Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Табрикоти Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зафарбек ба ифтихори Рӯзи мелиораторон

Ҳозирини гиромӣ,

Муҳтарам ҳамкасбон

Агентӣ беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар соли ҷорӣ ҷиҳати таъмини иҷрои вазифаҳо оид ба пешбурди сиёсат дар соҳаи об, муташаккилона гузаронидани мавсими обдиҳӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, азхуд намудани заминҳои нави обёришаванда ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонидаанд.    

Имсол таҷлили 32 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-бузургтарин ва муқадастарин дастоварди таърихи навини тоҷикон ба ифтихори 30 юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар,  паради ҳарбӣ дар сатҳи баланди миллӣ ҷашн гирифтем. Инак, 32 сол мешавад, ки кормандони соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ, ҷашни касбии худ-Рӯзи мелиораторонро дар фазои Истиқлолият бо шукӯҳи хоса ва азму идроки қавӣ таҷлил менамоем.

Ба ҳукми таърих имрӯз мо амалӣ гардидани ормони ҳазорсолаи ниёгони хешро натанҳо мебинем, балки худамон давлате бунёд карда истодаем, ки алакай дар арсаи ҷаҳон мавқеъ ва эътибори худро ёфтааст.

Таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетикии кишвар ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат аз ҷумлаи чунин ҳадафҳо буда, аз ҳар як фарди баору номус кӯшишу заҳматҳои зиёдро талаб менамояд.

Тавассути талошҳои пайвастаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, имрӯз Тоҷикистон кишвари пешбарандаи равандҳои ҷаҳонии об эътироф гаштааст.

Барои мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихор аст, ки дар Иҷлосияи 27-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ доир ба тағйирёбии иқлим, ки санаи 14 декабри соли 2022 баргузор гардид, пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарафдории 153 давлатҳои аъзо дастгирӣ ёфта, соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва санаи 21-март Рӯзи байналмилалии пиряхҳо эълон гардид. Инчунин дар ҳамин ҷаласа дар назди ин созмони бонуфузи умумиҷаҳонӣ Фонди боэътимоди махсус барои ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд. Ҷонибдории ташаббусҳои инсондӯстона ва бунёдкоронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба об ва иқлим аз боло рафтани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

   Боиси қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани худ ба масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, ки барои беҳтар гардидани ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳдоштию экологии мардуми сайёра равона карда шудаанд, эътибори ҷиддӣ дода, дар ҳаллу фасли онҳо тадбирҳои мушаххас пешниҳод кардааст. Масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, махсусан масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои обӣ, дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва ҳолати беҳдоштӣ аз чунин ташаббусҳо ба ҳисоб мераванд. Инак, пешниҳоди мазкур ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки барои дар амал татбиқ намудани он дар СММ Қатъномаи махсус қабул гардидааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки мувофиқи қатъномаҳои аз тарафи СММ қабулгардида, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»  эълон гардиданд.

   Кормандони соҳа, бевосита дар баргузории  чорабинии мазкур ҳамчун мизбон фаъолона ширкат  намуда, саҳми босазои худро гузоштанд.

Дар таърихи навини давлатдории мо санаву рӯйдодҳои муҳиму хотирмон хеле зиёданд, аммо рӯзи соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як фарди кишварамон азизтарин санаи таърихӣ ба ҳисоб меравад. Ба шарофати ин неъмати бузург ва бо истифода аз таҷрибаи давлатдории ниёгон, фарҳанги волои тамаддунсоз ва хиради азаливу созандаи мардуми бошарафамон, мо тавонистем, ки давлати ҷавони худро асосгузорӣ кунем ва барои ободиву пешрафти он тамоми имкониятҳоямонро сафарбар созем.

Ҳозирони гиромӣ, ҳамкасбони азиз,

Агентии  беҳдошти замин ва обёрӣ ва сохторҳои он баҳри татбиқи амалии сиёсати созандагию бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои вазифаҳои дар назди соҳа гузоштаро бомаром идома дода истодаанд.        

