Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ АГЕНТИИ БЕҲДОШТИ ЗАМИН ВА ОБЁРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 07.07.2022

Сана 07 июли соли 2022 дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи ҳайати мушовара “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои зертобеи Агентӣ дар шаш моҳи соли 2022 ва вазифаҳо барои се моҳи оянда баргузор гардид.

Дар ҷаласа директори Агентӣ Холмурод Раҳмон, муовини якуми директор Сироҷиддинзода Баҳриддин, муовини директор Ҷумазода Сабур, муовини директор Зуҳурзода Баҳрулло, роҳбарони раёсату шуъба ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Агентӣ ширкат варзиданд.

Нахуст, директори Агентӣ ҷаласаро оғоз намуда, барнома ва сархати мавзӯҳои баррасишавандаро ба самъи иштирокдорон расонид. Сипас тибқи барномаи ҷаласа муовини директор Ҷумазода Сабур натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои зертобеи Агентиро дар шаш моҳи соли 2022 мавриди таҳлил қарор дода, диққати ҷиддиро ба истифода бурдани тамоми имкониятҳо ҷиҳати таъмини пурра ва саривақтии оби полезӣ ба хоҷагидорон равона намуд.

Соли ҷорӣ Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар миқёси ҷумҳурӣ бо 62540 истифодабарандагони об, дар майдони  548561 гектар шартнома ба имзо расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 206 гектар зиёд мебошад. Тибқи дархост ва талабот ба истифодабарандагони об дар ин давра  дар ҳаҷми 2073,1 млн.м3 об расонида шудааст.

Пардохти ҳаққи хизматрасонии об, омили асосии рушди соҳа ба ҳисоб рафта, барои дар мўҳлатҳои муайян омода намудани шабакаҳои обёрӣ ба мавсими обдиҳӣ ва таъмин намудани истифодабарандагон бо оби обёрӣ мусоидат менамояд. Бо ин мақсад, аз ҷониби истифодабарандагони об дар ин давра 72% - и ҳаҷми умумии маблағи хизмати обрасонӣ пардохт карда шудааст.

Аз сабаби саривақт пардохт нагардидани ин маблағҳо қарзи обистифодабарандагон дар назди идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо афзуда, ба ҳолати 1 июли соли 2022 бо дарназардошти солҳои пешин 168,3 млн.сомониро ташкил медиҳад. Ин раванд боис мегардад, ки қарзҳои дебиторию кредитории ташкилоту идораҳои Агентӣ афзоиш ёбад. 

Баҳри иҷрои яке аз вазифаҳои муҳими соҳа, яъне беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, соли ҷорӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018 таҳти №374 ва фармоиши Агентӣ аз 8 январи соли 2019, №2, ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ ҳолати мелиоративии 6212 гектар (61%) заминҳо беҳтар гардонида шудааст.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, №285 “Дар бораи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” дар натиҷаи гузаронидани корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар давраи ҳисоботӣ ба дарозии 14512 метр корҳо иҷро гардиданд.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади васеъ намудани майдони заминҳои обёришаванда аз ҷониби Агентӣ “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2022, №90 тасдиқ карда шудааст. Тибқи нақшаи Барномаи мазкур соли ҷорӣ азхуд намудани 1390 гектар заминҳои нави обёришаванда пешбинӣ шудааст.

Тибқи ҳисоботҳо ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 359 адад АИО фаъолият доранд, ки ба майдони 404359 гектар заминҳои обёришаванда хизматрасонӣ менамоянд.  Аз ҷумла, дар вилоятҳои Суғд 187 адад АИО ба майдони 189911 гектар, Хатлон 137 адад АИО ба майдони 191986 гектар, ВМКБ 11 адад АИО ба майдони 1625 гектар, минтақаи Ҳисор 6 адад АИО ба майдони 3810 гектар ва минтақаи Душанбе 18 адад АИО ба майдони 17027 гектар хизмат расонида истодаанд.

Ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ шумораи кормандони соҳа 5980 нафарро ташкил дода, аз он дар соҳаи истифодабарӣ 5871 нафар ва дар сохтмон 109 нафар кор ва фаъолият намуда истодаанд. Музди миёни моҳонаи кормандон дар ин давра 669 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҷаласа аз ҷониби ҳайати мушовара масъалаҳои рузмараи соҳа баррасӣ гардида, ҷиҳати бартараф намудани онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, бо мақсади ба таври муташаккилона ва ба муваффақият ба анҷом расонидани мавсими обёрии соли 2022 масъулин дар семоҳаи минбаъда муваззаф гардиданд, ки:

       -аз тамоми захира ва имкониятҳо истифода намуда, пурра ва саривақт обистифодабарандагонро бо оби полезӣ таъмин намоянд;

        -иҷрои пурраи нақшаи беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳоро таъмин намлянд;

        -ҷиҳати коҳиш додани хатари селу обхезиҳо ва таъмини бехатарии аҳолӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва    заминҳои кишоварзӣ аз таъсири зиёновари онҳо тадбирҳои зарурӣ андешиданд;

        -якҷо бо Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба таври лозима маблаѓгузорӣ намудани Барномаҳои давлатии қабулгардида вобаста ба соҳа тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд.

 

Нашр шудааст: 08 Июл 2022