Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мутолиаи дастаҷамъонаи шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта бо иштироки Роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи марказӣ мутолиаи дастаҷамъонаи шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба ҳар як оилаи тоҷик ройгон тақдим гардид, гузаронида мешавад.

Мақсад аз ин иқдом ин баланд бардоштани рӯҳияи хештаншиносии кормандон хусусан ҷавонон ва эҳё доштани ҳуввият ва асолати миллӣ ва пос доштани анъанаҳои неки ниёгон мебошад. Чигунае, ки маълум аст роҳҳои баланд бардоштани худшиносӣ ва асолати миллӣ ин пеш аз хама омухтани осори гузаштагон мебошад. Яъне эҳёи худшиносӣ бе тафаккури таърихӣ ғайриимкон аст.

Бинобар ин кормандони Дастгоҳи марказии Агентӣ тибқи тартиб ва ҷадвали муқарраргардида, ҳар ҳафта ду руз бо навбат мавзӯҳо ва қисмҳои алоҳидаи китоби Тоҷиконро мутолиа ва тариқи презентатсия пешниҳоди иштирокчиён мегардонанд.

Нашр шудааст: 07 Сентябр 2022