Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Таҷлили иди миллии қадимаи тоҷикон Сада

Санаи 31 январи соли 2021 аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонва дигар ниҳодҳои давлатӣ дар Муассисаи давлатии «Боғи А. Фирдавсӣ»-и пойтахт, бахшида ба таҷлили иди миллии қадимаи тоҷикон Сада намоиши ҳунарҳои мардумиву кишоварзӣ ва чорабинии фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардид.

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд.

Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифташуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони баруманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд.

Нашр шудааст: 01 Феврал 2021