Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Маълумотномаи фаъолияти Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар соли 2025 барои баргузории нишасти матбуотӣ

         Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дар маҳал будаи он фаъолияти худро дар соли 2024 дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошта оиди бо оби обёрӣ таъмин намудани  кишоварзон ва дигар истифодабарандагон, азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соли 2024 корҳои муайянеро анҷом додаанд.

         Дар ин давра идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо 75292 истифодабарандагони об дар майдони 524410 гектар замин шартномаи тарафайни хизмати обрасонӣ ба имзо расонида, ба онҳо мувофиқи дархост ва талабашон дар   ҳаҷми   3 млрд.724,7 млн. метри мукааб (нисбати соли гузашта 516,8 млн.метри мукааб кам), бо арзиши 179,2 млн. сомонӣ (нисбати соли гузашта 98,4 млн. сомонӣ зиёд) хизмати обрасонӣ намуданд.

         Аз ҷониби истифодабарандагони об дар ин давра ба маблағи  63 млн. 13,0 ҳазор сомонӣ ҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 11,8 млн. сомонӣ зиёдтар мебошад.

         Ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ ба ҳар гектар замин 7,1 ҳазор метри мукааб об расонида шудааст.

         Бо вуҷуди он, ки идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ уҳдадории шартномавии худро дар бобати бо оби полезӣ таъмин  намудани истифодабарандагони об пурра иҷро карда бошанд, ҳам истифодабарандагони об ҳаққи хизмати обрасониро пурра ва саривақт пардохт накарданд, бо ин сабаб қарзҳои дебиторӣ афзоиш ёфта, бақияи он бо дарназардошти солҳои пеш 354,1 млн. сомониро ташкил менамояд, ки ин дар навбати худ боиси афзоиши қарзҳои кредиторӣ (239,38 млн.сомонӣ), аз ҷумла қарзи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳамаи намуди андозҳо гардидааст.

         Ҳамзамон бояд зикр намуд, ки қарзҳои ҳамаи намуди андозҳо ба маблағи 20,3 млн. сомонӣ ва қарзи фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 739,2 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст.

         Бо мақсади рӯёнидани маблағи қарз аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти Суди иқтисодӣ ва Прокуратура аз ҷониби Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  ба маблағи 47,99 млн. сомонӣ ҳуҷҷат ва аризаҳои даъвогӣ пешниҳод гардидааст.

         Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, № 142 «Дар бораи тадбирҳои солимгардонии  вазъи иқтисодию молиявии низоми беҳдошти замин, обёрӣ ва энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оиди гузаштан ба пардохти ғайринақдӣ  дар ҷумҳурӣ 330 ҳазор гектар (61 фоиз) заминҳо ба системаи билингӣ ворид карда шуда, 86 ҳазор 700 адад истифодабарандагон (89 фоиз)  бо ID код таъмин гардида, пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ тариқи системаи билингӣ 41 млн. 900 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

         Дар мавсими обдиҳии соли 2024 бо истифодаи то 7,3 млн. кВт/соат нерӯи барқ дар як шабонарӯз  то 400  дастгоҳҳои обкашии коршоям ва то 81 адад чоҳҳои амудӣ  фаъолият намуда, заминҳои кишоварзиро бо оби полезӣ таъмин намуданд.

         Дар ин давра тариқи пойгоҳҳои обкашӣ бо  истифодаи 1 млрд 124,8 млн. кВт/соат нерӯи барқ (нисбати соли гузашта 234,9 млн.кВт/соат камтар) 4 млрд.351,4 млн.метри мукааб (нисбати соли гузашта 911,5 млн.метри мукааб камтар) об бароварда шуд.

         Хароҷоти хоси нерӯи барқ барои барориши 1 метри мукааб об дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 0,258 кВт/соатро ташкил  дод.

         Арзиши барқи истифодашуда 126 млн.815 ҳазор сомонӣ ва  пардохти он 41,0 млн. сомонӣ  мебошад.

