Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Нишасти матбуотӣ дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имруз 04.02.2020

дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. Нишасти мазкур  мутобиқи Амри  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 22 январи соли 2020, №26/10-6 ва ҷадвали тасдиқ гардидаи Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 22 январи соли 2020 ба нақша гирифта шуда буд.

Дар Нишасти имруза Директори Агентӣ – Холмурод Раҳмон, Муовини Директор – Ҳасанзода Ҳомиди Усмон, роҳбарони сохторҳои Дастгоҳи Марказӣ ва роҳбарони алоҳидаи зерсохторҳои Агентӣ инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма (ВАО) Агентии “Ховар”, МД Телевизеони Ҷаҳоннамо,  газетаи Ҷумҳурият, газетаи Фараж, Народная газета, радиои Садои мардум, радиои Садои Душанбе ва дигарон ширкат варзиданд.

Нахуст, Директори Агентӣ намояндагони ВАО – ро барои ташрифашон ба Агентӣ хушомадед гуфта, ба ҳозирин дар бораи дастовард ва камбудиҳои соҳа маълумот доданд.

Ҳамзамон маълумоти муфассали таҳлилӣ доир ба ҷамъбасти фаъолияти соли 2019 аз ҷониби Директор ва Муовини Директор ба самъи ВАО расониданида шуд.

Дар фарҷоми мусоҳиба намояндагони ВАО озодона саволҳои худро аз роҳбарияти Агентӣ пурсон намуда ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Нашр шудааст: 04 Феврал 2020