Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи чоруми Комиссияи миллӣ оид ба ирригатсия ва дренажи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар доираи ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” дар солҳои 2018-2028”, эълон гаштани соли 2018 соли «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе рӯзи 4 майи соли 2018 дар толори Осоишгоҳи Баҳористони шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи чоруми Комиссияи миллӣ оид ба ирригатсия ва дренажи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Ҳадаф аз баргузор намудани чорабинии мазкур ин пеш аз ҳама ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба захираҳои обӣ - ҳамчун асоси зиндагии инсон ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ, вусъат бахшидани ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳама сатҳҳо ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об то соли 2030-ро дар бар гирифта, баргузории он баҳри дар сатҳи зарури тарғибу ташвиқ намудани ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” дар солҳои 2018-2028” ва таъмини рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ, истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об мусоидат хоҳад кард.

Дар ҷаласаи навбатии Комиссияи миллӣ оид ба ирригатсия ва дренажи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳо вобаста ба ҳамалоқамандӣ ва ҳамоҳангӣ байни Ҳадафҳои Рушди Устувор, аз ҷумла, ҳадафҳои 6-ум ва 2-юм ки ба ҳамдигар алоқамандии зич дошта, масъалаҳои истифодаи захираҳои об ва озуқавориро дар бар мегиранд ва баҳри ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ, ин ҳам бошад, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат мусоидат менамоянд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бояд тазаккур дод, ки соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ ба ҳайси таъминкунандаи оби полезӣ ба кишоварзон дар ин самт яке аз нақшҳои калидиро мебозад.

Ҳамзамон бо назардошти раванди ислоҳоти соҳаи оби кишвар масъалаҳо вобаста ба таҳияи санадҳои мъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҷониби шарикони рушд дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ ва обёрии заминҳои кишоварзӣ тавассути пойгоҳҳои обкашӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Инчунин дар доираи фаъолияти Комиссияи миллӣ оид ба ирригатсия ва дренажи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 3-юми майи соли 2018 кормандони идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти пойгоҳҳои обкашии вилояти Суғд ба пойгоҳҳои обкашии “Қизилӣ”-и ноҳияи Зафаробод ва “Сомғар”-и ноҳияи Б. Ғафуров ташриф намуданд. Баргузории чунин чорабинӣ шароити мусоид фароҳам овард, то он, ки мутахассисони ин минтақаҳо аз фаъолияти ҳамдигар шинос шуда, миёни худ мубодилаи афкор ва таҷриба намоянд.  

Дар кори ҷаласаи мазкур ҳудуди 45 нафар иштирокчиён, аз ҷумла  намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, намояндагони вазорату идораҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, олимону коршиносони миллии соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ, аъзоёни Комиссияи миллӣ, намояндагони шарикони рушд, институтҳои молиявӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва инчунин намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

Дар анҷоми кори ҷаласаи Комиссияи миллӣ оид ба ирригатсия ва дренажи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи иштирокчиён қарорҳои дахлдор вобаста ба амалҳои минбаъда қабул гардид.

Нашр шудааст: 30 Апрел 2018