БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ АГЕНТӢ “ДАР БОРАИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИСТЕҲСОЛӢ, МОЛИЯВӢ ВА ХОҶАГИДОРӢ ДАР СОЛИ 2024 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ ОЯНДА

Имрӯз дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи Ҳайати Мушовара “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои зертобеи Агентӣ дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли оянда баргузор гардид.
Дар ҷаласа директори Агентӣ Давлатзода Зафарбек, муовини якуми директори Агентӣ Зарифзода Хуршед, муовинони директори Агентӣ Зуҳурзода Баҳрулло ва Сафарзода Олим, инчунин роҳбарони раёсату шуъба ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Агентӣ ширкат варзиданд.
Нахуст Директори Агентӣ ҷаласаро кушода эълон намуда, барнома ва сархати мавзӯъҳои баррасишавандаро ба самъи иштирокдорон расонид. Сипас тибқи барномаи ҷаласа муовини Директори Агентӣ Зуҳурзода Баҳрулло натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои зертобеи Агентиро дар соли 2024 мавриди таҳлил қарор дода, қайд намуданд, ки Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дар маҳалбудаи он баҳри татбиқи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои вазифаҳои ба Агентӣ вогузоршуда дар самти таъмини кишоварзон ва дигар истифодабарандагон бо оби обёрӣ, азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соли 2024 корҳои муайянеро ба иҷро расониданд.
Дар ин давра идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар миқёси ҷумҳурӣ бо 75292 истифодабарандагони об, дар майдони 524410 гектар шартномаи доду гирифти обро ба имзо расонида, ба истифодабарандагони об дар ҳаҷми 3,7 млрд.м3 бо арзиши 172,9 млн.сомонӣ, об расонида шуд.
Пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ, омили асосии рушди соҳа ба ҳисоб рафта, барои саривақт омода намудани шабакаҳои обёрӣ ба мавсими обдиҳӣ, корҳои истеҳсолӣ ва пардохти музди меҳнат мусоидат менамояд.
Соли ҷорӣ бинобар сабаби гузаронидани чорабиниҳо вобаста ба ҷорӣ намудани низоми биллингӣ ва пардохти ғайринақдии маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷараёни пардохти маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ каме ба таъхир афтода, дар маҷмуъ 61,3 млн. сомониро ташкил намуда, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузошта 10,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз Ҷумла дар вилоятҳои Суғд 17,4 ҳаз сомонӣ, дар вилояти Хатлон 33,9 млн. сомонӣ, дар ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ 9,8 ҳаз. сомонӣ ва дар ШБЗ ва О дар вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 0,2 ҳаз. сомонӣ пардохт карда шудааст.
Бо мақсади рӯёнидани маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ аз ҷониби Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ба мақомоти суду прокуротура ба маблағи 48,0 млн.сомонӣ маводҳо пешниҳод карда шуда, маблағи 39,8 млн.сомонӣ дар ҳолати баррасӣ қарор доранд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ 1124,8 млн. кВт/соат нерӯи барқ бо арзиши 126,8 млн. сомонӣ истифода карда шудааст.
Яке аз вазифаҳои асосии Агентӣ ин беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ ба ҳисоб меравад, ки он яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд.
Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, соли Ҷорӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумуҳурии ТоҶикистон аз 1 марти соли 2024 таҳти №137 ва фармоиши Агентӣ аз 14 марти соли 2024, №24 беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 9811 гектар заминҳои кишоварзӣ бо маблағи 10,3 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 01 январи соли 2025 корҳои мелиоративӣ ба маблағи 9167,0 ҳазор сомонӣ (89%) ба анҶом расонида, ҳолати 8859 гектар (90%) заминҳои ғайриқаноатбахши мелиоративӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ беҳтар карда шудааст. Аз Ҷумла аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ масоҳати 3067 гектар ба маблағи 2995,0 ҳазор сомонӣ, буҶети маҳаллӣ масоҳати 1403 гектар ба маблағи 1147,0 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби хоҷагиҳо масоҳати 3785 гектар ба маблағи 3355,0 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби лоиҳаҳои инвеститсионӣ масоҳати 401 гектар ба маблағи 682,0 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби шарикони рушд майдони 87 гектар ба маблағи 880,0 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби АИО масоҳати 116 гектар ба маблағи 108,0 ҳазор сомонӣ ба анҶом расонида шудааст.
