Маълумотномаи фаъолияти Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар шаш моҳи соли 2024 барои баргузории нишасти матбуотӣ
Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар нимсолаи якуми соли 2024 ҷиҳати иҷрои вазифаҳои худ, аз ҷумла таъмини истифодабарандагон бо оби полезӣ, азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ корҳои муайянеро анҷом додаанд.
Дар ин давра идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар майдони 524410 гектар бо 75292 истифодабарандагони об шартномаи додугирифти обро ба имзо расонида, ба онҳо дар ҳаҷми 1 млрд. 811 млн. метри мукааб (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 267,2 млн. метри мукааб кам) бо арзиши 87,2 млн. сомонӣ (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 47,0 млн. сомонӣ зиёд) хизмати обрасонӣ намудаанд.
Аз ҷониби истифодабарандагони об дар ин давра ҳаққи хизмати обрасонӣ ба маблағи 12,2 млн.сомонӣ (нисбати соли гузашта 16,7 млн. сомонӣ кам) ё ин ки 14 фоизи арзиши оби додашуда пардохт карда шудааст.
Бо вуҷуди аз ҷониби идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар бобати бо оби полезӣ таъмин намудани истифодабарандагон пурра иҷро кардани ӯҳдадориҳои шартномавӣ аз ҷониби истифодабарандагон, хусусан кишоварзон ҳаққи хизмати обрасонӣ сари вақт ва бо ҳаҷми пурра пардохт карда намешавад, бо ин сабаб қарзҳо аз ин ҳисоб афзоиш ёфта, бақияи он бо дар назардошти солҳои пеш 234,4 млн. сомониро ташкил менамояд, ки ин дар навбати худ боиси афзоиши қарзҳои кредиторӣ, аз ҷумла қарзи суғуртаи ичтимоӣ ва ҳамаи намуди андозҳо гардидааст.
Бо мақсади рӯёнидани маблағи қарз аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ дар давраи ҳисоботи ба мақомоти Суди иқтисодӣ ва Прокуратура аз ҷониби идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 46,7 млн. сомонӣ ҳуҷҷат ва аризаҳои даъвоги пешниҳод гардида, аз ин ба фоидаи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 6,7 млн. сомонӣ рӯёнида шудааст, боқимонда ба маблағи 40,0 млн. сомонӣ дар арафаи баррасӣ қарор доранд.
Дар мавсими обёрии соли 2024 тавассути пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо истифодаи то 7,3 млн. кВт/соат нерӯи барқ дар як шабонарӯз то 380 адад дастгоҳҳои обкашӣ ва то 51 адад чоҳҳои амудӣ кор карда кишоварзонро бо оби обёрӣ таъмин намуданд.
Дар ин давра бо истифодаи 465,9 млн. кВт/соат нерӯи барқ (нисбати соли гузашта 156,2 млн. кВт/соат кам) 1 млрд. 767,1 млн. метри мукааб (нисбати соли гузашта 688,9 млн. метри мукааб кам) об бароварда шудаст. Арзиши барқи истифодашуда 51,4 млн. сомонӣ (нисбати ҳамин давраи гузашта 11,0 млн. сомонӣ кам) ва пардохти он 16,7 млн. сомониро ташкил менамояд.
Хароҷоти хоси нерӯи барқ барои баровардани 1 метри мукааб об дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 0,263 кВт/соатро ташкил дод.
Қарзи идораҳои зертобеи Агентӣ аз қувваи барқи истифодашуда дар назди ҶСК “Барқи Тоҷик” 132,5 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки сабаби асосии пайдоиш ва болоравии қарзи идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар назди ҶСК “Барқи Тоҷик” пайваста баланд гардидани тарифҳои нерӯи барқ мебошад.
Барои иншооти сохтмонии асосии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети мутамарказ 23,0 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, ба рӯйхати иншоотҳои сохтмони асосӣ ва мелиоративӣ азхудкунии 220 гектар заминҳои нав, беҳтар намудани таъминоти оби 2800 гектар заминҳо, парма намудани 7 адад чоҳи амудӣ ва ба дарозии 0,70 км гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи нақша дар нимсолаи якум барои корҳои сохтмонӣ ва мелиоративӣ 11,1 млн. сомонӣ пешбини гардида, ба маблағи 7,2 млн. сомонӣ корҳои сохтмонию васлкуни ба иҷро расонида шуда, корҳо идома доранд.
Айни замон дар соҳа панҷ барномаи давлатӣ татбиқ шуда истодааст. Дар давраи ҳисоботи аз ҷониби Агентӣ ду лоиҳаи Барономаҳо бо мақсади андешидани тадбирҳо вобаста ба фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ, маблағҳои бахши хусусӣ ва маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, азнавсозӣ ва барқарорсозии иншоотҳои гидротехникӣ ҷиҳати мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, обтаъминкунии устувор ба истифодабарандагони об ва рафъи обҳои заҳбуру заҳкаш, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, такмили ихтисоси кадрҳои соҳавӣ ва ҷалби кадрҳои ҷавон ба соҳа, дастрас намудани мошину механизмҳои махсуси соҳавӣ, ҷорӣ намудани корҳои илмию тадқиқотӣ, гузариш ба идоракунии захираҳои об дар сатҳи ҳавзаҳо ва зерҳавзаҳо дар низоми беҳдошти зами ва обёрӣ, таъмини рушди ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, ҷорӣ намудани системаҳои иттилоотии фазоӣ, рақамӣ ва махзани маълумотӣ дар соҳа, такмил ва таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, рушди институтсионалии идоракунии захираҳои об дар низоми беҳдошти замин ва обёрӣ ва дар ин замина барои беҳтар намудани вазъи иқтисодию иҷтимоии соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ “Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028” ва “Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028” таҳия гардида бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.
