Баргузории Ҷаласаи ҳайати мушовара “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои зертобеи Агентӣ дар семоҳаи аввали соли 2025 ва вазифаҳо барои семоҳаи оянда"

Имрӯз дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи Ҳайати Мушовара “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои зертобеи Агентӣ дар семоҳаи аввали соли 2025 ва вазифаҳо барои семоҳаи минбаъда баргузор гардид.
Дар ҷаласа директори Агентӣ Давлатзода Зафарбек, муовини якуми директори Агентӣ Зарифзода Хуршед, муовинони директори Агентӣ Зуҳурзода Баҳрулло ва Сафарзода Олим, инчунин роҳбарони раёсату шуъба ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Агентӣ ширкат варзиданд.
Нахуст Директори Агентӣ ҷаласаро кушода эълон намуда, барнома ва сархати мавзӯъҳои баррасишавандаро ба самъи иштирокдорон расонид. Сипас тибқи барномаи ҷаласа муовини Директори Агентӣ Сафарзода Олим натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои зертобеи Агентиро дар семоҳаи аввали соли 2025 мавриди таҳлил қарор дода, қайд намуданд, ки Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар семоҳаи аввали соли 2025 ҷиҳати иҷрои вазифаҳо оид ба таъмини истифодабарандагон бо оби обёрӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, азхуд намудани заминҳои нави обёришаванда, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ корҳои муайянеро анҷом додааст.
Дар ин давра дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №192 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025” корҳои омодасозии шабакаҳои обёрӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда ба роҳ монда шуда, нақшаҳои тоза намудани шабакаҳои обёрӣ 2867 ҳазор м3 (100%), заҳбуру заҳкашҳо 1940 ҳазор м3 (100%), таъмири иншоотҳои гидротехникӣ 707 адад (92%), бинои пойгоҳҳои обкашӣ 34 адад (68%), дастгоҳҳои обкашӣ 822 адад (97%), чоҳҳои амудӣ 91 адад (94%), зеристгоҳҳои барқӣ 181 адад (100%), трансформаторҳо 313 адад (98%), сулулҳо 1018 адад (95%), хатҳои барқӣ 108 км (100%), танзими сарбандҳо ба маблағи 836 ҳазор сомонӣ (39%) ва ҷиҳати иҷрои корҳо 95 механизм фаъолият намуда, дар натиҷа иншоотҳо ба мавсими обёрӣ омода карда шуданд.
Соли ҷорӣ идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар миқёси ҷумҳурӣ бо 52732 истифодабарандагони об, дар майдони 350943 гектар шартнома ба имзо расонида шудааст.
Тибқи дархост ва талабот ба истифодабарандагони об дар ин давра дар ҳаҷми 13,9 млн. м3 бо арзиши 686,8 ҳазор сомонӣ об расонида шудааст.
Пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ, омили асосии рушди соҳа ба ҳисоб рафта, барои дар мўҳлатҳои муайян омода намудани шабакаҳои обёрӣ ба мавсими обдиҳӣ ва таъмин намудани истифодабарандагон бо оби обёрӣ мусоидат менамояд. Дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ низоми биллингӣ пурра ҷорӣ гардида, пардохти маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монда шудааст.
Аз сабаби саривақт пардохт нагардидани маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ қарзи обистифодабарандагон дар назди идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ба ҳолати 1 апрели соли 2025 бо дарназардошти солҳои пешин 279,2 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин омил боиси афзоиш ёфтани қарзҳои дебиторию кредитории ташкилоту идораҳои Агентӣ гардидааст.
Бо мақсади рўёнидани маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ аз ҷониби идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ба мақомоти суду прокуратура маводҳо пешниҳод карда мешаванд. Дар ин давра бо ин мақсад ба маблағи 47,1 млн. сомонӣ мавод пешниҳод гардида, аз ин ба маблағи 8,0 млн. сомонӣ рўёнида шудааст ва боқимонда ба маблағи 39,1 млн. сомонӣ маводҳо дар ҳолати баррасӣ қарор доранд.
Истифодаи нерўи барқ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 12,4 млн. кВт/соатро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 млн. кВт/соат кам мебошад. Арзиши барқи истифодашуда дар ин давра ба 3,7 млн. сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,6 млн. сомонӣ зиёд ва пардохти истифодаи нерўи барқ 8,9 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Қарзи корхонаҳои зертобеи Агентӣ бо назардошти солҳои пешин аз ҳисоби истифодаи нерўи барқ дар назди ҶСК “Барқи Тоҷик” 178,3 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Баҳри иҷрои яке аз вазифаҳои муҳими соҳа, яъне беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, соли 2025 дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2024 таҳти №137 ва фармоиши Агентӣ аз 14 марти соли 2024 беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 15632 гектар заминҳои кишоварзӣ бо маблағи 19666,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ ба маблағи 1213,0 ҳазор сомонӣ ҳолати мелиоративии 1654 гектар заминҳо беҳтар гардонида шудааст. Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ ба маблағи 568,0 ҳазор сомонӣ майдони 921 гектар, буҷети маҳаллӣ бо маблағи 173,0 ҳазор сомонӣ майдони 217 гектар, аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ бо маблағи 22,0 ҳазор сомонӣ майдони 66 гектар замин ва аз ҳисоби лоиҳаҳо бо маблағи 450,0 ҳазор сомонӣ майдони 450 гектар ҳолати мелиоративии заминҳо беҳ гардонида шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023, №186 “Дар бораи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” дар соли 2025 гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба маблағи 90105,0 ҳазор сомонӣ ба дарозии 37642 метр, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети муттамарказ ба маблағи 9480,0 ҳазор сомонӣ ба масофаи 5110 метр, аз ҳисоби маблағҳои ғайри буҷетӣ ба маблағи 66638,0 ҳазор сомонӣ ба масофаи 23480 метр, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 12484 ҳазор сомонӣ ба масофаи 6883 метр ва аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ ба маблағи 1503,0 ҳазор сомонӣ ба масофаи 2169 метр пешбинӣ карда шудааст.