         Қарзи идораҳои зертобеи Агентӣ дар соли 2024 аз истифодаи нерӯи барқ дар назди ҶСК «Барқи Тоҷик» 183,5 млн. сомониро ташкил дод.

         Айни замон дар соҳа панҷ барномаи давлатии соҳавӣ  аз ҷумла, «Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028», «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027», «Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ва «Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028»  бо арзиши умумии 2 млрд.241 млн. сомонӣ мавриди амал қарор доштанд.   Соли 2024 дар доираи барномаҳои мазкур ба маблағи 10 млн.174 ҳазор сомонӣ (99 фоизи нақша) корҳои мелиоративӣ ба анҷом расонида, ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии 10107 гектар заминҳо (103 фоизи нақша)  беҳтар карда шуда, бо иқтидори 2711 гектар (80 фоизи нақша) ба маблағи 41,0 млн. сомонӣ замини  нав азхуд карда шуда, 1352 гектар (150,2 фоизи нақша) ба маблағи 2 млн.716,2 ҳазор сомонӣ заминҳои аз гардиши кишоварзӣ  берунмонда барқарор карда шудаанд, аз ҳисоби ҳамаи манбаҳо дар ҷумҳурӣ ба маблағи  44,0 млн. сомонӣ (51 фоиз) ба дарозии 33541 метр (93 фоиз) корҳо иҷро гардида, соҳилҳо барқарор ва мустаҳкам карда шудаанд, барои 8 адад пойгоҳи обкашии  минтақаҳои Кӯлобу Бохтари вилояти Хатлон  ба маблағи умумии 67 млн. 890 ҳазор сомонӣ ё ин ки 79 фоизи нақша таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ карда шудааст ва дар доираи «Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028»  дар давраи ҳисоботӣ  ба маблағи 4 млн. 200 ҳазор сомонӣ (87,1 фоиз) корҳо ба иҷро расонида шудаанд. Дар маҷмӯъ дар доираи барномаҳои мазкур  ба маблағи 170 млн. 88,2 ҳазор сомонӣ   корҳо иҷро гардидаанд.

         Барои иншоотҳои сохтмони асосии Агентӣ соли 2024  аз ҳисоби маблағҳои мутамарказонидашуда 23 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардида, пурра азхуд карда шуданд.

         Бо маблағҳои ҷудогардида 210,5 гектар (10 баробар) заминҳои нав азхуд карда шуда, таъминоти оби 3150 гектар (123 фоиз) заминҳо беҳтар гардонида, 7  адад чоҳи амудӣ парма карда, бо дарозии 1800 метр (250 фоиз) соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида,  5 ҳазор тахтасанги оҳану бетонӣ  тайёр карда шудааст.

         Барои дастгирии соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ дар назди Агентӣ 4 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо маблағи умумии 182 млн. 282 ҳазор доллари ИМА татбиқ шуда истодаанд, ки барои таъмиру барқарорсозии иншооти обёрӣ ва инфрасохтори он равона карда шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ азхудкунии маблағҳо 21 млн. 485 ҳазор доллари ИМА,  ё ин ки 87 фоиз ва аз аввали  татбиқи лоиҳаҳо 78 млн. 428 ҳазор доллари ИМА ё ин ки 44,8 фоизро ташкил менамояд.

          Дар давраи ҳисоботӣ  Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади устувор намудани фаъолияти АИО корҳои фаҳмондадиҳиро бурда истодаанд.

          Айни замон дар ҷумҳурӣ 241 адад Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО)  фаъолият менамояд, ки  ба 473,7 ҳазор гектар заминҳои обёришавандаи ҷумҳурӣ хизмат мерасонанд. Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) бо 88962 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 411114 гектар замин ё ин ки 87 фоиз шартнома ба имзо расонидаанд.

