Вохӯри бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 23 апрели соли равон дар маҷлисгоҳи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои муқарраротҳои “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” мулоқот баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини директори Агентӣ Сафарзода Олим, Сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Розиқзода Алихон Абдулҳаким, кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Aгентӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини директори Агентӣ Сафарзода Олим кушода, сипас Сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Розиқзода Алихон Абдулҳаким ҷиҳати дар амал татбиқ намудани талаботҳои “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, оид ба баррасии пешниҳодҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ва 29 марти соли 2025, №11-919 ва №11-936 “Дар бораи пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд” баромад намуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ мубодилаи афкор ва суолу ҷавобҳои кормандон бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.