Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Вохурӣ бо як қатор намояндагони ширкатҳои идоракунии иттилооти рақамии Ҷумҳурии Корея

Санаи 3 майи соли ҷорӣ дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушд додани идоракунии иттилооти рақамии соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ  бо намояндагони як қатор ташкилотҳои соҳаи идоракунии иттилооти рақамии Ҷумҳурии Корея вохурӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур Муовини Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ муҳтарам Зуҳурзода Баҳрулло ва сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори Дастгоҳи марказии Агентӣ инчунин Директори Генералии  Дафтари Алматии KOTRA (Шуъбаи тиҷоратии Консулгрии генералии Ҷумҳурии Корея) ҷаноби Ким Ҷунг-Ҳун, Роҳбари маркетинги ҷаҳонии ширкати EGIS CO Ltd ҷаноби Ли Кванг Се, Роҳбари минтақавии Қавқоз ва Осиёи марказии ширкати EGIS CO Ltd ҷаноби Комилов Беҳзод, Роҳбари шуъбаи тичорати деҳоти “Ташкилоти ҷамъияти деҳоти Карея” ҷаноби Ли Ҷонг Сео, Мудири Иҷрои Ширкати With-Drone Co., Ltd ҷаноби Ким Риҳван ва мудири Ширкати With-Drone Co., Ltd ҷаноби Ким Доҳйеон ширкат варзиданд.

Нахуст дар ҷаласа масъалаҳои аввалиндараҷа ҳалталаби соҳаи беҳдошти замин ва обёрии кишвар аз ҷумла татбиқи идоракунии иттилооти рақамии соҳа мавриди барраӣ қарор гирифт.

Зимнан роҳҳо ва воситаҳои дар Тоҷикистон дастрас ва ҷорӣ намудани технология ва таҷрибаи пешқадами Ҷумҳурии Корея дар самти идоракунии иттилооти рақамии соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ муҳокима гардид.

Дар охир ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар ин самт иброз доштанд.

Нашр шудааст: 04 Май 2023