Мувофиқи рўйхати иншооти сохтмони асосӣ дар соли 2024 аз ҳисоби маблағҳои муттамарказонидашуда ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои корҳои сохтмонию васлкунӣ 23,0 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида, беҳтар намудани таъминоти оби 2800 гектар заминҳо, азхудкунии 220 гектар заминҳои нав, парма намудани 7 адад чоҳи амудӣ ва ба дарозии 0,70 км гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин давра маблағҳои пешбинигардида азхуд карда шуда, ба маблағи 22934,0 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба иҷро расонида шуданд, ки дар натиҷа 210,5 гектар замини нав азхуд карда шуда, дар 2325 гектар замин таъминоти об беҳтар гардонида шуд. Инчунин 1 адад чоҳи амудӣ сохта шуда ба дарозии 1,8 км корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва ба дарозии 1,35 км қубурҳои обгузар гузаронида шуданд.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҶикистон аз 29 апрели соли 2023, №186 “Дар бораи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии ТоҶикистон барои солҳои 2023-2027” дар соли 2024 гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба маблағи 86179,5 ҳазор сомонӣ ба дарозии 36065 метр, аз Ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷети мутамарказ 9380,0 ҳазор сомонӣ ба дарозии 4800 метр, ғайрибуҶетӣ 62660,0 ҳазор сомонӣ ба дарозии 20470 метр, буҷети маҳаллӣ 12711,0 ҳазор сомонӣ ба дарозии 8541 метр ва аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи хизматрасонии об ба маблағи 1428,5 ҳазор сомонӣ ба дарозии 2254 метр пешбинӣ карда шудааст.
Дар натиҶаи гузаронидани корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 44082,0 ҳазор сомонӣ (51%) ба дарозии 33541 метр (93%), аз ҷумла аз ҳисоби буҷети муттамарказ ба маблағи 11832,4 ҳазор сомонӣ ба дарозии 2885 метр, буҷети маҳаллӣ ба маблағи 27134,8 ҳазор сомонӣ ба дарозии 2650 метр, аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ ба маблағи 777,2 ҳазор сомонӣ ба дарозии 7222 метр, аз ҳисоби манбаъҳои ғайрибуҷетӣ ба маблағи 2691,8 ҳазор сомонӣ ба дарозии 5718 метр ва ба тариқи ҳашар ба маблағи 1645,8 ҳазор сомонӣ ба дарозии 15066 метр корҳо иҶро гардиданд.
Қобили зикр аст, ки бо мақсади васеъ намудани майдони заминҳои обёришаванда дар доираи “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии ТоҶикистон барои солҳои 2022-2027”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҶикистон аз 1 марти соли 2022, №90 тасдиқ карда гардидааст, соли ҷорӣ азхуд намудани 3410 гектар заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани 900 гектар заминҳои бекорхобида ба нақша гирифта шуда, дар ин давра бо маблағи 3370,3 ҳазор сомонӣ майдони 2711 гектар заминҳои нави обёришаванда (80%) азхуд карда шуда 1352 гектар (150%) заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барқарор ва ба гардиши кишоварзӣ баргардонида шуданд.
