Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Баргузории Ҷаласаи Ҳайати Мушовара “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои зертобеи Агентӣ"

Имрӯз дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи Ҳайати Мушовара “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои зертобеи Агентӣ  дар семоҳаи аввали соли 2024 ва вазифаҳо барои семоҳаи минбаъда баргузор гардид.

Дар ҷаласа директори Агентӣ Давлатзода Зафарбек, муовини якуми директори Агентӣ Зарифзода Хуршед, муовинони директори Агентӣ Зуҳурзода Баҳрулло ва Сафарзода Олим, инчунин роҳбарони раёсату шуъба ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Агентӣ ширкат варзиданд. 

Нахуст Директори Агентӣ ҷаласаро кушода эълон намуда, барнома ва сархати мавзӯъҳои баррасишавандаро ба самъи иштирокдорон расонид. Сипас тибқи барномаи ҷаласа муовини Директори Агентӣ Зуҳурзода Баҳрулло натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои зертобеи Агентиро дар семоҳаи аввали соли 2024 мавриди таҳлил қарор дода, қайд намуданд, ки Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар семоҳаи аввали соли 2024 ҷиҳати иҷрои вазифаҳо оид ба таъмини истифодабарандагон бо оби обёрӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, азхуд намудани заминҳои нави обёришаванда, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ корҳои муайянеро анҷом додааст.

Дар ин давра дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №125 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024” корҳои омодасозии шабакаҳои обёрӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда ба роҳ монда шуда, нақшаҳои тоза намудани шабакаҳои обёрӣ 2724 ҳазор м3 (95%), заҳбуру заҳкашҳо 1943 ҳазор м3 (99%), таъмири иншоотҳои гидротехникӣ 747 адад (96%), бинои пойгоҳҳои обкашӣ 33 адад (72%), дастгоҳҳои обкашӣ 817 адад (95%), чоҳҳои амудӣ 97 адад (100%), зеристгоҳҳои барқӣ 180 адад (100%), трансформаторҳо 315 адад (99%), сулулҳо 1006 адад (95%), хатҳои барқӣ 102,7 км (100%), танзими сарбандҳо ба маблағи 784 ҳазор сомонӣ (38%) ва ҷиҳати иҷрои корҳо 16 механизм фаъолият намуда, дар натиҷа иншоотҳо ба мавсими обёрӣ омода карда шуданд.

Соли ҷорӣ идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар миқёси ҷумҳурӣ бо 57367 истифодабарандагони об, дар майдони 478691 гектар шартнома ба имзо расонида, дар ин самт корҳо идома доранд.

Тибқи дархост ва талабот ба истифодабарандагони об дар ин давра  дар ҳаҷми 14,9  млн. м3 бо арзиши 710,1  ҳазор сомонӣ об расонида шудааст.

Пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ, омили асосии рушди соҳа ба ҳисоб рафта, барои дар мўҳлатҳои муайян омода намудани шабакаҳои обёрӣ ба мавсими обдиҳӣ ва таъмин намудани истифодабарандагон бо оби обёрӣ   мусоидат менамояд.

Бинобар сабаби гузаронидани чорабиниҳо вобаста ба ҷорӣ намудани низоми биллингӣ ва пардохти ғайринақдии маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷараёни пардохти маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ каме ба таъхир афтода, дар маҷмуъ аз ҷониби истифодабарандагони об дар ин давра ба маблағи 4789,7 ҳазор сомонӣ, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6325,1 ҳазор сомонӣ кам  мебошад,  ҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт карда шудааст. Аз ҷумла дар вилоятҳои Хатлон 2955,1 ҳазор сомонӣ, Суғд 843,4 ҳазор сомонӣ ва ноҳияҳои тобеи марказ 991,2 ҳазор сомонӣ.

Аз сабаби саривақт пардохт нагардидани маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ қарзи обистифодабарандагон дар назди идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ба ҳолати 1 апрели соли 2024 бо дарназардошти солҳои пешин 185,9 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин омил боиси афзоиш ёфтани  қарзҳои дебиторию  кредитории ташкилоту идораҳои Агентӣ гардидааст.

Бо мақсади рўёнидани маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ аз ҷониби идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ба мақомоти суду прокуратура маводҳо пешниҳод карда мешаванд. Дар ин давра бо ин мақсад ба маблағи 20,3 млн. сомонӣ мавод пешниҳод гардида, аз ин ба маблағи 6,5 млн. сомонӣ рўёнида шудааст ва боқимонда ба маблағи 13,8 млн. сомонӣ маводҳо дар ҳолати баррасӣ қарор доранд.

Истифодаи нерўи барқ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 13,5 млн. кВт/соатро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,6 млн. кВт/соат кам мебошад. Арзиши барқи истифодашуда дар ин давра ба 3,1 млн. сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9 млн. сомонӣ кам ва пардохти истифодаи нерўи барқ 5,7 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Қарзи корхонаҳои зертобеи Агентӣ дар ин давра аз ҳисоби истифодаи нерўи барқ дар назди ШСХК «Барқи Тоҷик» 95,1 млн. сомониро ташкил дод.

