Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Саҳифаи асосӣ / Таъминоти шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ

Таъминоти шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ

Таъминоти шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ (марҳилаи 2), арзиши умумии лоиҳа 57,90 млн. доллари ИМА, мӯҳлати татбиқи лоиҳа солҳои 2013-2020. Аз ҳисобигранти Барномаи глобалии хоҷагии қишлоқ ва амнияти озуқаворӣ (60,78%) ва гранти Ассотсиатсияи Байналмиллалии Рушд (39,21%)маблағгузорӣ карда мешавад. Лоиҳа аз ду қисмат иборат мебошад.Қисмати I.  Корҳои ҷамъиятӣ оиди барқарор намудани зерсохтори обёрикунанда ва заҳбуру заҳкашҳо. Кисмати II.  Расонидани  кӯмаки техникӣ дар амалӣ намудани ислоҳоти  қонунгузорӣ ва  институтсионалӣ дар соҳаи идоракунии захираҳои об.Лоиҳаи мазкур дар 14 ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои Ёвон, Ҷ.Балхӣ, Хуросон, Бохтар, А.Ҷомӣ, Ҷиликӯл, Восеъ, М.С.А. Ҳамадонӣ, Панҷ, Н.Хусрав, Ҷайҳун, Вахш, Қабодиён, Данғара, Шаҳритус ва 3 -ноҳияҳои тобеъи марказ, аз ҷумла Ҳисор, Ваҳдат ва Рӯдакӣ татбиқ  мегардад.

Нашр шудааст: 04 Феврал 2019