Таҷлили Рӯзи мелиораторон дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 №753 «Дар бораи рӯзҳои ид» 13 сентябр ҳамчун Рӯзи мелиораторон қайд карда мешавад.
Бо ин мақсад имруз 13.09.2023 дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи кушод бо иштироки роҳбарон ва кормандону мутахассисони соҳа гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур Директори Агентӣ Давлатзода Зафарбек тамоми кормандони соҳаро ба муносибати иди касбӣ - Рузи мелиораторон табрику муборакбод намуданд. Дар фарҷом аз ҷониби роҳбарият як қатор мутахассисони фаъоли соҳа барои хизматхои шоиста дар рушди соҳаи бехдошти замин ва обёрӣ бо ифтихорномаҳои фахри мукофотонида шуданд.