Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Табрикоти Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон ба ифтихори Рӯзи касбии мелиораторон

Табрикоти Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Холмурод Раҳмон ба ифтихори Рӯзи касбии мелиораторон

Ҳамкорони азизу гиромиқадр!

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 №753 «Дар бораи рӯзҳои ид»  13 сентябр ҳамчун Рӯзи мелиораторон қайд карда мешавад.

Ҷашни имсолаи Рӯзи мелиораторон дар шароите гузашта истодааст, ки ҳамаи мо дар зери хотироти нек аз таҷлили 28 умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-бузургтарин ва муқадастарин дастоварди таърихи навини тоҷикон қарор дорем.

Бо шарофати Истиқлолият ва дастгирии Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба соҳаи мелиоратсия таваҷҷуҳи хоса дорад, ҳамасола ин соҳаи ниҳоят муҳими хоҷагии халқ бо вусъати тоза тараққи карда, рушди он баҳри ривоҷ додани соҳаи кишоварзӣ, баланд гардидани иқтисодиёти мамлакат, беҳтар гардидани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ яке аз бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб меравад, ки барои ноил гардидан ба хадафҳои амнияти озуқаворӣ  ва шуѓли аҳоли дар деҳот ва дар ин замина барои рушди иқтисодиёти соҳаи агросаноатии кишварамон мусоидат менамояд. Паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолии деҳот бевосита аз устувор фаъолият намудани соҳа вобастагӣ дорад.    

Аз фурсати муносиб истифода бурда собиқадорони меҳнат тамоми кормандони соҳаро ба муносибати иди касбӣ - Рӯзи мелиораторон табрику муборакбод намуда, ба Шумо пеш аз ҳама саломатӣ, хонадободӣ,  саодати рўзгор ва комёбиҳои нав ба навро баҳри пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон орзу менамоям. 

Нашр шудааст: 13 Сентябр 2019