Сухани табрикотии Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 25 умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони
Ҳамкасбони азиз, Ҳозирини гиромӣ!
Давлати мустақил давлатеро меноманд, ки дорои рамзҳои давлатӣ, сарҳад, артиш мебошад. Дар баробари ҳамаи ин ҳар як давлат қонуни асосӣ дорад, ки дар он ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандонаш сабт шудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам китобе ҳаст, ки мо онро «Қонуни бахт», «Бахтнома» мегӯем, зеро дар ин китоб, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дорад, тамоми қонуниятҳои зиндагонии сокинони кишвар сабт шудааст. Бояд ҳар як сокини ҷумҳурӣ ин қонунро эҳтиром карда, дар доираи арзишҳои он кору фаъолият намояд. Дӯстони азиз, Шумо низ фахр кунед, ки сокини Ҷумҳурии Тоҷикистонед. Вақте ки ба дунё омадед, ба Шумо гувоҳнома додаанд, ки он сокини ҷумҳурӣ буданатонро тасдиқ мекунад. Шумо ҳамчун сокини комилҳуқуқи Тоҷикистон бояд ҳуқуқ ва вазифаҳои худро донед. Ҳамаи онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шудаанд.
Шашуми ноябри соли ҷорӣ мардуми ҷумҳурӣ 25-солагии қабули муҳимтарин ва волотарин санади ҳуқуқии кишвар Конститутсияро, ки бо мақсади бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ қабул шуда буд, ҷашн хоҳанд гирифт. Қабули Сарқонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи даврони Истиқлолият ба шумор рафта, рӯйдоди дар ҳақиқат бузург ва тақдирсоз мебошад.
Ин ҳуҷҷати таърихӣ Истиқлолияти давлатии тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии пешрафту инкишофи давлату ҷомеаро бо воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ муайян сохт.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22-майи соли 2016 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Қабули Конститутсия соли 1994 натанҳо дар пайдоиши усулу падидаҳои гуногуни демократӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон заминаи ҳуқуқӣ гузошт, балки рушду равнақ ва таъмини онҳоро кафолат дод. Ин санади муқаддас, ки бо назардошти ирода ва манфиатҳои аксари мутлақи мардуми кишвар ва роҳи рушди ояндаи давлатамон таҳия ва пазируфта шудааст, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон асоси боэътимод гузошт.
Бо соҳибихтиёр гардидани Тоҷикистон кишвари мо ба бӯҳрони конститутсионӣ рӯ ба рӯ шуд ва дар натиҷаи поймол шудани Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда солҳои 1991-1992 фаъолияти тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардида, кашмакашиҳои сиёсӣ ва бесарусомониҳо ба миён омаданд. Дар давраи ниҳоят ҳассоси аз як сохт ба сохти дигари давлатдорӣ гузаштани Тоҷикистон қудратталабии сиёсии баъзе ҳизбу ҳаракатҳо ва шахсиятҳои алоҳида боиси риоя нагардидани меъёрҳои Қонуни Асосӣ гардид ва ин амал оқибат ба ҷанги даҳшатноки шаҳрвандӣ оварда расонд, ки он воқеан ба тамомияти арзиву мавҷудияти давлати Тоҷикистон ва ягонагии миллати тоҷик хатари ҷиддӣ дошт.
Барои ба эътидол овардани вазъият, тағйири комили сохт ва низоми нави давлату давлатдорӣ мо бояд Конститутсияи нав қабул мекардем. Бо ин мақсад Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон масъалаи қабули Конститутсияи навро баррасӣ намуд. Дар баробари ин ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, бахусус он ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи инсонро ба танзим медароранд, аз ҷумла Эъломияи ҳуқуқи башар, Қарорҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, Қарордоди байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ васиёсӣ, Эъломияи Париж ва санадҳои маҷлиси машваратӣ оид ба амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо мавриди омӯзиш қарор дода шуд ва муқаррароти онҳо ба инобат гирифта шуданд.
Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад.
Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи мо барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навин омили асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёди тамоми муносибатҳои сиёсиву иқтисодии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муассир дорад. Он ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат дода, асосҳои сохти ҷамъият, шакли идоракунӣ ва ташкилӣ, ҳудуди давлат, асосҳои таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва муносибати онҳоро муайян менамояд. Дар Қонуни Асосии мо ин масъалаҳо бо назардошти хусусиятҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, давлативу ҳуқуқӣ, милливу таърихӣ ва анъанаву суннат-ҳои мардумии кишварамон дарҷ ёфтаанд. Аз ин ҷиҳат, Конститутсияи мо санади ифодакунанда ва ҷавобгӯи ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст.
Конститутсия заминаҳои асосии сохторҳои давлатӣ ва низоми сиёсиро тағйир дода, низоми идоракунии авторитариро ба рақобати озоди сиёсӣ ва муҳокима иваз намуд ва дар Тоҷикистон барои густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам овард.
Бояд гуфт, ки дар асоси моддаи 6-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад.Ин меъёр бори дигар собит менамояд, ки манбаи ҳокимияти давлатиро халқи Тоҷикистон ташкил медиҳад. Конститутсия аз они халқ буда, барои халқ хизмат мекунад.
Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо вазифадорем, ки барои ҳифзи Ватан, сулҳу амният, оромию осоиштагӣ зидди он қувваҳое, ки алайҳи давлату Конститутсияи мо мебошад, қатъӣ мубориза бурда, ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, мамлакатро ҳифз намоем.
Чуноне файласуфи Юнони қадим Демокрит гуфта буд: "Мақсад аз қонун беҳтар намудани аҳволи зиндагии одамон аст. Вале ин мақсад вақте амалӣ мегардад, ки худи одамон хоҳиши беҳтар намудани аҳволашонро дошта бошанд. Чунки қонун танҳо ба ашхосе манфиат мерасонад, ки дар итоаташ бошад".
Дар моддаи 6-уми Конститутсия халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф карда мешавад, ки онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Бояд тазаккур дод, ки дар ин моддаи Конститутсия мафҳуми конститутсионии халқ баён карда шудааст, яъне халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
Дар моддаи зикршудаи Конститутсия таъкид шудааст, ки аз номи халқи Тоҷикистон фақат Президенти Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд. Дар моддаи 10-уми Конститутсия бошад, волоияти Қонуни Асосӣ мустаҳкам карда шудааст, тибқи он "Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад" ва меъёрҳои он мустаҳкам амал мекунанд.
Бинобар ин, Конститутсия барои тамоми санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ манбаи ҳуқуқӣ мебошад ва ҳамаи онҳо бояд дар асос ва мувофиқи Конститутсия қабул карда шаванд. Дар ҳолати ба Конститутсия мувофиқат накардани санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ онҳо эътибори ҳуқуқии худро гум мекунанд.
Дар баробари ин, дар банди 2, моддаи 10-уми Конститутсия муқаррар карда шудааст, ки "Давлат ва ҳамаи мақомоти он шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд". Боби сеюми Конститутсия ба мақомоти олии ҳокимияти намояндагӣ ва қонунгузори кишвар- Маҷлиси Олӣ бахшида шудааст, ки ба ӯҳдаи он ба амал баровардани салоҳияти яке аз рукнҳои ҳокимият - қонунгузорӣ гузошта шудааст. Боби мазкур "Маҷлиси Олӣ" ном дорад.
Бинобар ин, бори нахуст дар Конститутсияи амалкунанда Шӯрои Олӣ номи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт. Дар баробари ин аввалин маротиба дар таҷрибаи давлатдории кишварамон он соҳиби парламенти дупалатагӣ гардид, ки натиҷаи тағйиру иловаҳои 26 сентябри соли 1999 мебошад. Маҷлиси Олии ҶТ аз ду маҷлис - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: "Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қавлу қасами миллати тоҷик дар назди худ ва халқи ҷаҳон дар мавриди бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ аст".
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 25 соли арзи вуҷудаш барои қавию ғанӣ гардонидани пояҳои давлату давлатдорӣ, қонуният, волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хизмат карда, симои сиёсӣ ва обрӯю эътибори Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир муаррифӣ намуд.
Дар охир ҳамаи Шумоён азизонро бори дигар ба ифтихори Рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрику муборакбод намуда ба шумо саломати ва дар фаъолияти меҳнатиатон бурдбориҳои беназирро орзумандам. Ташакур ба диққататон!