Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Баргузории Ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2023

Имруз, 11 апрели соли 2023 дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи ҳайати мушовара “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои зертобеи Агентӣ дар семоҳаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои се моҳи минбаъда баргузор гардид.

Дар ҷаласа директори Агентӣ Давлатзода Зафарбек, муовини сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Лашкар, муовини якуми директори Агентӣ Зарифзода Хуршед, муовинони директори Агентӣ Зуҳурзода Баҳрулло ва Сафарзода Алим, инчунин роҳбарони раёсату шуъба ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Агентӣ ширкат варзиданд.

Нахуст Директори Агентӣ ҷаласаро кушода эълон намуда, барнома ва сархати мавзӯъҳои баррасишавандаро ба самъи иштирокдорон расонид. Сипас тибқи барномаи ҷаласа муовини директор Сафарзода Алим натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои зертобеи Агентиро дар давраи семоҳаи якуми соли 2023 мавриди таҳлил қарор дода, диққати ҷиддиро ба истифода бурдани тамоми имкониятҳо ҷиҳати таъмини пурра ва саривақтии оби полезӣ ба хоҷагидорон дар мавсими обёрии соли 2023 равона намуда,  қайд намуданд, ки дар давраи семоҳаи аввали соли 2023 корҳои омодасозии шабакаҳои обёрӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №133 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023” ба роҳ монда шуда, ба  ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ корҳои тоза намудани шабакаҳои обёрӣ 2834 ҳазор  м3 (98%), заҳбуру заҳкашҳо 2054 м3 (106%), таъмири иншоотҳои гидротехникӣ 764 адад (99%), таъмири бинои пойгоҳҳои   обкашӣ  46  адад (96%),  дастгоҳҳои  обкашӣ   848  адад (98%), чоҳҳои амудӣ 97 адад (94%), зеристгоҳҳои барқӣ 180 адад (100%), трансформаторҳо  314  (98%)  адад,  сулулҳо 1043  (100%)  адад   ва   таъмири хатҳои барқӣ 102,9 км (100%)  ба иҷро расонида шуда, иншоотҳо ба мавсими обёрӣ омода карда шуданд.

Инчунин дар ин давра дар доираи нақшаи чорабиниҳои тирамоҳу зимистона шуршӯйкунии 6785 гектар (78%) ва обмонии захиравии 70073 гектар (101%) заминҳои кишоварзӣ ба иҷро расонида шуда, дар натиҷа ҳолати мелиоративии заминҳои мазкур беҳтар гардонида шудааст.

Соли ҷорӣ Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар миқёси ҷумҳурӣ бо 55280 истифодабарандагони об, дар майдони 548273 гектар (100% нақша) шартнома ба имзо расонида шуда,  тибқи дархост ва талабот ба истифодабарандагони об дар ин давра дар ҳаҷми 37,8  млн. м3 бо арзиши 782,3  ҳазор сомонӣ об расонида шудааст, ки мутаносибан нисбати ҳамин давраи соли гузашта дар ҳаҷми 28,0 млн.м3 об бо арзиши 568,5 ҳаз. сомонӣ зиёд мебошад.

Пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ, омили асосии рушди соҳа ба ҳисоб рафта, барои дар мӯҳлатҳои муайян омода намудани шабакаҳои обёрӣ ба мавсими обдиҳӣ ва таъмин намудани истифодабарандагон бо оби обёрӣ   мусоидат менамояд.

Аз сабаби саривақт ва пурра пардохт нагардидани  маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ аз ҷониби обистифодабарандагон, қарз аз ин ҳисоб дар назди Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ба ҳолати 1 апрели соли 2023 бо дарназардошти солҳои пешин 159,7 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин омил боиси афзоиш ёфтани  қарзҳои дебиторию  кредитории ташкилоту идораҳои Агентӣ мегардад.  

Истифодаи нерӯи барқ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 32,1 млн. кВт/соатро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,4 млн. кВт/соат зиёд мебошад. Арзиши барқи истифодашуда дар ин давра 7,0 млн. сомониро ташкил дода,  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Хушбахтона бо сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи обёрии мошинии мамлакат дастгирӣ гардида, қарзҳои истифодаи неруи барқи пойгоҳҳои обкшии Агентӣ дар назди ШСХК «Барқи Тоҷик» ба санаи 01январи соли 2023 ҳисоббаробар карда шуд.

Баҳри иҷрои яке аз вазифаҳои муҳими соҳа, яъне беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, соли 2023 дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018 таҳти №374 ва фармоиши Агентӣ аз 8 январи соли 2019, №2 беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 9602 гектар заминҳои кишоварзӣ бо маблағи 10088,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ ба маблағи 2242,0 ҳазор сомонӣ  ҳолати мелиоративии 2017 гектар заминҳо беҳтар гардонида шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.

Бо мақсади пешгирии хатарҳои селу обхезӣ  ва рахнашавии соҳили дарёҳо лоиҳаи барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 таҳия гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод карда шудааст.

Бо ин мақсад дар се моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 186,6 ҳазор сомонӣ дар масофаи 2140 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида шудааст.

Қобили зикр аст, ки  бо мақсади васеъ намудани майдони заминҳои обёришаванда дар доираи “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2022, №90 тасдиқ гардидааст, корҳо ҷараён дорад.

