Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Арҷгузории Рӯзи модар дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз ба ифтихори Рӯзи модар дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона бо иштироки Директори Агентӣ Давлатзода Зафарбек, Муовини Директор Зуҳурзода Баҳрулло ва дигар кормандони Дастгоҳи маркази баргузор гардид.  Дар чорабинии мазкур Директори Агентӣ суханронӣ намуда тамоми кормандон-бонувони Дастгоҳи марказӣ ва дар симои онҳо ҳайати кормандон-бонувони соҳаи беҳдошти замин ва обёриро  аз самими қалб табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуда, ба онҳо туҳфаи идона тақдим намуданд. 

Нашр шудааст: 07 Март 2023