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид гардид, ки тибқи маълумот 85 фоизи заминҳои корами кишвар обёрӣ карда мешаванд ва беш аз 90 фоизи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ аз ин ҳисоб таъмин мегардад, ки истифодаи зиёда аз 40 фоизи заминҳои обёришаванда аз кори пойгоҳҳои обкашӣ вобаста мебошад.                                                                              Обёрии заминҳои кишоварзӣ барои ба даст овардани амнияти озуқаворӣ дар кишвар аҳамияти муҳим дорад, зеро зиёда аз 74,5% аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ менамояд ва зиёда аз 80% қувваи қобили кории ин бахшро ташкил медиҳад.

Бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ҷиҳати зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва таҷдиду барқарорсозии иншооти обёрӣ эътибори аввалиндараҷа дода мешавад

Айни замон дар соҳа 4 адад Барномаҳои давлатии соҳавӣ аз ҷумла, Барномаи «Беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» бо арзиши 51,2 млн. сомонӣ,  барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» бо арзиши 372,6 млн сомонӣ,  барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027  ба маблағи 563,1 млн.сомонӣ ва  «Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» бо арзиши 889,67 млн. сомонӣ ва дар маҷмӯъ бо маблағгузории зиёда аз 1,5 млрд сомонӣ  татбиқ шуда истодаанд, ки барои беҳтар шудани инфрасохтори соҳа мусоидат карда истодаанд.

Дар сохторҳои Агентӣ 5675 нафар кормандон фаъолият менамоянд. Музди миёнаи моҳонаи кормандони соҳа дар ин давра 862 сомониро ташкил намуд, ки нисбати соли гузашта 103 сомонӣ зиёд мебошад.

Миробонро табиби замин мегӯянд, ки ин беҳуда нест. Маҳз бо кӯшишу заҳмат ва ғайрату матонати ҳамин мардони кор заминҳои кишоварзӣ ҳосилхез гашта, деҳқонон самараи хуб мерӯёнанд. Ин, албатта, асоси афзун гаштани файзу баракати дастурхони мардуми кишвар ва боз  ҳам ободтару зеботар гаштани Ватани маҳбубамонро ташкил медиҳад.

Дар давоми ин солҳо кормандони соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ, бо вуҷуди ҳама мушкилоту норасоиҳо, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар назди соҳа гузошташуда, ҷиҳати муташаккилона гузаронидани мавсими обдиҳӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, азхуд намудани заминҳои нави обёришаванда  ва корҳои ободониву созандагӣ камари ҳиммат баста, муташаккилона меҳнат намуданд. Сарсабзию хуррамии заминҳои кишоварзӣ ва нишоти деҳқонон аз ҳосили баланд маҳз самараи ҳамин меҳнату заҳматҳо мебошад.

Бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои саҳми арзанда, фаъолияти самаранок дар соҳа бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 августи соли 2023, №618 кормандони соҳа сардори Раёсати ҳавзавии беҳдошти замин ва обёрии Агентӣ Назифов Шафоат Гадоевич, сардори МД “Нақби обии Данғара” Одинаев Файзиддин, Сармуҳосиби Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд Рашидова Марҳабо, Сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Исфара Шомирсаидов Рустам ва Сардори шуъбаи  беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Худоёров Қурбонбек бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардонида шудаанд, ки нишонаи таваҷуҳи Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ мебошад.

Ҳозирони гиромӣ!

Бори дигар иди касбии соҳа Рӯзи мелиораторонро табрик гуфта, итминони комил дорам, ки Шумо тамоми қувваю ғайрат ва малакаи кори худро баҳри иҷрои бомуваффақияти вазифаю ҳадафҳои дар пешистода сафарбар намуда, бо ҳисси  баланди масъулиятшиносӣ баҳри рушди соҳаи мелиоратсия, ҳифзи захираҳои оби ҷумҳурӣ ва болоравии иқтисодиёти кишвар камари ҳиммат баста, ҳар лаҳзаву ҳар рӯз шукри соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ва зиндагии орому осударо ба ҷо меоред ва Истиқлолияти давлатии ватани азизамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ медоред.

Ба Шумо тансиҳатии комил, рӯзгори обод ва барори кор орзумандам.

Бори дигар Иди касбӣ муборак!

Нашр шудааст: 13 Сентябр 2023