Тибқи нақшаи Барномаи мазкур соли ҷорӣ азхуд намудани 1547 гектар заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии 480 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда пешбинӣ шудааст. Ҷараёни иҷрои барномаи мазкур ҳамасола то санаи 1 феврал мониторинг карда мешавад.

Соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои муттамаркази сохтмони асосӣ азхудкунии заминҳои нав 570 га, беҳтар намудани таъминоти оби заминҳо 130 га, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои аз гардиш берунмонда  200 га, парма намудани чоҳҳои амудӣ 4 адад, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ 2625 м, кашидани қубурҳои обгузар 24600 м, ба иҷро расонида шуд.

Барои дастгирии соҳа дар назди Агентӣ 3 лоиҳаи сармоягузорӣ ба фаъолият намуда истодаанд, аз ҷумла лоиҳаҳои “Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон”, «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ» ва лоиҳаи “Системаи обёрии ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ тобовар ва навсозии заҳкашу заҳбурҳо дар ҳавзаи дарёи Вахш”.

Созмондиҳӣ ва рушди ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) дар доираи ислоҳоти соҳаи об идома дорад.

Тибқи ҳисоботҳо ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 361 адад АИО фаъолият доранд, ки ба майдони 417323,4 гектар заминҳои обёришаванда хизматрасонӣ менамоянд.  Аз ҷумла дар вилоятҳои Суғд 190 адад АИО ба майдони 188769 гектар, Хатлон 137 адад АИО ба майдони 204040  гектар,  ВМКБ 11 адад АИО ба майдони 1646,9 гектар, минтақаи Ҳисор 6 адад АИО ба майдони 5975 гектар ва минтақаи Душанбе 17 адад АИО ба майдони 16892,5 гектар хизмат расонида истодаанд.

Ба воситаи нақлиёти боркаш дар ин давра 38,1 ҳазор тонна борҳои хоҷагии халқ кашонида шуда, тавассути механизмҳои заминкан дар ҳаҷми 1806,8 ҳаз.м3 корҳо ба анҷом расонида шудааст.

Ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ шумораи кормандони соҳа 5856 нафарро ташкил дода, аз он  дар соҳаи истифодабарӣ 5752 нафар ва дар сохтмон 104 нафар кор ва фаъолият намуда истодаанд. Музди миёни моҳонаи кормандон дар  ин давра 776 сомониро ташкил медиҳад.

Таъмини иҷрои ҳамаҷонибаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» дар мадди назари Роҳбарияти Агентӣ қарор дошта, нисбат ба муроҷиатҳои шаҳрвандон тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодаанд. Шаҳрвандон асосан ба масъалаҳои таъмин намудани онҳо бо оби нӯшокӣ ва обёрӣ, расонидани кӯмаки моддӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, барқарорсозӣ ва тозакунии шабакаҳои обёрӣ, заҳбуру заҳкашҳо ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаётӣ муроҷиат намудаанд, ки тибқи талаботи қонуни мазкур аз ҷониби масъулини Агентӣ сари вақт ҳаллу фасл шуда истодаанд.

Дар баробари пешрафт дар фаъолияти Агентӣ ва сохторҳои он норасоӣ ва мушкилот низ ҷой доранд, ки ҳалли онҳо барои рушди соҳа мусоидат менамояд.

Тибқи нақша ба таври зарурӣ ҷудо нагардидани маблағҳо барои иҷроиши Барномаҳои давлатии бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида, нокифоя будани маблағҳо барои нигаҳдошти саддҳову обгардонҳо ва дигар иншооти зидди обхезии мавҷуда, ки аксари онҳо фарсуда ва корношоям гашта, қисме аз онҳо пурра хароб гардидаанд, кӯҳна ва фарсуда гардидани бино ва иншооти соҳа,  ба таври ҷиддӣ эҳсос кардани норасогии техникаву механизмҳои муосири замонавӣ, саривақт пардохт нагардидани маблағи ҳаққи хизмати обрасонӣ, номгӯи нопурраи мушкилотҳои ҷойдошта мебошанд.

Дар ҷараёни ҷаласа аз ҷониби ҳайати мушовара масъалаҳои рузмараи соҳа баррасӣ гардида, ҷиҳати бартараф намудани онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, масъулин дар семоҳаи дуюм муваззаф гардиданд, ки:

- бо истифода аз захира ва имконоти мавҷуда таъмини иҷрои пурраи нақшаи “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”;

- таъмини иҷрои нақшаи беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо;

- андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати коҳиш додани хатари селу обхезиҳо ва таъмини бехатарии аҳолӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва заминҳои кишоварзӣ аз таъсири зиёновари онҳо;

- амалӣ намудани талаботҳои ба Агентӣ дахлдори қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №142  “Дар бораи солимгардонии вазъи иқтисодию молиявии низоми беҳдошти замин, обёрӣ ва энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон”;

- амалӣ намудани тадбирҳои судманд дар ҳамкорӣ бо Вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд вобаста ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва инчунин базаи моддӣ-техникии ташкилотҳои соҳа;

- таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи мукаммали сармоягузорӣ барои бо таҷҳизотҳои муосири каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027».

Нашр шудааст: 11 Апрел 2023