Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Баргузории ҷаласаи 9-уми навбатии Комиссияи миллӣ оид ба ирригатсия ва дренаж (КМИД) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 8 декабри соли 2022 ҷаласаи 9-уми навбатии Комиссияи миллӣ оид ба ирригатсия ва дренаж (КМИД) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори ҷаласавии меҳмонхонаи “Ҳаят реҷенси” шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии, муовини Раиси КМИД муҳтарам Б. Зуҳурзода бо дастгирии дафтари Барномаҳои созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе гузаронида шуд.

Дар кори ҷаласаи мазкур зиёда аз 70 нафар иштирокчиён, аз он ҷумла, аъзоёни КМИД, намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои илмию-тадқиқотӣ, институтҳои молиявии байналмилалӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва инчунин коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳо вобаста ба фаъолияти КМИД ва натиҷаи густариши ҳамкорӣ бо Комиссияи байналмилалӣ оид ба ирригатсия ва дренаж оид ба дар соли 2024, тақрибан моҳҳои май-июн дар ш. Душанбе гузаронидани 14-умин семинари байналмилалӣ оид ба дренаж таҳти унвони “Навсозии шабакаҳои обёрӣ ва дренаж бо мақсади мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди устувор”, натиҷаҳои таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои ҷорӣ намудани низоми автоматикии баҳисобгирии истифодабарии нерӯи барқ дар пойгоҳҳои обкашии вилояти Суғд, барқарорсозӣ ва азнавсозии пойгоҳҳои обкашии бузург ПОМ-1 ва ПОМ-2 дар ноҳияи Зафарабоди вилояти Суғд, оғози лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ, ки аз ҷониби Иттоҳоди Аврупо, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии Рушд ва Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ маблағгузори карда мешаванд, таҳияи лоиҳаи Барномаи рушди беҳдошти замин ва обёрӣ то давраи соли 2030, натиҷаҳои лоиҳаи “Маҳсулнокии об”, ки дар вилояти Суғд татбиқ гардидааст ва инчунин масъалаҳои гендерӣ, аз ҷумла баланд бардоштани мақоми зан дар истифодабарии обу замин ва дар ин замина таҳияи лоиҳаи Барномаи гендерӣ дар соҳаи беҳдшти замин ва обёрӣ баррасӣ гардида, нисбат ба масъалаҳои мазкур тавассути муҳокимаронӣ, пешниҳоду тавсияҳои муфид ва қарорҳои дахлдор қабул карда шудаанд. 

Бояд зикр кард, ки КМИД бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 октябри соли 2015, № 620 дар назди Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, густариши ҳамкории худро дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ таввасути иштирок дар чорабиниҳои Комиссияи байналмилалӣ оид ба ирригатсия ва дренаж ва Форумҳои ҷаҳонӣ оди ба ирригатсия ҷиҳати ҷалби тавваҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, шарикони рушд, маблағҳои сармоягузории байналмилалӣ ва ватанӣ барои рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ дар кишвар, ба роҳ мондааст.

Нашр шудааст: 08 Декабр 2022