Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Таҷлили Иди Меҳргон

Имрӯз, 18 октябр дар Муассисаи давлатии «Боғи А. Фирдавсӣ»-и пойтахт, бахшида ба ҷашни Меҳргон, намоиши ҳунарҳои мардумиву кишоварзӣ ва чорабинии фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардид.

Дар он намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сокинони кишвар иштирок доштанд. Аз ҷумла Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашни Меҳргон ширкат варзида, дар он маҳсулотҳои кишоварзӣ техникаву таҷҳизотҳо ба соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ дахлдорро маърази тамошои сокинон гардонид.

Меҳргон яке аз кӯҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст. Маълумотномаи «Меҳргон» аз сарчашмаҳои гуногуни дохилию хориҷӣ ҷамъоварӣ шуда, роҳи тайи ҳазорҳо сол паймудаи халқи мо дар арсаи таърих, тамаддун бо омехтаи ривоятҳо, афсонаҳо ва эҷодиёти шифоҳии мардум аст. Меҳргон асосан иди ҳосилот аст ва дар оғози фасли тирамоҳ ҷашн гирифта мешавад, ки бо ҳисоби милодӣ аз 23 сентябр то 22 октябр давом меёбад. Деҳқонон дар ҳамин рӯзҳо ба ҷамъоварии ғалла сар мекарданд”.

Нашр шудааст: 18 Октябри 2020