Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Табрикоти Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ

Ҳамкорони азизу гиромӣ!

Ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи забони Ба тақвими иду ҷашнҳои миллӣ ворид шудани Рӯзи забони давлатӣ, яъне забони шиоронаву  шевои тоҷикӣ, ки онро устод Рӯдакӣ  «тараббахши руҳу фараҳафзои ҷон» номидааст, самимона табрик мегўям.

Забони тоҷикӣ - мероси бузурги ниёгони мо бо вуљуди  мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи  пайванди насли миллат  аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли  тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст.

Бинобар ин арҷгузори ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии  давлатдорӣ  ва фарҳангу маънавиёти халќамон нақши барҷаста дорад, вазифаи инсониву виҷдонии ҳар як фарди  бонангу номус ба ҳисоб меравад.

Забони давлатӣ, дар ҳақиқат, таҷассумгари таърихи миллати бостонии тоҷик мебошад.

Ҳуввияти миллӣ, фарҳанг ва оину суннатҳои  мардуми тоҷик  дар ҳама давру замонњо тавассути забон ҳифз мегардад.

Забон, инчунин воситаи муқтадири сарҷамъии миллат ва ҳамаи онҳоест, ки дар гўшаҳои гуногуни олам ҳастии онро пос медоранд.

Забон дар ҳамаи  давру замонҳо рукни давлатдорӣ  буд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори раванди сиёсию фарҳангӣ- баланд бардоштани мақоми забон дар ҷамъият, фароҳам овардани шароит барои тадбирҳои  давлат оид  ба амали намудани  сиёсати забон  ва рому усулмои иҷрои онҳо мебошанд.

Китоби Сарвари давлат «Забони миллат-ҳастии миллат» марҳилаи тозаи хидмат дар соҳаи забон мебошад, ки дар он Пешвои муаззами Мо дар асоси тамлили зиёд ба масъаламои баҳсноки  давраҳои ќадим ва  миёнаи забони тоҷикӣ рушани андохтааст.

Ҳоло барои рушду инкишофи забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст ва тамоми асноди қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тољикӣ таҳия мегарданд ва рӯзномаву маҷаллаҳо, китобҳои дарсиву таълимӣ, оммавию бадеӣ ба забони давлатӣ ба нашр мерасанд.

Ба шарофати соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ мисли давлати миллиамон дубора эҳё гардида, имрӯз дар тамоми қаламрави кишвар мақоми шоиста пайдо намудааст.

Дар натиҷа ин санаи муборак дар қатори пурифтихортарин ҷашнҳои Ватани азизамон қарор дошта, мо онро мисли дигар муқаддасоти миллии худ гиромї ва муътабар медонем ва ба сифати нишонаи ҳастии миллат чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.

Бори дигар ҳамаи Шуморо бо ин Рӯзи Саид аз самими қалб табрику муборакбод намуда тансиҳатӣ, хушбахтӣ, рӯзгори босаодат ва дар корҳоятон комёбиҳои беназир орзумандам.

Нашр шудааст: 04 Октябри 2019