Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Баргузории Ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ҷабъбасти соли2020)

Сана 15 январи соли 2021 дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи ҳайати мушовара “Дар  бораи   натиҷаҳои  фаъолияти  истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо,  корхонаҳо ва  муассисаҳои зертобеъи Агентӣ дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021” тариқи ширкати бевосита ва видеоконфронс баргузор гардид.

Дар Ҷаласа  Директори Агентӣ Холмурод Раҳмон, муовини якуми Директор Сироҷиддинзода Баҳриддин, муовини Директор Ҷумазода Сабур, муовини сардори Раёсати кишоварзӣ  ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Холзода Киромиддин, роҳбарони раёсату шуъба ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ бевосита ширкат варзида, роҳбарони зерсохторҳои Агентӣ тариқи фосилавӣ ба видеоконфронс пайваст гардиданд.

Нахуст, муовини якуми Директори Агентӣ Сироҷиддинзода Баҳриддин «Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо,  корхонаҳо ва муассисаҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳо барои  соли 2021» суханронӣ намуданд.

Зимнан, ҳисоботҳои роҳбарони зерсохторҳои Агентӣ аз ҷумла, Раёсатҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, минтақаҳои Ҳисор, Душанбе, Шуъба беҳдошти замин ва обёрӣ дар ВМКБ ва Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру нохияҳо шунида шуда, мавриди таҳлил ва баррасии роҳбарияти Агентӣ қарор гирифт.

Раёсатҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, минтақаҳои Ҳисор, Душанбе, Шуъба беҳдошти замин ва обёрӣ дар ВМКБ ва Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки шартномабандиро бо хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар обистифодабарандагон барои таъминоти об то  оғози мавсими обдиҳӣ  1- апрели соли 2021 анҷом дода, корҳои омодасозии шабакаҳои обёрӣ, пойгоҳҳои обкашӣ ва дигар иншоотҳоро ба мавсими обдиҳӣ  тибқи Нақшаи чорабиниҳои корҳои тирамоҳӣ - зимистонӣ то  1 март анҷом дода, оид ба сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ ва кам кардани талафоти он дар пойгоҳҳои обкашӣ ва таҷҳизотҳои барқӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷети ҷумҳуриявиро барои пардохти нерӯи барқи истифодашудаи  пойгоҳҳои обкашӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда таъмин намоянд.

Ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои Агентӣ оид ба иҷрои  супоришҳое, ки аз сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бармеоянд, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонва фармоишҳои Агентӣ, истифодаи самаранноки имконияту зaxиpaҳои мавҷуда чораҳои амалӣ андешида, бо мақсади дар cатҳи зарурӣ таҷлил намудани чорабиниҳои сатҳи баланд ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  корҳои ободониву бунёдкориро ҷиҳати дар ҳолати хуби санитарию экологӣ нигоҳ доштани гирду атрофи пойгоҳҳои обкашӣ, иншоотҳои гидротехникӣ ва бо воситаҳои ташвиқоти аёнӣ ҷиҳозонидани онҳо вусъат бахшида, барои ташкили чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Ҳамзамион, раёсату шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказии Агентӣ якҷо бо зерсоҳторҳои Агентӣ ҷиҳати иҷрои корҳои зерин вазифадор карда шуданд:

Шуъбаи иқтисод ва ояндабинӣ якҷо бо Шуъбаи дастгириии ассотсиатсияи истифодабарандагони об ҷиҳати татбиқи механизми пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ тариқи системаи электронӣ (билингӣ)  чораҷӯи  намоянд;

Бахши робитаҳои иқтисоди хориҷӣ бо Марказҳои татбиқи лоиҳаҳо ҷиҳати дар муҳлатҳои муайянгардида ва бо сифати баланд анҷом додани корҳо дар иншооти сохташавандаи лоиҳаҳо, маблағҳои грантӣ ва қарзие, ки аз ҷониби институтҳои молиявӣ маблағгузорӣ мешаванд, чораҳо андешида, банақшагирии сохтмон  ва ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба лоиҳаҳо бо Агентӣ  мувофиқа намоянд. Инчунин, якҷо бо раёсату шуъбаҳои дахлдори Агентӣ  барои рушди соҳа лоиҳаҳои инвеститсиониро барои солҳои минбаъда таҳия карда ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод намоянд;

Шуъбаи дастгириии Ассотсиатсияи истифодабарандагони об ҷиҳати фаъолгардонии кори Ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва оиди  беҳтар намудани  ҳамкории онҳо бо Идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо, пурра ҷамъоварӣ намудани ҳаққи хизмати обрасонӣ тадбирҳо андешида амалӣ намоянд;

Муассисаи давлатии  «Назорати  ҳолати  мелиоративии  заминҳо ва истифодаи об», Раёсати ҳавзавии беҳдошти замин ва обёрӣ, дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳои дахлдор оиди беҳтар намудани ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии 9649 га заминҳои корами обӣ  чораҷӯи намуда, иҷрои сифатнок ва пурраи нақшаҳои  барномаи «Беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2019-2023» ро  таъмин намоянд;

Бахши сохтмон ва соҳилмустаҳкамкунӣ ва Раёсати ҳавзавии беҳдошти замин ва обёрӣ дар муҳлати то 1 феврали соли 2021 оид ба иҷрои Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ  берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2012-2020  ҳисоботи ҷамъбастиро омода намуда, бо ҷалби мутахассисон то 1 июли соли равон   лоиҳаи нави Барномаро барои солҳои 2022-2026 таҳия ва тибқи тартиби муқараргардида барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;

Бахши сохтмон ва соҳилмустаҳкамкунӣ, дар  ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи маҳллии   ҳокимияти  давлатӣ  ва вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаи  корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии 31300 метр дар доираи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2018-2022 тадбирҳои зарурӣ андешанд;

Шуъба иқтисод ва ояндабинӣ оид ба таҳияи «Барномаи рушди соҳаи мелиоратсия ва ирригатсия» гурӯҳи корӣ созмон дода то 1 октябри соли 2021  лоиҳаи барномаро таҳия ва пешниҳод намоянд.

Дар фарҷом, аз натиҷаи Ҷаласа  қарори дахлдор қабул гардида, ҷиҳати таъмини устувори оби полезӣ ба обистифодабарандагон ба масъулин вазифаҳои мушаххас дода шуд.

Нашр шудааст: 15 Январ 2021