Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Баргузории Ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрўз, 16 октябри соли 2020 дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи сеюми ҳайати мушовараи Агентӣ доир гардид. Дар ҷаласа роҳбарияти Дастгоҳи марказии Агентӣ, Директор - Холмурод Раҳмон, муовини якуми Директор - Б. Сироҷиддинзода, муовини Директор - Ҳ. Ҳасанзода, муовини Директор - С. Ҷумазода ва сардорони раёсату шўъбаҳои Дастгоҳи марказӣ инчунин сардорони Раёсату идораҳои беҳдошти замин ва обёрии ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон, минтақаҳои Душанбе, Ҳисор муассиса ва корхонаҳои зертобеи Агентӣ ширкат варзиданд.

Дар ин ҳамоиш оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар 9 моҳи соли 2020 ва вазитфаҳо барои бомуваффақият ҷамъбаст намудани соли хоҷагии 2020 баррасӣ гардид. Нахуст, Директори Агентӣ суханронӣ намуда, фаъолияти 9 моҳаи соҳаро мавриди таҳлили амиқ қарор доданд. Ҳамзамон, муовини Директор С. Ҷумазода маълумотҳои таҳлилиро оид ба вазъи соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ аз қабили  комёбиҳои ба даст омада ва норасоиҳову мушкилҳои мавҷуда мавриди таваҷҷуҳи ҳозирин гардониданд. Инчунин, дар рафти муҳокимаи масъалаҳои мазкур ахборот ва ҳисоботи сардорони Раёсатҳои вилоятии Хатлон - Собирзода М, Суғд - Абдуллозода А., ВМКБ Мирасанов М., Кўлоб - Маҳсиддинов А., минтақаи Ҳисор Баротов Р., минтақаи Душанбе сармуҳандис - Қурбонов М ва дигарон шунида шуд. Ҷаласаи мазкур ба таври озод ҷараён гирифта, фикру мулоҳизаҳои ҳозирин шунида шуда, тамоми масъалаҳои дар фаъолияти идоракунӣ ва истеҳсолии беҳдошти замин ва обёрӣ бавуҷудомада баррасӣ гардиданд.

Аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ махсусан қайд карда шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба буҳрони иқтисодию молиявӣ марбут ба КОВИД 19  бояд захираи дусолаи маводи озуқа тайёр ва захира карда шавад. Бо ин мақсад, таъкид карда шуд, ки раёсатҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоятҳо, минтақаҳо ва идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо бо мақсади дастгирии кормандони соҳа ва таъмин намудани онҳо бо маҳсулоти озуқа кори хоҷагиҳои ёрирасони мавҷударо ҷоннок намоянд.

Дар фарҷом ҷиҳати таъмини устувории фаъолияти соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Ҳайати мушовараи Агентӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, ба масъулон супоришҳои дахлдор ҷиҳати бартараф намудани мушкилию норасоиҳои мавҷуда ва вазифаҳоро барои семоҳаи чорум, инчунин ҷамъбаст намудани соли хоҷагии 2020 дода шуд. Масъалаҳои бо муваффақият баанҷом расонидани мавсими обёрӣ ва гузаронидани чорабиниҳои тирамоҳу зимистона барои тайёр намудани иншоотҳои обёрӣ ба мавсими нави обёрӣ, азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва гузаронидани корҳои соҳилмутаҳкамкунӣ дар мавзеъҳои лозима аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ шуморида шуданд.

Нашр шудааст: 16 Октябри 2020