Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Саҳифаи асосӣ / Бартараф намудани хавфи офатҳои табии марбут ба об

Бартараф намудани хавфи офатҳои табии марбут ба об

Корхои сохилмустахкамкуни

Точикистон бо сабаби мамлакати кўхсор буданаш мунтазам дучори офатхои табии мегардад. Дар худуди чумхури 947 дарё ва 276 адад сойхо бо дарозии умумии ќариб 30 хазор километр мавчуданд, ки аксарашон дарёхои хатарангез ба хисоб мераванд. Ин захираи бузурги оби баробари фоида ба мамлакат хамасола хисороти калони молиявию чони мерасонад. Хар сол дар мавсими бахору тобистон обшавии бошиддати барфу пиряххо ва боришоти зиёд боиси обхези, ярч ва омадани сел шуда, дар натича ба иншоотхои мухими хочагии халќ зарари калон мерасонад.

Минтаќахое, ки ба селхо нисбатан зиёд дучор мешаванд, хавзахои дарёхои Панч, Вахш, Сурхоб, Ёхсу, Ќизилсу, Варзоб, Кофарнихон, Хонаќо, Ќаратоѓ, Зарафшон,  Исфара ва сойхои калони нохияхои Кўлоб, Балчувон, Темурмалик, Шамсиддин Шохин, Шўрообод, Деваштич, Ашт, Спитамен, Панчакент, Шахристон ва дигарон ба хисоб мераванд. Дар хавзахои дарёхои Панч, Вахш ва Зарафшон дар як сол ба хисоби миёна то 70 маротиба сел мегузарад.

Дар чумхури аз 1386 км саддхои мухофизати, аз чумла 416 км дар холати корношоям ва 710 адад селпартохо бо дарозии умумии 503 км мавчуд мебошад. Ба холати 1 январи соли 2011 дар чумхури 416 км саддхои мухофизати ва 136,5 км селпартохо бар асари обхези ва селхо вайрон гардида буданд. Инчунин дар натичаи рух додани офатхои табии дар соли 2015 зиёда аз 105 км иншоотхои сохилмустахкамкуни ба маблаѓи 454,14 млн. сомони зарар дида, ба барќарорсози ниёз доранд.

Бо ин маќсад бо ќарори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 3 марти соли 2011, №112 “Барномаи давлатии корњои сохилмустахкамкуни дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2011-2015” ба маблаѓгузории умумии 275,7 млн. сомони ќабул гардида буд. Маблаѓи умумии Барнома барои солхои 2011-2015 хамаги 275,7 млн. сомониро ташкил медихад, ки аз ин миќдор аз хисоби бучети чумхурияви 82,1 млн. сомониро ташкил дода, 121000 метр корхои сохилмустахкамкуни ба наќша гирифта шуда буд. 

Дар мачмўъ корхои сохилмустахкамкуни дар доираи Барномаи мазкур дар давоми солхои 2011-2015 ба маблаѓи 215,00 млн. сомони ба ичро расонидашуда, дар натича 90,75 км саддхои мухофизати сохта ва барќарор карда шудааст.

Дар соли 2017 бо дастгирии бевоситаи Хукумати Чумхурии Точикистон дар асоси фармоиши Комиссияи холатхои фавќулоддаи Чукумати Чумхурии Точикистон аз 16 марти соли 2017, №31/1-18 оид ба чудо намудани масолеххои сохтмони ва сузишвори дар шахру нохияхои чумхури ба воситаи хашар дар масофаи 18,83 км корхои сохлимустакамкуни ба ичро расонида шудааст. Инчунин аз хисоби маблаѓхои мутамаркази Агенти ба масофаи 2,5 км корхои сохлимустахкамкуни ба ичро расонида шудаанд.

Чихати назорати доими ва ба танзим даровардани мачрои дарёхо, гузаронидани корхои сохилмустахкамкуни ва тоза намудани сойхо бо маќсади пешгири намудани хавфи селу обхезихо ва шусташавии сохилхои дарёхо “Барномаи давлатии корхои сохилмустахкамкуни дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2018-2022” тахия гардида, барои мувофиќа ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход гардидааст. 

Нашр шудааст: 13 Май 2018