Дар доираи “Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли 2024 беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 9811 гектар заминҳои кишоварзӣ бо маблағи 10,3 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ ба маблағи 3,5 млн. сомонӣ ҳолати мелиоративии 3788 гектар заминҳо беҳтар гардонида шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
Дар доираи “Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” дар соли 2024 гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба маблағи 86179,5 ҳазор сомонӣ ба дарозии 36065 метр пешбинӣ карда шудааст.
Дар натиҷаи гузаронидани корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 28751,5 ҳазор сомонӣ ба дарозии 17737 метр корҳо иҷро гардида, корҳо идома доранд.
Бо мақсади васеъ намудани майдони заминҳои обёришаванда дар доираи “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”, соли ҷорӣ азхуд намудани 3410 гектар заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани 900 гектар заминҳои бекорхобида ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт ҷараён доранд.
Дар доираи “Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосири каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027”, соли равон иваз намудани таҷҳизотҳо, таъмир ва барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ ба маблағи 86000,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои институтҳои молиявӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба маблағи 24243,4 ҳазор сомонӣ корҳо ба иҷро расонида шуда, корҳо идома доранд.
Барои дастгирии соҳа дар назди Агентӣ 4 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 182,3 млн. доллари ИМА аз ҷумла лоиҳаҳои “Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон”, “Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ”, “Системаи обёрии ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ тобовар ва навсозии заҳкашу заҳбурҳо дар ҳавзаи дарёи Вахш” ва “Такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон” татбиқ шуда истодаанд.
Азхудкунии маблағҳо дар давраи ҳисоботи 8,2 млн. доллари ИМА ё худ 75 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади устувор намудани фаъолияти АИО корҳои фаҳмондадиҳиро бурда истодаанд.
Айни замон дар ҷумҳурӣ 241 адад АИО фаъолият менамояд, ки ба 468,3 ҳазор гектар ё ин ки тақрибан 61 фоизи заминҳои обёришавандаи ҷумҳурӣ хизмат мерасонад.
Дар давраи ҳисоботи барои ба низом даровардани корҳои назоратӣ ва пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуш оиди муҳофизати меҳнат, ҳаракати роҳ, техникаи бехатарӣ ва муҳофизат аз сӯхтор нақшаи чорабиниҳо ва фармону дастурамалҳои Агентӣ ба идораю корхонаҳои зертобеъ равона карда шуда, иҷрои он таҳти назорати қатъӣ гирифта шуда, дар ин давра ягон ҳодисаи нохушӣ истеҳсолӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ шумораи кормандони соҳа 5595 нафарро ташкил дода, аз он дар соҳаи истифодабарӣ 5467 нафар ва дар сохтмон 128 нафар кор ва фаъолият намуда истодаанд. Музди миёнаи моҳонаи кормандон дар ин давра 879 сомониро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботи ҷиҳати баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон тибқи талаботиҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” тадбирҳои мушаххс андешида шуда, аз 16 адад арзу шикоятҳои шахсонӣ ҳуқуқӣ, 46 адад шахсони воқеӣ, 8 адад муроҷиатҳои шифоҳи ва 4 адад муроҷиатҳои телефонии ба Агентӣ воридгардида, 73 адади он ҳалли худро ёфта, 1 адади он дар ҳолати баррасӣ қарор доранд.
Қабули шаҳрвандон ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба муроҷиати онҳо аз ҷониби кормандони масъули Агентӣ дар доираи салоҳият ва ваколат арзёбӣ карда мешаванд.
Дар ин давра ба дастгоҳи марказии Агентӣ 480 адад аснод аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардида, қисмати зиёди онҳо ба иҷро расонида шудаанд.
Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мадди назар қарор дошта оид ба иҷрои онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.
Дар ин муддат аз ҷониби дастгоҳи марказии Агентӣ оид ба иҷрои аснод ба ташкилотҳои болоӣ ва корхонаву идораҳои зертобеъ 1014 адад аснод ва 63 адад фармоишҳои қабулгардидаи Агентӣ ирсол карда шудааст.
Вазифаҳои муҳимтарини Агентӣ дар нимсолаи дуюми соли 2024 таъмини мӯътадили обистифодабарандагон бо оби обёрӣ, аз худ кардани 3410 га замини нав, барқарорсозии 900 га заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, беҳтар намудани ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии заминҳои корами обӣ дар майдони 6023 гектар ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии 18328 метр бо мақсади пешгирӣ аз офатҳои табиӣ марбут ба об ва эмин нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин ва иншоотҳои хоҷагии халқ мебошанд.
Маркази матбуотӣ.