Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Суханронии Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 27 солгарди иҷлосияи 16 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкасбони азиз, Ҳозирини гиромӣ!

Тоҷикистон. Тоҷикистони софу беғубор. Дар зери осмони он фазои оромӣ, сулҳу амонӣ, ободии диёр, роҳҳои ҳамвору зебо, барафрозии корхонаву нерўгоҳҳо ба назар мерасад, ки ҳамаи ин шарофати Истиқлолият ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Аз ин рӯ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро набояд танҳо 16 ноябр интизорӣ кашем. Бояд ҳар рӯз барои мо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад. Зеро шахсияти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун қисми ҷудонашавандаи ҷамъияти сиёсӣ ва фарҳангии кишвар аст, ки дар афкори ҷамъиятии муосири тоҷик амиқ ҷой гирифтааст.                          

Суханрониҳои нахустинаш дар Иҷлосияи тақдирсоз, аз барқарории сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгардонии гурезаҳо ба Ватан буд, умеди халқро зинда кард ва шуълаи саодати рӯзгор дурахшон шуд. Месазад, ки на танҳо дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар арафаи ҷашну воқеаҳои таърихӣ, балки ҳамарӯза аз заҳмату ҷонфидоиҳои таърихии Пешвои муаззами миллат бо камоли эҳтиром ва қадрдониву шукргузорӣ ёдоварӣ намоем.

Таърих фаромӯш нахоҳад кард, ки ҷойгоҳи шоистаи имрӯзи давлати соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ ва зиндагии пурнишоти мардуми тоҷик ҳосили талошҳои бардавому хастанопазири Пешвои муаззами миллат аст. Зеро ҳанӯз аз хотираҳо зудуда нагаштааст, ки мо дар оғози истиқлолият ба чӣ рӯзҳое гирифтор будем. Бо дасисаи гурӯҳҳои манфиатдори дохилию хориҷӣ пояҳои давлати соҳибистиқлол зарба хӯрданд, аркони давлатдорӣ фалаҷ шуда, мардум сарсону овора гардид.
Бо амри тақдири наку дар чунин рӯзҳои сахту сангин сарвари дилсӯзу ғамхор Президенти маҳбуби кишвар сари қудрат омад ва ин доғ аз саҳифаи рӯзгори мардум бардошта шуд.

Таърихи навтарини давлати тоҷиконро усулан ба ду давра ҷудо намудан мумкин аст: давраи то соли 1997 ва давраи баъд аз соли 1997. Тавре мо медонем, кишвари мо то соли 1997, амалан пойбанди моҷарои дохилӣ буд ва вазифаи асосии Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки худашон ҳанӯз дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда буданд, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва ба Ватан баргардондани фирориён ба шумор мерафт.

Бо мақсади иҷрои ин ниятҳои нек, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешвои воқеии миллат намунаи аз худ гузаштанҳоро нишон дода, ҳамаи ҷонибҳои ба сулҳ манфиатдорро гирди ҳам овард ва дар ниҳоят Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид. Мардуми кишварамон дар атрофи Пешвои муаззами худ муттаҳид гардида, ҳаёти осоишта ва созандагиро оғоз намуданд.

27 солгарди иҷлосияи 16 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи Шумо, ҳамкасбони азиз муборак бошад!

Нашр шудааст: 16 Ноябр 2019