Баҳри иҷрои яке аз вазифаҳои муҳими соҳа, яъне беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, соли 2024 дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2024 таҳти №137 ва фармоиши Агентӣ аз 14 марти соли 2024 беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 9811 гектар заминҳои кишоварзӣ бо маблағи 10302 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ ба маблағи 2070 ҳазор сомонӣ (20%) ҳолати мелиоративии 2156 гектар (22%) заминҳо беҳтар гардонида шудааст. Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ ба маблағи 811,0 ҳазор сомонӣ майдони 1016 гектар, буҷети маҳаллӣ бо маблағи 183,0 ҳазор сомонӣ  майдони 252 гектар, аз ҳисоби  хоҷагиҳои деҳқонӣ бо маблағи 394,0 ҳазор сомонӣ майдони 487 гектар замин ва аз ҳисоби  лоиҳаҳо бо маблағи 682,0 ҳазор сомонӣ майдони 401 гектар ҳолати мелиоративии заминҳо беҳ гардонида шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023, №186 “Дар бораи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” дар соли 2024 гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба маблағи 86179,5 ҳазор сомонӣ ба дарозии 36065 метр, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети муттамарказ ба маблағи 9380 ҳазор сомонӣ ба масофаи 4800 метр, аз ҳисоби маблағҳои ғайри буҷетӣ ба маблағи 62660 ҳазор сомонӣ ба масофаи 20470 метр, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 12711 ҳазор сомонӣ ба масофаи 8541 метр ва аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ ба маблағи 1428,5 ҳазор сомонӣ ба масофаи 2254 метр пешбинӣ карда шудааст.

 Дар натиҷаи гузаронидани корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 969,6 ҳазор сомонӣ (1%) ба масофаи 2060 метр (6%), аз ҷумла аз ҳисоби буҷети муттамарказ ба маблағи 453,8 ҳазор сомонӣ  ба масофаи 70 метр, буҷети маҳаллӣ ба маблағи 90,0 ҳазор сомонӣ ба масофаи 50 метр, аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ  ба маблағи 177,4 ҳазор сомонӣ ба масофаи 604 метр, аз ҳисоби манбаъҳои ғайрибуҷетӣ ба маблағи 126,0 ҳазор сомонӣ ба масофаи 40 метр ва ба тариқи ҳашар ба маблағи 122,4 ҳазор сомонӣ ба масофаи 1296 метр корҳо иҷро гардида, дар ин самт фаъолият идома дорад.

Қобили зикр аст, ки  бо мақсади васеъ намудани майдони заминҳои обёришаванда дар доираи “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2022, №90 тасдиқ гардидааст, корҳо ҷараён дорад.

Тибқи нақшаи Барномаи мазкур соли ҷорӣ азхуд намудани 3410 гектар заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии 900 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда пешбинӣ шудааст. Ҷараёни иҷрои барномаи мазкур ҳамасола то санаи 1 феврал мониторинг карда мешавад.

Инчунин Агентӣ «Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосири каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2023, №296 тасдиқ гардидааст, татбиқ намуда истодааст, ки тибқи қарори мазкур ҳар сол то санаи 10 феврал раванди иҷроиши барнома натиҷагирӣ мегардад.

Созмондиҳӣ ва рушди ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) дар доираи ислоҳоти соҳаи об идома дорад.

Тибқи ҳисоботҳо ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 242 адад АИО фаъолият доранд, ки ба майдони 460623 гектар заминҳои обёришаванда хизматрасонӣ менамоянд.  Аз ҷумла дар вилоятҳои Суғд 94 адад АИО ба майдони 227265 гектар, Хатлон 121 адад АИО ба майдони 208616,6  гектар,  ВМКБ 10 адад АИО ба майдони 1646,9 гектар, минтақаи Ҳисор 3 адад АИО ба майдони 6045 гектар ва минтақаи Душанбе 14 адад АИО ба майдони 17049,5 гектар хизмат расонида истодаанд.

Ба воситаи нақлиёти боркаш дар ин давра 1834 ҳазор тонна борҳои хоҷагии халқ кашонида шуда, тавассути механизмҳои заминкан дар ҳаҷми 45,3 ҳаз.м3 корҳо ба анҷом расонида шудааст.

Ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ шумораи кормандони соҳа 5958 нафарро ташкил дода, аз он  дар соҳаи истифодабарӣ 5834 нафар ва дар сохтмон 124 нафар кор ва фаъолият намуда истодаанд. Музди миёни моҳонаи кормандон дар  ин давра 780 сомониро ташкил медиҳад.

Таъмини иҷрои ҳамаҷонибаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» дар мадди назари Роҳбарияти Агентӣ қарор дошта, нисбат ба муроҷиатҳои шаҳрвандон тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодаанд. Шаҳрвандон асосан ба масъалаҳои таъмин намудани онҳо бо оби нўшокӣ ва обёрӣ, расонидани кўмаки моддӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, барқарорсозӣ ва тозакунии шабакаҳои обёрӣ, заҳбуру заҳкашҳо ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаётӣ муроҷиат намудаанд, ки тибқи талаботи қонуни мазкур аз ҷониби масъулини Агентӣ сари вақт ҳаллу фасл шуда истодаанд.

