Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Варақаи иттилоотӣ вобаста ба баргузории нишасти матбуотӣ дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

     Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он баҳри татбиқи амалии сиёсати созандагию бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои вазифаҳои дар назди соҳа гузошта оиди бо оби обёрӣ таъмин намудани  кишоварзон ва дигар истифодабарандагон, азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаш моҳи соли равон корҳои муайянеро анҷом додаанд.

Бо мақсади бо оби обёрӣ таъмин намудани истифодабарандагони об дар мавсими обдиҳии соли ҷорӣ  идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар майдони 548273 гектар (100 фоизи нақша) бо 62540 истифодабарандагони об шартномаи  доду  гирифти  обро  ба  имзо  расонида,  ба  онҳо ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ  дар   ҳаҷми 2,1 млрд.метри мукааб (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 32,2 млн.метри мукааб зиёд), бо арзиши 40,1 млн.сомонӣ (нисбати ҳамин давраи соли гузашта  479,8 ҳазор сомонӣ зиёд) хизмати обрасонӣ намуданд.

     Аз ҷониби истифодабарандагони об дар ин давра ба маблағи 28,9 млн.сомонӣ ё ин ки ба андозаи 72 фоизи арзиши оби додашуда ҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 420,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ҷумҳурӣ бо истифодаи то 7,78 млн. кВт/соат нерӯи барқ дар як шабонарӯз то  405 адад дастгоҳҳои обкашӣ ва то 54 адад чоҳҳои амудӣ фаъолият намуда, заминҳои кишоварзиро бо оби обёрӣ таъмин  карда истодаанд.

Ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ бо истифодаи 622,1 млн.кВт/соат нерӯи барқ (бо арзиши он  62,4 млн.сомонӣ) дар ин давра 2,45 млрд. метри мукааб об бароварда шудааст.

Хароҷоти хоси нерӯи барқ барои баровардани 1 метри мукааб об дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 0,281  кВт/соатро ташкил дод.

Дар ин давра нерӯи барқи истифодашуда ба маблағи 16,3 млн. сомонӣ пардохт гардидааст.

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, № 142 «Дар бораи тадбирҳои солимгардонии низоми беҳдошти замин, обёрӣ ва энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон » аз ҳисоби маблағҳои депозитии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 467,2 млн.сомонӣ барои танзими уҳдадориҳои молиявӣ дар назди Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ»  ҷудо карда шуд.

Қарзи идораҳои зертобеи Агентӣ аз қувваи барқи  истифодашуда   дар назди ШСК «Барқи Тоҷик» дар 6 моҳи соли ҷорӣ 46,16 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки сабаби пайдоиш ва болоравии он паст будани тарифи ҳаққи хизмати обрасонӣ ва пайваста баланд гардидани тарифҳои нерӯи барқ мебошад.

Бо вуҷуди он, ки идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ  ӯҳдадориҳои шартномавии худро дар назди истифодабарандагони об оиди таъминот бо оби обёрӣ пурра иҷро карда бошанд, ҳам вале обистифодабарандагон, хусусан хоҷагиҳои кишоварзӣ ҳаққи хизмати обрасониро сари вақт ва бо ҳаҷми пурра пардохт намекунанд, бинобар ин қарздорӣ аз ҳисоби  ҳаққи хизмати обрасонӣ афзоиш ёфта, бақияи он бо дарназардошти солҳои пеш 168,3 млн. сомониро ташкил менамояд, ки ин дар навбати худ боиси афзоиши қарзҳои кредиторӣ, аз ҷумла қарзи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳамаи намуди андозҳо гардидааст.

Бо мақсади рӯёнидани маблағи қарз аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти Суди иқтисодӣ ва Прокуратура аз ҷониби Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии вилоятҳо ва минтақаҳо ба маблағи 32,3 млн. сомонӣ ҳуҷҷат ва аризаҳои даъвогӣ пешниҳод гардида, аз ин ба фоидаи идораҳои беҳдошти замин ва обёрӣ ба маблағи 6,58 млн.сомонӣ рӯёнида шудааст, боқимонда  ба маблағи 25,7  млн.сомонӣ дар арафаи баррасӣ қарор доранд.

 Соли равон барои иншооти сохтмони асосии Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети мутамарказ 17,1 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардида, бо ин маблағ азхуд намудани 240 га заминҳои нав, беҳтар намудани таъминоти об дар 3620 га заминҳо, соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии 0,9 км, парма кардани 1 адад чоҳи амудӣ ва кашидани қубури обгузар ба дарозии 1,6 км ба нақша гирифта шудааст.

Дар шаш моҳи соли равон дар иншоотҳои сохтмони асосӣ ба маблағи 8,26 млн.сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба иҷро расонида шудааст. Корҳо дар ин самт идома доранд.

Айни замон дар соҳа чор барномаи давлатӣ татбиқ шуда истодааст, ки соли равон аз ҷониби Агентӣ ду адад лоиҳаи Барномаҳо омода карда шуда барои барраси ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023, №186 дар бораи “Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2023, №296 дар бораи “Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” қабул карда шудааст.

