Баргузории Ҷаласаи ҳайати мушовара “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои зертобеи Агентӣ дар нимсолаи аввали соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи оянда
Имруз, 7 июли соли 2023 дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи ҳайати мушовара “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои зертобеи Агентӣ дар нимсолаи аввали соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи оянда баргузор гардид.
Дар ҷаласа директори Агентӣ Давлатзода Зафарбек, муовини сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Лашкар, муовини якуми директори Агентӣ Зарифзода Хуршед, муовинони директори Агентӣ Зуҳурзода Баҳрулло ва Сафарзода Алим, инчунин роҳбарони раёсату шуъба ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Агентӣ ширкат варзиданд.
Нахуст Директори Агентӣ ҷаласаро кушода эълон намуда, барнома ва сархати мавзӯъҳои баррасишавандаро ба самъи иштирокдорон расонид. Сипас тибқи барномаи ҷаласа муовини директор Зуҳурзода Баҳрулло натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои зертобеи Агентиро дар давраи нимсолаи аввали соли 2023 мавриди таҳлил қарор дода, диққати ҷиддиро ба истифода бурдани тамоми имкониятҳо ҷиҳати таъмини пурра ва саривақтии оби полезӣ ба хоҷагидорон дар мавсими обёрии соли 2023 равона намуда, қайд намуданд, ки соли ҷорӣ корҳои омодасозии шабакаҳои обёрӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №133 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023” ба роҳ монда шуда, иншоотҳо дар муҳлатҳои муқарраргардида ба мавсими обёрӣ омода карда шуданд.
Инчунин дар ин давра дар доираи нақшаи чорабиниҳои тирамоҳу зимистона шуршӯйкунии 6785 гектар ва обмонии захиравии 70073 гектар заминҳои кишоварзӣ ба иҷро расонида шуд, ки дар натиҷа ҳолати мелиоративии заминҳо беҳтар гардонида шуданд.
Соли ҷорӣ Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар миқёси ҷумҳурӣ бо 55280 истифодабарандагони об, дар майдони 548273 гектар шартнома ба имзо расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 288 гектар зиёд мебошад.
Тибқи дархост ва талабот ба истифодабарандагони об дар ин давра дар ҳаҷми 2,08 млрд. м3 об расонида шудааст, ки мутаносибан нисбати ҳамин давраи соли гузашта дар ҳаҷми 32,2 млн.м3 об зиёд мебошад.
Пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ, омили асосии рушди соҳа ба ҳисоб рафта, барои дар мӯҳлатҳои муайян омода намудани шабакаҳои обёрӣ ба мавсими обдиҳӣ ва таъмин намудани истифодабарандагон бо оби обёрӣ мусоидат менамояд. Аз ҷониби истифодабарандагони об дар ин давра ба маблағи 28,9 млн. сомонӣ, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 420,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт карда шудааст. Аз ҷумла дар вилоятҳои Хатлон 16,1 млн.сомонӣ, Суғд 10,0 млн. сомонӣ, ноҳияҳои тобеи марказ 2,8 млн. сомонӣ ва ВМКБадахшон 8,4 ҳазор сомонӣ.
Новобаста аз он, ки пардохти маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ нисбат ба солҳои гузашта зиёд гардида бошад ҳам, қарз аз ин ҳисоб дар назди Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ба ҳолати 1 июли соли 2023 бо дарназардошти солҳои пешин 168,4 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин омил боиси афзоиш ёфтани қарзҳои дебиторию кредитории ташкилоту идораҳои Агентӣ мегардад.
Бо мақсади рӯёнидани маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ аз ҷониби Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ба мақомоти суду прокуратура маводҳо пешниҳод карда мешаванд. Дар ин давра бо ин мақсад ба маблағи 32,3 млн. сомонӣ мавод пешниҳод гардида, аз ин ба маблағи 6,6 млн. сомонӣ рӯёнида шудааст ва боқимонда ба маблағи 25,7 млн. сомонӣ маводҳо дар ҳолати баррасӣ қарор доранд.
Истифодаи нерӯи барқ дар шаш моҳи соли ҷорӣ 622,1 млн. кВт/соатро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,8 млн. кВт/соат зиёд ва арзиши барқи истифодашуда дар ин давра 62,5 млн. сомонӣ, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад, ташкил медиҳад. Пардохти истифодаи нерӯи барқ дар давраи ҳисоботӣ 16,3 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади азнавсозӣ ва барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ ва инчунин бо таҷҳизотҳои муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани онҳо аз ҷониби мутахассисони Агентӣ лоиҳаи «Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосири каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.
Баҳри иҷрои яке аз вазифаҳои муҳими соҳа, яъне беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, соли 2023 дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018 таҳти №374 ва фармоиши Агентӣ аз 8 январи соли 2019, №2 беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 9602 гектар заминҳои кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ ҳолати мелиоративии 4589 гектар заминҳо беҳтар гардонида шудааст.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023, №186 “Дар бораи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” дар соли 2023 гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии 18963 метр пешбинӣ карда шуда, дар натиҷаи гузаронидани корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар давраи ҳисоботӣ ба дарозии 11649 метр корҳо иҷро гардиданд.