Бо мақсади иҷрои «Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосири каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2023, №226 қабул гардидааст, аз ҳисоби маблағҳои институтҳои молиявӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба маблағи 67898,0 ҳазор сомонӣ корҳо ба иҷро расонида шуданд, ки 79,0 % -и нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон бо мақсади андешидани тадбирҳо вобаста ба фароҳам овардани фазои мусоид барои Ҷалби сармоягузории хориҶӣ, маблағҳои бахши хусусӣ ва маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии ТоҶикистон манъ накардааст, азнавсозӣ ва барқарорсозии иншоотҳои гидротехникӣ Ҷиҳати мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, обтаъминкунии устувор ба истифодабарандагони об ва рафъи обҳои заҳбуру заҳкаш, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, азхудкунии заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, коҳиш ва пешгири намудани хавфи офатҳои табиӣ марбут ба об, такмили ихтисоси кадрҳои соҳавӣ ва Ҷалби кадрҳои Ҷавон ба соҳа, дастрас намудани мошину механизмҳои махсуси соҳавӣ, Ҷорӣ намудани корҳои илмию тадқиқотӣ, гузариш ба идоракунии захираҳои об дар сатҳи ҳавзаҳо ва зерҳавзаҳо дар низоми беҳдошти зами ва обёрӣ, таъмини рушди ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, Ҷорӣ намудани системаҳои иттилоотии фазоӣ, рақамӣ ва махзани маълумотӣ дар соҳа, такмил ва таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, рушди институтсионалии идоракунии захираҳои об дар низоми беҳдошти замин ва обёрӣ ва дар ин замина барои беҳтар намудани вазъи иқтисодию иҶтимоии соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ “Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028” бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2024,№ 327 қабул гардида, корҳо тибқи нақшаи амали Барнома дар соли 2024 оғоз гардидаанд. Барои амалӣ гардидани бандҳои нақша чорабиниҳои барнома соли 2024 аз рӯи ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 4840,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ ба маблағи 4218,0 ҳазор сомонӣ ё худ 87,1%-и нақшаи солона корҳо ба иҷро расонида шудаанд.
Азхудкунии маблағҳо дар соли Ҷорӣ 21,5 млн. доллари ИМА ё худ 87% нақша ва аз аввали татбиқи лоиҳа 78,4 млн.доллари ИМА ё худ 45%-и нақшаро ташкил медиҳад.
Корҳои созмондиҳӣ ва рушдиҳии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) дар доираи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 идома дорад.
Тибқи ҳисобот ба ҳолати 1 январи соли 2025 дар Ҷумҳурӣ 241 адад АИО фаъолият доранд, ки ба майдони 473703 гектар заминҳои обёришаванда хизматрасонӣ менамоянд. Аз Ҷумла дар вилоятҳои Суғд 94 адад АИО ба майдони 206298 гектар, Хатлон 122 адад АИО ба майдони 242534 гектар, ВМКБ 10 адад АИО ба майдони 1744 гектар, минтақаи Ҳисор 3 адад АИО ба майдони 4632, гектар ва минтақаи Душанбе 12 адад АИО ба майдони 18496 гектар хизмат расонида истодаанд.
Шумораи умумии кормандони соҳа дар ин давра 5500 нафарро ташкил дода, аз он дар соҳаи истифодабарӣ 5391 нафар ва дар сохтмон 109 нафар кор ва фаъолият намуда истодаанд. Музди миёни моҳонаи кормандон дар ин давра 916 сомониро ташкил медиҳад.
Фаъолияти босуботи Агентӣ ва ташкилоту корхонаҳои зертобеи он ба қобилияти ташкилотчигӣ ва кордонии кадрҳои роҳбарикунандаи раёсатҳо ва идораҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва фаъолияти раёсату шӯъбаҳои дастгоҳи Марказии Агентӣ вобастагӣ доранд.
Бинобар ин роҳбарони идораю муассисаҳо ва корхонаҳои зертобеи Агентӣ ӯҳдадор гардиданд, ки ҳисси масъулиятшиносӣ ва интизоми иҷроияро баланд бардошта, оид ба беҳтар гаштани вазъи соҳа таҳлилҳои амиқ гузаронида, барномаҳои кўтоҳмуҳлат ва миёнамўҳлатро таҳия ва татбиқи амалии онҳоро таъмин намоянд.
Аз фурсат истифода бурда аз номи роҳбарият ва кормандони соҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва кўмаки пайваста ва ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, барои ҳамкории муфид изҳори миннатдорӣ изҳор карда шуд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки вазифаҳои дар назди соҳаи гузошташуда иҷрошаванда буда, дар амалӣ намудани онҳо ҳар як корманд ва ташкилоту муассисаҳои Агентӣ саҳм мегузоранд.
Назорати иҷрои супоришҳо ба зиммаи муовинони Директор ва дигар масъулин вогузор карда шуд.