Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи миллӣ оид ба ирригатсия ва дренажи Тоҷикистон таҳти шиори Рушди илм дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ

Рўзи 27 сентябри соли 2019 ҷаласаи навбатии комиссияи миллӣ оид ба ирригатсия ва дренажи Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИД Тоҷикистон) гузаронида шуд.

Ҷаласаи 7-уми навбатии Комиссияи миллӣ оид ба ирригатсия ва дренажи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори Рушди илм дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ ба Форуми сеюми ҷаҳонӣ оид ба обёрӣ бахшида шуда буд.

Дар чорабинии мазкур аъзоёни КМИД Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо, намояндагони муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии соҳавӣ ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои вобаста ба дастовардҳои илмӣ-тадқиқотии соҳавӣ барраси гардида ва ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани онҳо аз ҷониби иштирокчиён тавассути муҳокимарони пешниҳоду тавсияҳои муфид иброз гардид.

Дар хотима, аз ҷониби КМИД Тоҷикистон қарори дахлдор вобаста ба рушди илм дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ қабул гардид.

 

Нашр шудааст: 27 Сентябр 2019