Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

ҶАЛАСАИ ҲАШТУМИ КОМИССИЯИ МИЛЛӢ ОИД БА ИРРИГАТСИЯ ВА ДРЕНАЖ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 1 декабри соли 2021 ҷаласаи 8-уми навбатии Комиссияи миллӣ оид ба ирригатсия ва дренаж (КМИД) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии, Тоҷикистон Раиси КМИД гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур аъзоёни КМИД, намояндагони вазорату идораҳо, намояндагони муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, намояндагони институтҳои молиявии байналмилалӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳо вобаста ба фаъолияти КМИД ва иштироки он дар кори Комиссияи байналмилалӣ оид ба ирригатсия ва дренаж, натиҷаҳои таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ, таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои ҷорӣ намудани низоми автоматикии баҳисобгирии истифодабарии нерӯи барқ дар вилояти Суғд, барқарорсозӣ ва азнавсозии пойгоҳҳои обкашии бузург дар вилояти Суғд, беҳтар намудани идоракунии низоми обёрӣ дар вилояти Суғд ва инчунин масъалаҳои гендерӣ, аз ҷумла баланд бардоштани мақоми зан дар соҳаи об, баррасӣ гардида, нисбат ба масъалаҳои мазкур аз ҷониби иштирокчиён тавассути муҳокимарони пешниҳоду тавсияҳои муфид иброз гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.     

Ҳамзамон дар ҷаласаи мазкур масъалаи густариши ҳамкорӣ бо Комиссияи байналмилалӣ оид ба ирригатсия ва дренаж барои дар соли 2023 гузаронидани 14-ум семинари байналмилалӣ оид ба дренаж дар ш. Душанбе баррасӣ гардид.

Дар хотима, аз ҷониби аъзоёни КМИД Тоҷикистон қарори дахлдор вобаста ба мавзӯҳои дар ҷаласаи навбатӣ барасишаванда қабул гардид.

Бояд зикр кард, ки КМИД, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 октябри соли 2015, № 620 дар назди Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, густариши ҳамкории худро дар сатҳи байналмилалӣ таввасути иштирок дар чорабиниҳои Комиссияи байналмилалӣ оид ба ирригатсия ва дренаж ва Форумҳои ҷаҳонӣ оди ба ирригатсия ҷиҳати ҷалби тавваҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, шарикони рушд, маблағҳои сармоягузории байналмилалӣ барои рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ ба роҳ мондааст.

Нашр шудааст: 02 Декабр 2021