Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сана 05 январи соли 2022 дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи ҳайати мушовара “Дар бораи   натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои зертобеъи Агентӣ дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022” баргузор гардид.

Дар Ҷаласа Директори Агентӣ Холмурод Раҳмон, муовини якуми Директор Сироҷиддинзода Баҳриддин, муовини Директор Ҷумазода Сабур, сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабурзода Мирзодавлат, роҳбарони раёсату шуъба ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Агентӣ ширкат варзиданд.

Нахуст, Директори Агентӣ Холмурод Раҳмон «Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои  соли 2022» суханронӣ намуданд.

Қайд гардид, ки дар соли 2021 Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар миқёси ҷумҳурӣ бо 60093 адад истифодабарандагони об дар майдони 545504 гектар шартномаи доду гирифти обро ба имзо расонида, тибқи дархост ва талабот кишоварзонро ба миқдори 4188,1 млн.м3 мутаносибан нисбат ба соли гузашта 78,3 млн.м3 зиёд бо оби полезӣ таъмин намуда, мавсими обёриро муташаккилона ба анҷом расониданд. 

Пардохти ҳаққи хизматрасонии об омили асосии рушди соҳа ба ҳисоб рафта, барои дар мӯҳлатҳои муайян омода намудани шабакаҳои обёрӣ ба мавсими обдиҳӣ ва таъмин намудани истифодабарандагон бо оби обёрӣ   мусоидат менамояд. Аз ҷониби истифодабарандагони об дар ин давра 80% ҳаққи хизматрасонии об пардохт карда шудааст.

Аз сабаби пурра пардохт нагардидани ҳаққи хизматрасонии об қарзҳои дебитории Агентӣ зиёд гардида, дар мӯҳлатҳои муайян омода намудани шабакаҳои обёрӣ ба мавсими обдиҳӣ ва таъмин намудани истифодабарандагон бо оби полезӣ мушкил мегардад.

Ба ин нигоҳ накарда, Агентӣ ва зерсохторҳои он ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №101 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022” корҳои омодасозии шабакаҳои обёриро тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда ба роҳ монда, дар соли 2021 нақшаҳои тоза намудани шабакаҳои обёрӣ аз гилу обовардҳо дар ҳаҷми 1374 ҳазор м3, заҳбуру заҳкашҳо 1262 ҳазор  м3, таъмири иншоотҳои гидротехникӣ 334 адад, бинои пойгоҳҳои обкашӣ 16 адад, дастгоҳҳои обкашӣ 465 адад, чоҳҳои амудӣ 27 адад, зеристгоҳҳои барқӣ 76 адад, трансформаторҳо 126 адад, сулулҳо 394 адад, хатҳои барқӣ 35,9 км ва танзими сарбандҳо ба иҷро расонида шуд.

Бо мақсади иҷрои яке аз вазифаҳои муҳими соҳа, яъне беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018, №374 ва фармоиши Агентӣ аз 8 январи соли 2019, №2 соли 2021 дар ҷумҳурӣ беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 9649 гектар заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ ба нақша гирифта шуда, дар давоми соли 2021 корҳои мелиоративӣ ба анҷом расонида, ҳолати 9872 гектар (102%) заминҳои ғайриқаноатбахши мелиоративӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ беҳтар карда шудааст.

Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, №285 “Дар бораи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” дар соли 2021 гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии 31300 метр пешбинӣ гардида, соҳилҳо ба дарозии 28311 метр, барқарор ва мустаҳкам карда шудаанд.

         Бо мақсади азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда аз ҷониби мутахассисони масъули Агентӣ лоиҳаи Барномаи нави давлатии “Азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” таҳия гардида, бо хулосаҳои вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст.

Зимнан, ҳисоботҳои роҳбарони зерсохторҳои Агентӣ аз ҷумла, Раёсатҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, минтақаҳои Ҳисор, Душанбе, Шуъба беҳдошти замин ва обёрӣ дар ВМКБ ва Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру нохияҳо шунида шуда, мавриди таҳлил ва баррасии Раёсат қарор гирифт.

Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби Ҳайати мушовара қарорҳои дахлдор қабул гардида, бо мақсади оғози бе монеаи мавсими обёрии соли 2022 ба масъулин чунин вазифаҳо пешбинӣ гардид:

- таъмини иҷрои нақшаи беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо;

- андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати коҳиш додани хатари селу обхезиҳо ва таъмини бехатарии аҳолӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва заминҳои кишоварзӣ аз таъсири зиёновари онҳо;

- оғоз намудани  корҳои омодасозии шабакаҳои обёрӣ ба мавсими обдиҳии соли 2022;

 - амалӣ намудани тадбирҳои судманд якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва инчунин базаи моддӣ-техникии ташкилотҳои соҳа;

- андешидани тадбирҳои зарурӣ якҷоя бо Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба таври лозима маблағгузорӣ намудани Барномаҳои давлатии соҳавӣ;

-таҳияи лоиҳаи “Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ”.

Ҳамзамон, Раёсатҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, минтақаҳои Ҳисор, Душанбе, Шуъба беҳдошти замин ва обёрӣ дар ВМКБ ва Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки шартномабандиро бо хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар обистифодабарандагон барои таъминоти об то  оғози мавсими обдиҳӣ  1- апрели соли 2022 анҷом дода, корҳои омодасозии шабакаҳои обёрӣ, пойгоҳҳои обкашӣ ва дигар иншоотҳоро ба мавсими обдиҳӣ  тибқи Нақшаи чорабиниҳои корҳои тирамоҳӣ - зимистонӣ то  1 март анҷом дода, оид ба сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ ва кам кардани талафоти он дар пойгоҳҳои обкашӣ ва таҷҳизотҳои барқӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷети ҷумҳуриявиро барои пардохти нерӯи барқи истифодашудаи  пойгоҳҳои обкашӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда таъмин намоянд.

Нашр шудааст: 06 Январ 2022