Қабули шаҳрвандон ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба муроҷиат аз ҷониби кормандони масъули Агентӣ дар доираи салоҳият ва ваколат арзёбӣ карда мешаванд.

Ба ҳолати 1 апрели  соли ҷорӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 253 адад, аз ҷумла 1 адад Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 адад Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 адад фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 адад Нақшаи чорабиниҳои супоришҳои Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, 33 адад қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 адад қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 адад Протоколи маҷлиси машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 адад Протоколҳои маҷлисҳои машваратии назди Сарвазир ва муовинони Сарвазири  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  28 адад Нусха аз Протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 адад Нусха аз Протоколҳои маҷлиси раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 164 адад супоришҳои гуногуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидааст. Дар ин давра 465 адад амру фармон, супоришу дархостҳо иҷро гардида, дигар аснод дар ҳолати корбарӣ ва иҷронамоӣ қарор доранд.

Инчунин дар ин давра аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 35 адад аризаҳои хаттӣ дохил гардид, ки 23 адади он ҳалли худро ёфта, боқимонда дар ҳолати баррасӣ қарор доранд.

Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо дар мадди назар ва мавриди иҷрои масъулини Агентӣ қарор доранд. Ҳамзамон дар ин давра аз ҷониби Дастгоҳи Марказии Агентӣ ба корхонаву идораҳои зертобеъ 28 адад фармоишҳои қабулгардидаи Агентӣ ирсол гардида, 21 адади он иҷро гардида раванди иҷрои дигар фармонҳо таҳти назорат қарор доранд.

Муовини Директор сухани худро бо ёдрас намудани мушкилоти мавҷуда хотима дода, дарҷ намуданд, ки дар баробари пешрафт дар фаъолияти Агентӣ ва сохторҳои он норасоӣ ва мушкилоти зиёде ҷой доранд, ки ҳалли онҳо барои рушди соҳа мусоидат менамояд.

Тибқи нақша ба таври зарурӣ ҷудо нагардидани маблағҳо барои иҷроиши Барномаҳои давлатии бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида, нокифоя будани маблағҳо барои нигаҳдошти саддҳову обгардонҳо ва дигар иншооти зидди обхезии мавҷуда, ки аксари онҳо фарсуда ва корношоям гашта, қисме аз онҳо пурра хароб гардидаанд, кўҳна ва фарсуда гардидани бино ва иншооти соҳа,  ба таври ҷиддӣ эҳсос кардани норасогии техникаву механизмҳои муосири замонавӣ, саривақт пардохт нагардидани маблағи ҳаққи хизмати обрасонӣ, номгўи нопурраи мушкилотҳои ҷойдошта мебошанд.

Дар ҷараёни ҷаласа инчунин ҳисоботҳои раёсату шуъбаҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояту, минтақа ва шаҳру ноҳияҳо шунида шуда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар фарҷом аз ҷониби Ҳайати Мушовара барои беҳбудии фаъолияти соҳа пешниҳоду таклифҳои зерин пешниҳод карда шуд:

- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо якҷо бо идораҳои давлатии бехдошти замин ва обёрӣ ҷиҳати сари вақт пардохт намудани маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ ва мақсаднок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ маҳаллии барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо пешбинӣ гардида, чораҳои зарурӣ андешанд;

- бо мақсади дуруст ба роҳ мондани фаъолияти Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) механизми ба онҳо вобаста кардани шабакаҳои обёрии дохилихоҷагӣ, таъсис додани базаи моддӣ-техникӣ барои дастгирии онҳо  ҳаллу фасл карда шавад;

- бо мақсади гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, барқарор намудани қубурҳои баландфишори системаҳои ирригатсионӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ, барқарор намудан ва сохтмони иншоотҳои обёрии соҳа Агентӣ ба техникаҳои гуногунтамғаи замонавӣ, механизм ва мошинҳо эҳтиёҷот дорад ва ҷудо намудани маблағро барои хариди онҳо дар қатори дигар Барномаҳои қабулгардидаи соҳавӣ ҳамчун яке аз афзалиятҳои соҳавӣ арзёбӣ карда мешавад.

Ҳамзамон ҷиҳати иҷрои босифат ва саривақтии вазифаҳои дар назди соҳа  гузошташуда масъулин муваззаф гардиданд, ки ҳадафҳои зеринро амалӣ намоянд аз ҷумла:

- таъмини иҷрои босифат ва саривақтии нақшаи барномаҳои соҳавӣ аз ҷумла “Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027”, “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”, «Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосири каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027»;

- Бо назардошти таклифу пешниҳодҳои вазорату идораҳои дахлдор барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи “Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028”;

- андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати коҳиш додани хатари селу обхезиҳо ва таъмини бехатарии аҳолӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва заминҳои кишоварзӣ аз таъсири зиёновари онҳо;

- якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани тадбирҳои судманд вобаста ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва инчунин базаи моддӣ-техникии ташкилоти соҳа.

Нашр шудааст: 12 Апрел 2024