Дар натиҷаи гузаронидани корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 1033,3 ҳазор сомонӣ ба масофаи 4004 метр, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети муттамарказ ба маблағи 584,0 ҳазор сомонӣ ба масофаи 250 метр, аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ ба маблағи 251,7 ҳазор сомонӣ ба масофаи 564 метр ва ба тариқи ҳашар ба маблағи 197,6 ҳазор сомонӣ ба масофаи 3190 метр корҳо иҷро гардида, дар ин самт фаъолият идома дорад.
Бо мақсади васеъ намудани майдони заминҳои обёришаванда дар доираи “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2022, №90 тасдиқ гардидааст.
Тибқи нақшаи Барномаи мазкур соли ҷорӣ азхуд намудани 3254 гектар заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии 1400 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда пешбинӣ шудааст. Ҷараёни иҷрои барномаи мазкур ҳамасола то санаи 1 феврал мониторинг карда мешавад ва аз рафти иҷрои он дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод карда мешавад.
Инчунин Агентӣ “Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосири каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2023, №296 тасдиқ гардидааст, татбиқ намуда истодааст, ки тибқи қарори мазкур ҳар сол то санаи 10 феврал раванди иҷроиши барнома натиҷагирӣ гардида аз натиҷаи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда мешавад.
Дар доираи “Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2024,№ 327 қабул гардида, корҳо тибқи нақшаи амали Барнома дар соли 2025 оғоз гардидаанд. Барои амалӣ гардидани бандҳои нақша чорабиниҳои барнома соли 2025 аз рӯи ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 118570,0 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 5050,0 ҳазор сомонӣ, сармояи хориҷӣ 108340,0 ҳазор сомонӣ, ҳаққи хизмати обрасонӣ 180,0 ҳазор сомонӣ ва бахши хусусӣ 5000,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, корҳо тибқи нақшаи амали Барнома дар соли 2025 оғоз гардидаанд. Аз рафти иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда иловатан ахборот пешниҳод карда мешавад.
Барои дастгирии соҳа дар назди Агентӣ 3 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 135,7 млн. доллари ИМА фаъолият намуда истодаанд, аз ҷумла лоиҳаҳои “Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон”, лоиҳаи “Системаи обёрии ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ тобовар ва навсозии заҳкашу заҳбурҳо дар ҳавзаи дарёи Вахш” ва “Такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон”.
Азхудкунии маблағҳо дар се моҳи соли ҷорӣ 3,7 млн. доллари ИМА ё худ 72% нақшаи семоҳаро ва аз аввали татбиқи лоиҳа 38,5 млн. доллари ИМА ё худ 30%-и нақшаи умумиро ташкил медиҳад.
Созмондиҳӣ ва рушди ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) дар доираи ислоҳоти соҳаи об идома дорад. Тибқи ҳисоботҳо ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 241 адад АИО фаъолият доранд, ки ба майдони 496195 гектар заминҳои обёришаванда хизматрасонӣ менамоянд. Аз ҷумла дар вилоятҳои Суғд 94 адад АИО ба майдони 206298 гектар, Хатлон 122 адад АИО ба майдони 263612 гектар, ВМКБ 10 адад АИО ба майдони 1744 гектар, минтақаи Ҳисор 3 адад АИО ба майдони 6045 гектар ва минтақаи Душанбе 12 адад АИО ба майдони 18496 гектар хизмат расонида истодаанд.
Ба воситаи нақлиёти боркаш дар ин давра 202 ҳазор тонна борҳои хоҷагии халқ кашонида шуда, тавассути механизмҳои заминкан дар ҳаҷми 1074,0 ҳаз.м3 корҳо ба анҷом расонида шудааст.
Ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ шумораи кормандони соҳа 5497 нафарро ташкил дода, аз он дар соҳаи истифодабарӣ 5387 нафар ва дар сохтмон 110 нафар кор ва фаъолият намуда истодаанд. Музди миёни моҳонаи кормандон дар ин давра 1097 сомониро ташкил медиҳад.
Муовини Директор сухани худро бо ёдрас намудани мушкилоти мавҷуда хотима дода, дарҷ намуданд, ки дар баробари пешрафт дар фаъолияти Агентӣ ва сохторҳои он норасоӣ ва мушкилоти зиёде ҷой доранд, ки ҳалли онҳо барои рушди соҳа мусоидат менамояд.