Қобили зикр аст, ки бо мақсади васеъ намудани майдони заминҳои обёришаванда дар доираи “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2022, №90 тасдиқ гардидааст, корҳо ҷараён дорад.
Тибқи нақшаи Барномаи мазкур соли ҷорӣ азхуд намудани 1547 гектар заминҳои нави обёришаванда ба нақша гирифта шуда, дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби заминҳои чарогоҳ ва заминҳои ғайрикишоварзӣ 171,69 гектар заминҳои нав азхуд карда шуда, корҳо дар ин самт идома дорад.
Мувофиқи рӯйхати иншоотҳои сохтмони асосӣ дар соли 2023 аз ҳисоби маблағҳои муттамарказ корҳо барои беҳтар намудани таъминоти оби 3620 гектар заминҳо, азхудкунии 240 гектар заминҳои нав, парма намудани 1 чоҳи амудӣ ва ба дарозии 0,90 км гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба иҷро расонида шуда, иҷрои чунин корҳо идома дорад.
Созмондиҳӣ ва рушди ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) дар доираи ислоҳоти соҳаи об идома дорад.
Тибқи ҳисоботҳо ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 353 адад АИО фаъолият доранд, ки ба майдони 417323 гектар заминҳои обёришаванда хизматрасонӣ менамоянд. Аз ҷумла дар вилоятҳои Суғд 183 адад АИО ба майдони 188769 гектар, Хатлон 137 адад АИО ба майдони 204040 гектар, ВМКБ 10 адад АИО ба майдони 1646 гектар, минтақаи Ҳисор 6 адад АИО ба майдони 5975 гектар ва минтақаи Душанбе 17 адад АИО ба майдони 16892 гектар хизмат расонида истодаанд.
Ба воситаи нақлиёти боркаш дар ин давра 58,5 ҳазор тонна борҳои хоҷагии халқ кашонида шуда, тавассути механизмҳои заминкан дар ҳаҷми 3395,9 ҳаз.м3 корҳо ба анҷом расонида шудааст.
Ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ шумораи кормандони соҳа 5753 нафарро ташкил дода, аз он дар соҳаи истифодабарӣ 5658 нафар ва дар сохтмон 95 нафар кор ва фаъолият намуда истодаанд. Музди миёнаи моҳонаи кормандон дар ин давра 831 сомониро ташкил медиҳад.
Таъмини иҷрои ҳамаҷонибаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» дар мадди назари Роҳбарияти Агентӣ қарор дошта, нисбат ба муроҷиатҳои шаҳрвандон тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодаанд. Шаҳрвандон асосан ба масъалаҳои таъмин намудани онҳо бо оби нӯшокӣ ва обёрӣ, расонидани кӯмаки моддӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, барқарорсозӣ ва тозакунии шабакаҳои обёрӣ, заҳбуру заҳкашҳо ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаётӣ муроҷиат намудаанд, ки тибқи талаботи қонуни мазкур аз ҷониби масъулини Агентӣ сари вақт ҳаллу фасл шуда истодаанд.
Қабули шаҳрвандон ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба муроҷиат аз ҷониби кормандони масъули Агентӣ дар доираи салоҳият ва ваколат арзёбӣ карда мешаванд.
Инчунин ҳисоботҳо оид ба фаъолият дар 6 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби роҳбарони Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд Абдуллозода Аминҷон, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон Собирзода Мирзо, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Душанбе Муродалиев Комилҷон, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Ҳисор Қурбонзода Мирзомуддин ва Шуъбаи беҳдошти замин ва обёрӣ дар ВМКБ Худоёров Қурбонбек шунида шуд.
Дар қисмати охири ҷаласа аз ҷониби ҳайати мушовара масъалаҳои рузмараи соҳа баррасӣ гардида, ҷиҳати бартараф намудани онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, масъулин дар нимсолаи оянда муваззаф гардиданд, ки:
- бо истифода аз захира ва имконоти мавҷуда таъмини иҷрои пурраи нақшаи “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”;
- таъмини иҷрои пурраи нақшаи Барномаи сармоягузорӣ барои бо таҷҳизотҳои муосири каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027;
- таъмини иҷрои нақшаи беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо;
- андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати коҳиш додани хатари селу обхезиҳо ва таъмини бехатарии аҳолӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва заминҳои кишоварзӣ аз таъсири зиёновари онҳо;
- амалӣ намудани талаботҳои ба Агентӣ дахлдори қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №142 “Дар бораи солимгардонии вазъи иқтисодию молиявии низоми беҳдошти замин, обёрӣ ва энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
- амалӣ намудани тадбирҳои судманд якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва инчунин базаи моддӣ-техникии ташкилотҳои соҳа;
- таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи «Барномаи беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ барои солҳои 2024-2028»;
- ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш бо Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба таври лозима маблағгузорӣ намудани Барномаҳои давлатии қабулгардида вобаста ба соҳа.
Назорати иҷрои супоришҳои мазкур ба зиммаи муовинони Директор ва дигар масъулин вогузор карда шуд.