 Дар доираи Барномаи «Беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» соли равон беҳтар гардонидани ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии 9602 гектар замин ба маблағи 10,0 млн.сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дар  6 моҳи соли равон аз ҷониби идораҳои  зертобеи Агентӣ ба маблағи 7,3 млн.сомонӣ (72 фоизи нақшаи солона) корҳои мелиоративӣ ба анҷом расонида, ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии 5358 гектар заминҳо (56 фоизи нақшаи солона)  дар миқёси шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ беҳтар карда шудааст.

Тибқи «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» соли ҷорӣ азхуд кардани 1547 гектар заминҳои нав ва  барқарорсозии 480 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба нақша гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар доираи барномаи мазкур 159,7 га заминҳои нав азхуд карда шуда,  аз ҳисоби заминҳои боир ва холимонда 72,8 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст ва дар маҷмӯъ 232,5 гектар  замин ба истеҳсолоти кишоварзӣ ҷалб карда шудааст.

  Дар доираи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 соли 2023 гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба маблағи 50,77 млн. сомонӣ ба дарозии 18963 метр пешбинӣ гардида, дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаҳо ба маблағи 1,4 млн.сомонӣ ба дарозии 11649,0 метр корҳо иҷро гардидааст. Барои гузаронидани мавсими селоб ва обхезиҳои дар пешистода дар мавзеҳои осебпазири ҷумҳурӣ  2766 адад тахтасангҳои оҳану бетонӣ васл карда шуда, 10565 адад тахтасангҳои оҳану бетонӣ захира карда шудааст. Корҳо дар ин самт идома доранд.

Барои дастгирии соҳаи обёрӣ дар назди Агентӣ се лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо маблағи умумии 135,3 млн.доллари ИМА татбиқ шуда истодааст, ки барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва таъмиру барқарорсозии иншооти обёрӣ ва инфрасохтори он равона карда шудаанд.

Азхудкунии маблағҳо дар давраи ҳисоботӣ 7,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба танзим ва дастгирии Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати устувор намудани фаъолияти АИО корҳои фаҳмондадиҳиро бурда истодаанд.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 353 адад Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об фаъолият менамояд, ки  ба 417,5 ҳазор гектар ё ин ки 53 фоизи заминҳои обёришавандаи ҷумҳурӣ хизмат мерасонанд.

Дар давраи ҳисоботӣ барои ба низом даровардани корҳои назоратӣ ва пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуш оиди муҳофизати меҳнат, ҳаракати роҳ, техникаи бехатарӣ ва муҳофизат аз сухтор нақшаи чорабиниҳо ва фармону дастурамалҳои Агентӣ ба идораю корхонаҳои зертобеъ равона карда шуда, иҷрои он таҳти назорати қатъӣ гирифта шудааст, дар ин давра ягон ҳодисаи нохушӣ истеҳсолӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Имрӯз дар сохторҳои Агентӣ 5753 нафар кормандон, аз ҷумла дар соҳаи истифодабарӣ  5658 ва дар сохтмон  95  нафар бо музди миёнаи моҳонаи 831 сомонӣ фаъолият намуда истодаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Агентӣ 72 адад арзу шикоятҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва 32 адад муроҷиатҳои шифоҳӣ ворид гардида, 94 адади он ҳалли худро ёфта, ба муаллифон ҷавоб гардонида шуданд ва  10 адади он дар ҳолати баррасӣ қарор доранд.

Қабули шаҳрвандон ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба муроҷиати онҳо аз ҷониби кормандони масъули Агентӣ тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар доираи салоҳият ва ваколат арзёбӣ карда мешаванд.

Дар ин давра ба дастгоҳи марказии Агентӣ 988 адад асноди гуногун, аз ҷумла 461 адад аснод аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дохил гардида, қисмати зиёди онҳо ба иҷро расонида шудааст.

Аз ҷониби Агентӣ оид ба иҷрои аснод ба ташкилотҳои болоӣ ва корхонаву идораҳои зертобеъ 945  адад аснод ва 61  адад Фармоишҳои қабулгардидаи Агентӣ ирсол гардидааст.

Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мадди назар қарор дошта оид ба иҷрои онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Вазифаҳои муҳимтарини Агентӣ барои нимсолаи дуюми соли 2023 муташаккилона гузаронидани мавсими обёрӣ, таъмин намудани нақшаҳои азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати коҳиш додани хатари селу обхезиҳо ва таъмини бехатарии аҳолӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва заминҳои кишоварзӣ аз таъсири зиёновари онҳо, андешидани тадбирҳои зарурӣ якҷо бо вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурӣ ҷиҳати ба таври лозима маблағгузорӣ намудани Барномаҳои давлатии қабулгардида вобаста ба соҳа мебошанд.

 

Маркази                 матбуотӣ

 

Нашр шудааст: 28 Июл 2023