ДУВOЗДАҲУМИН ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ МИЛЛӢ ОИД БА ИРРИГАТСИЯ ВА ДРЕНАЖ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Рӯзи 11 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе, дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенси, ҷаласаи 12-уми Комиссияи миллӣ оид ба ирригатсия ва дренаж (КМИД) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси КМИД – Зафарбек Давлатзода баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ тақрибан 80 нафар, аз ҷумла аъзои КМИД, намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, муассисаҳои молиявии байналмилалӣ, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ иштирок карданд.
Дар ҷараёни ҷаласа ба иштирокдорон Нақшаи амалҳо барои солҳои 2024-2026 дар доираи Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2024, №327 тасдиқ шудааст, муаррифӣ гардид. Ҳамчунин, натиҷаҳои 14-умин Семинари байналмилалӣ оид ба дренаж дар мавзӯи “Азнавсозии низоми обёрӣ ва дренаж бо мақсади мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди устувор”, ки аз 30 май то 1 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баррасӣ шуданд.
Илова бар ин, натиҷаҳои татбиқи Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об дар вилояти Суғд дар мавзӯи “Татбиқи тадбирҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар системаҳои обёрӣ ва беҳтар намудани инфрасохтор дар ҳавзаҳои фаромарзии вилояти Суғд”, ки аз ҷониби Хелветас бо дастгирии молиявии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ва Актед дар доираи лоиҳаи STREAM, “Дастгирии Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об барои Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар татбиқи ислоҳоти соҳаи об” пешниҳод шуданд. Инчунин натиҷаҳои лоиҳаи Каритас Швейтсария дар мавзӯи “Хизматрасониҳои машваратӣ оид ба обёрӣ бо дарназардошти шароити обу ҳаво барои беҳбуди некӯаҳволӣ” низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар доираи ҷаласа технологияҳои муосир дар соҳаи обёрӣ ва дренаж аз ҷониби ширкатҳои пешсаф аз Эрон ва Чин муаррифӣ карда шуданд.
Ҳамчунин, дар доираи ин ҷаласа, директори Агентӣ бо Сардори намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Ҳолгер Вифел мулоқот баргузор намуд. Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои муштарак дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ ва омодагии ҳамкорӣ дар самти ҷорӣ намудани технологияҳои каммасрафи барқӣ барои пойгоҳои обкашро муҳокима карданд.
Дар анҷоми ҷаласа иштирокдорон аҳамияти рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёриро ҳамчун яке аз бахшҳои калидии иқтисодиёт, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ дар минтақаҳои деҳот мусоидат мекунад, таъкид намуданд. Зимнан зикр гардид, ки баргузории ҷаласаҳои КМИД ба ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ барои азнавсозии системаҳои обёрӣ ва дренаж мусоидат хоҳад кард.
Гузаронидани ин ҷаласа бо дастгирии Дафтари Барномавии САҲА дар Душанбе сурат гирифт.