Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз 16.11.2021 дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро Директори Агентӣ Холмурод Раҳмон оғоз намуда, оид ба таҳавулотҳои даврони нооромии кишвар ва саҳми арзанда ва хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон ибрози андеша намуданд. 

Ҳамзамон қайд намуданд, ки 16 ноябр, дар Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди  Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯз соли 1992 дар иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии мамлакат дар шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд ва дар таърихи миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон марҳилаи муҳиму созанда ва сарнавиштсоз оғоз гардид.

Ба таври расмӣ Рӯзи Президент бо қарори Маҷлиси Олии мамлакат 15 апрели соли 2016 таъсис дода шуд. Инак, соли панҷум аст Рӯзи Президент дар Тоҷикистон ҳамчун иди давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳадаф аз таъсис ва таҷлили Рӯзи Президент – арҷгузорӣ ба хизматҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Тоҷикистон ва мардуми он аст.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон, марҳилаи муҳими давлатии шурӯъ намудан ба иҷрои вазифаи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи навқабулгардида ба ҳисоб меравад.

Боиси қаноатмандӣ ва масъулиятшиносии баланд аст, ки дар масири кӯтоҳи давлатдории навинамон аз баракати сиёсати созандаву бунёдкорона ва хирадмандонаю ояндабини Пешвои миллат, дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон  бо таҳкиму тавсеаи заминаҳои ҳуқуқӣ, таъмини ваҳдату субот, ҳамзистии осоиштаи қишрҳои ҷомеаву волоияти қонун, рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва институтҳои шаҳрвандӣ барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам гардида, ормонҳои миллӣ муваффақона амалӣ карда мешаванд.

Пешвои мамлакат решаи ваҳдати миллиро дар амонӣ ва хайрхоҳии кулли афроди миллат дарёфтанд. Онро дар пойгоҳи худшиносии миллӣ ва пос нигоҳ доштани хотираи фарзандони фарзонаи миллат, гузаштагони баору номус таҳким додан. Таъкид ба амал оварданд, ки ҳар як фарди миллати накӯном ҳамон вақт ба миллаташ ҳусни таваҷҷӯҳ пайдо мекунад, ки бо таърихи тамаддуни хеш шинос бошад ва бо он фахр кунад. Бозёфт, феномени пешвои миллат низ дар ҳамин аст, ки барҳақ аз қудрати баланди эъҷозкорӣ ва тавонмандии эшон дарак медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон собит намудаанд, ки халқи тоҷик ва тоҷикон аз азал мардуми сулҳдуст ва башардӯст буда, некӣ ва арзишҳои инсониро ба арши олии муқаддасот ва густариши муносибатҳои ҳасанаи Тоҷикистон бо кулли давлатҳову кишварҳои дунё мегузорад. Ҷаноби Олӣ мубашшири арзишҳову ҳикматҳои зиндагӣ, мунодии баргузидаи афкори хирадпеша ва андарзи насиҳатомези гузаштагони бузурги мо гардиаанд.

Дар охир, Холмурод Раҳмон ба тамоми кормандон ин Рӯзи фархундаро бо ҳиссиёти баланди ватандустӣ ва эҳтироми бепоён таҳнияту муборакбод гуфта, ба ҳар яки онҳо сарбаландию саодатмандӣ орзу намуд. Ба ифтихори ин санаи бузург пас аз ҷаласа тамоми кормандонро ба зиёфат даъват намуданд.

 

Нашр шудааст: 16 Ноябр 2021