         Дар ин давра АИО дар ҳаҷми 2,79 млрд.метри мукааб бо арзиши 139,5 млн.сомонӣ об гирифта, ба маблағи 47,2 млн.сомонӣ (34 фоиз) ҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт карда шудааст. Бақияи қарзи умумии ҳаққи хизмати обрасонӣ  241,18 млн.сомониро ташкил медиҳад.    

         Дар давраи ҳисоботӣ барои ба низом даровардани корҳои назоратӣ ва пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуш оиди муҳофизати меҳнат, ҳаракати роҳ, техникаи бехатарӣ ва муҳофизат аз сухтор нақшаи чорабиниҳо ва фармону дастурамалҳои Агентӣ ба идораю корхонаҳои зертобеъ равона карда шуда, иҷрои он таҳти назорати қатъӣ гирифта шудааст, дар ин давра ягон ҳодисаи нохушӣ истеҳсолӣ ба қайд гирифта нашудааст.

         Соли 2024 дар сохторҳои Агентӣ 5500 нафар кормандон, аз ҷумла дар соҳаи истифодабарӣ  5391 ва дар сохтмон  109  нафар бо  музди миёнаи моҳонаи 916 сомонӣ фаъолият доштанд.

         Ҷиҳати баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар давраи ҳисоботӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда, аз 26  адад арзу шикоятҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 123 адад шахсони воқеӣ, 11 адад муроҷиатҳои шифоӣ ва 4 адад муроҷиатҳои телефонӣ, ки ба Агентӣ дохил гардидаанд, 379 адади он ҳалли худро ёфта, 3 адади он дар ҳолати баррасӣ қарор доранд.

         Қабули шаҳрвандон ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба муроҷиати онҳо аз ҷониби кормандони масъули Агентӣ дар доираи салоҳият ва ваколат арзёбӣ карда мешаванд.

         Дар ин давра ба дастгоҳи марказии Агентӣ 3217 адад аснод, аз ҷумла аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  975 адад фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусха аз протоколҳои маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Протоколҳои маҷлисҳои машваратии назди Сарвазир ва муовинони Сарвазири  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  мактубу супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  2070 адад асноди гуногун дохил гардида, қисмати зиёди онҳо ба иҷро расонида шудааст.

         Дар ин муддат аз ҷониби Дастгоҳи Марказии Агентӣ оид ба иҷрои аснод ба ташкилотҳои болоӣ ва корхонаву идораҳои зертобеъ 2032 адад аснод ва 145 адад фармоишҳои қабулгардидаи Агентӣ ирсол гардидааст.

       Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мадди назар қарор дошта оид ба иҷрои онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

       Вазифаҳои муҳимтарини Агентӣ дар соли 2025 таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои тирамоҳию зимистонӣ бо мақсади  боз ҳам беҳтар намудани таъминоти оби заминҳои обёришаванда, азхудкунии 3254 гектар замини нав, барқарорсозии  1400 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, беҳтар намудани ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии заминҳои корами обӣ дар майдони 15632 гектар, харидори намудани таҷҳизотҳо барои пойгоҳҳои обкашӣ ба маблағи 315 млн. 600 ҳазор сомонӣ, маблағгузории чорабиниҳои  “Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ” ба андозаи 118 млн. 570 ҳазор сомонӣ, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии 37642 метр ва таҳияи лоиҳаи қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  беҳдошти замин ва обёрӣ” мебошанд.                         

       Имрӯзҳо фаъолияти Агентӣ ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба омодасозии шабакаҳои обрасонӣ  ба мавсими обдиҳии ҳосили соли 2025 ва омодагӣ ба мавсими селоб ва обхезиҳо равона гардида, ин кор тибқи нақшаи чорабиниҳои тирамоҳӣ-зимистонӣ ба роҳ монда шудааст.

                                    

               Маркази                     матбуотӣ

Нашр шудааст: 28 Январ 2025