Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Баргузории Нишасти матбуотӣ дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имруз 25.07.2022

дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 нишасти матбуотӣ доир гардид.

Дар нишасти имруза директори Агентӣ – Холмурод Раҳмон, Муовини якуми директор – Сироҷиддинзода Баҳриддин, мувини директор – Ҷумазода Сабур, сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабурзода Мирзодавлат  ва роҳбарони сохторҳои Дастгоҳи Марказӣ ва зерсохторҳои он инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма (ВАО) аз ҷумла «Садои мардум», «Народная газета», «Халқ Овозӣ»,   ҳафтаномаи «Минбари халқ»,  «Ҷавонони Тоҷикистон», Агентии миллии иттилооти Тоҷикистон «Ховар», Телевизиони «Сайёҳӣ», Бахши иттилоотии «Радиои Тоҷикистон», Радиои «Тоҷик», «Ховар», Радиои «Садои Душанбе», Радиои «Ховар», МТРК «Мир», ҳафтаномаи «Дайджест Пресс», СССР ва рўзномаи «Пайк»  ва дигарон ширкат варзиданд.

Нахуст, Директори Агентӣ намояндагони ВАО – ро барои ташрифашон ба Агентӣ хушомадед гуфта, дар бораи дастовард ва мушкилотҳои соҳа дар нимсолаи аввали соли 2022 маълумот таҳлилӣ пешниҳод намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа намояндагони ВАО озодона саволҳои худро аз роҳбарияти Агентӣ пурсон шуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. 

Нашр шудааст: 25 Июл 2022