Боздид аз боғи хоҷагии деҳқонии "Аминҷон" ва шиносоӣ бо фаъолияти ҶДММ "Махсуми Карим" дар ноҳияи Муъминобод
Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи Хоҷагии деҳқонии "Аминҷон"-и деҳоти “Деҳибаланд” боздид намуда, бо фаъолияти деҳқонон ва кормандони ҶДММ "Махсуми Карим" шинос шуданд.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки хоҷагии мазкур соли 1998 таъсис ёфта, масоҳати заминҳояш ба 4,5 гектар баробар аст. Аз ин ҳисоб дар 3,25 гектар зироаткорӣ ва дар 1,25 гектари боқимонда боғ бунёд шудааст. Боғи Хоҷагии деҳқонии "Аминҷон" соли 2010 таъсис ёфта, онро деҳқони асилу таҷрибадор Бегаҳмад Одинаев роҳбарӣ мекунад.
Дар ин боғ навъҳои гуногуни себ, аз ҷумла голден, крепсон, самаренко, старкрипсон, қосимсаркорӣ, ҳамчунин нок ва гелосу зардолу парвариш карда мешаванд. Аз ин боғ ҳам меваи тару тоза ва ҳам меваи хушк ба бозорҳои ҷумҳурӣ бароварда мешавад. Боғдорон ба хотири самаровар гардонидани дарахтон, аз роҳу усулҳои муосир истифода бурда, саривақт байни қаторҳоро нарм мекунанд ва дар як сол 2-3 маротиба ба дарахтон доруҳои минералӣ медиҳанд.
ҶДММ "Махсуми Карим" дар ҳамин боғ фаъолияташро ба роҳ монда, ба тайёр кардани меваҳои хушк машғул мебошад. Кормандони ҷамъият на танҳо меваҳоро аз ин боғ, балки аз 4 ноҳияи минтақаи Кӯлоб барои хушк кардан қабул мекунанд. Дар маҷмӯъ дар боғи "Аминҷон"-и ноҳияи Муъминобод ва ҶДММ "Махсуми Карим" зиёда аз 120 нафар ба корҳои мавсимӣ ҷалб шуда, бо маоши хуб таъминанд.
Меваи хушк аз ин ноҳия асосан ба вилояти Суғд содирот мегардад. Ба иттилои масъулон, ҳамасола дар ноҳияи Муъминобод зиёда аз 100 тонна меваи хушк барои содирот омода карда мешавад.
Бояд гуфт, ки рушди боғу токпарварӣ ва афзун намудани истеҳсоли мева аз самтҳои муҳими пешрафти соҳаи кишоварзӣ буда, дар ин ҷода таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат заминаи воқеӣ гузоштааст. Бо мақсади таъмини инкишофу пешрафти минбаъдаи ин соҳа, Ҳукумати ҷумҳурӣ Барномаи нави рушди соҳаи боғу токпарвариро барои солҳои 2016-2020 қабул намуд, ки тибқи он дар мамлакат бунёди 20 ҳазор гектар боғу токзор пешбинӣ шудааст.
Баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти боғи "Аминҷон” ва ҶДММ "Махсуми Карим", Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғпарварону хоҷагидорон маслиҳат доданд, ки бо истифода аз таҷрибаи пешқадам, ҳамаи талаботҳои агротехникиро саривақт ва мутобиқ ба меъёрҳо ва бо машварату тавсияи олимон анҷом дода, барои афзун намудани меваи хушки содиротӣ талоши бештар кунанд, зеро риояи ин талаботҳо асоси муваффақияти кишоварзон мебошад.