаҳои сармоягузорӣ

Лоиҳаҳои сармоягузорӣ

Лоиҳаҳои инвеститсионии бо мақсади дастгирии рушди соҳаи беҳдошти замин ваобёрӣ равона гардида, аз он ҷумла:

1. Обёрии заминҳои водии Данғара дар масоҳати 1750 га (марҳилаи 3),  арзиши умумии лоиҳа 30,540 млн. доллари ИМА, мӯҳлати татбиқи лоиҳа солҳои 2013-2019. Аз ҷониби Бонки Исломии Рушд (87,62%)ҳамчун қарз ва ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (12,37%) маблағгузорӣ карда мешавад. Ҳадафимарҳилаи сеюм ин обёрӣ намудани 1750 га заминҳои нав ва бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани 8 ҳазор аҳолии деҳот мебошад. Ҳангоми пурра татбиқ гардидани лоиҳаи мазкур дар ин заминҳо ба тариқи зайл зироатҳо кишт карда мешаванд: пахта 900 га, ғалладона 350 га, боғпарварӣ 300 га, сабзавотҳо 100 га, хӯроки чорво 100 га. 

2. Таъминоти шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ (марҳилаи 2), арзиши умумии лоиҳа 57,90 млн. доллари ИМА, мӯҳлати татбиқи лоиҳа солҳои 2013-2020. Аз ҳисобигранти Барномаи глобалии хоҷагии қишлоқ ва амнияти озуқаворӣ (60,78%) ва гранти Ассотсиатсияи Байналмиллалии  Рушд (39,21%)маблағгузорӣ карда мешавад. Лоиҳа аз ду қисмат иборат мебошад.Қисмати I.  Корҳои ҷамъиятӣ оиди барқарор намудани зерсохтори обёрикунанда ва заҳбуру заҳкашҳо. Кисмати II.  Расонидани  кӯмаки техникӣ дар амалӣ намудани ислоҳоти  қонунгузорӣ ва  институтсионалӣ дар соҳаи идоракунии захираҳои об.Лоиҳаи мазкур дар 14 ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои Ёвон, Ҷ.Балхӣ, Хуросон, Бохтар, А.Ҷомӣ, Ҷиликӯл,Восеъ, М.С.А. Ҳамадонӣ, Панҷ, Н.Хусрав, Ҷайҳун, Вахш, Қабодиён, Данғара, Шаҳритус ва 3 -ноҳияҳои тобеъи марказ, аз ҷумла Ҳисор, Ваҳдат ва Рӯдакӣ татбиқ  мегардад.

3. Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим, арзиши умумии лоиҳа 13,59 млн. доллари ИМА, қисмати арзиши татбиқи лоиҳа аз тарафи Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 0,591 млн. доллари ИМА, мӯҳлати татбиқи лоиҳа солҳои 2014-2019. Аз ҳисоби гранти Бонки Осиёгии Рушд (95,65 %) ва ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (4,35%) маблағгузорӣ карда мешавад.Мақсади лоиҳа ба беҳбудии рӯзгори мардуми ҳавзаи дарёи Панҷ,  ки аз таъсири тағйирёбии иқлим осебпазиранд, бо мусоидат дар мустаҳкам намудани заминаҳои техникӣ, барқарорсозии инфрасохторҳои системаи обёрикунӣ, шабакаҳои обкашӣ ва муҳофизати онҳо аз селу обхезӣ ва мутобиқ гардонидани онҳо дар шароити тағйирёбии иқлим, равона гардидааст.Лоиҳа мазкур дар ноҳияҳои Панҷ, Кӯлоб, Восеъ, Дарвоз, Ишкошим, Роштқалъа, Ванҷ  ва Рушон татбиқ шуда, 18 ҷамоати ин ноҳияҳои ҳавзаи дарёи Панҷро фаро мегирад.

4. Соҳилмустаҳкамкунӣ, сохтмони садҳо ва дандонасадҳои  соҳилмуҳофизатӣ дар дарёи Панҷ  ва сойи Чубекча дар ноҳияи  М.С. А. Ҳамадонии вилояти Хатлон, арзиши умумии лоиҳа 6.354 млн.  доллари ИМА, мӯҳлати татбиқи лоиҳа солҳои 2017-2018. Аз ҳисоби Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Подшоҳ Салмон Шоҳигарии Арабистони Саудӣ (100%) маблағгузорӣ карда мешавад. Мақсади асосии лоиҳа ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мансуб буда, барои беҳбудии рӯзгори беш аз 120 ҳазор нафар мардуми ҳавзаи дарёи Панҷ, ки аз таъсири тағйирёбии иқлим осебпазиранд, бо гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар дарёи Панҷ ва сойи Чубекчаи ноҳияи М.С.А.Ҳамадонӣ дар ҳудуди 20 км, ки бевосита барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегияи мазкур, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат менамояд, равона гардидааст.

5. Лоиҳаи идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ, арзиши умумии лоиҳа 31,61млн. доллари ИМА, қисмати арзиши татбиқи лоиҳа аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3,61млн. доллари ИМА, қарзи Бонки Осиёгии Рушд 19,15 млн. доллари ИМА, гранти Бонки Осиёгии Рушд 5,85 млн. доллари ИМА ва гранти Фонди Коҳиши Камбизоатии Ҷопон 3,00 млн. доллари ИМА буда, мӯҳлати татбиқи лоиҳа солҳои 2016-2022. Мақсади лоиҳа ба беҳбудии рӯзгори мардуми ҳавзаи дарёи Панҷ ва беҳтар намудани зироаткории обёришавнда ва идоракунии захирахои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон равона гардидааст.

6. Лоиҳаи обёрии устувор дар Тоҷикистон

7. Лоиҳаи такмил додани захираҳои об ва идоракунии обёрӣ дар Тоҷикистон

Нашр шудааст: 12 Май 2018