Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи Ҳайати Мушовараи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

12 октябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ҳайати мушовараи Агентӣ оид ба натиҷагири аз фаъолият дар 9 моҳи соли 2019 ва вазифаҳо барои бомуваффаќият анҷом додани соли хоҷагии 2019 доир гардид.

Дар ҷаласа Муовинони Директори Агентӣ - Ҳасанзода Ҳ. У. ва Ғафорзода Б.А. ва сардорони раёсату шуъбаҳои Агентӣ инчунин роҳбарони тамоми ташкилот ва корхонаҳои зертобеи Агентӣ ва директорони марказҳои татбиқи лоиҳаи назди Агентӣ, иштирок намуданд. Хамзамон дар кори ҷаласа сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холзода Бобишо иштирок намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш муовини Директори Агентӣ Ғафорзода Баҳром Абдулафиз натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои Агентиро  дар 9 моҳи соли 2019 мавриди таҳлил карор доданд. Хамзамон барои бомуваффақият анҷом додани соли хоҷагии 2019 дастуру супориш ва вазифаҳо ба масъулон дода шуданд.

Ғафорзода Б.А. қайд намуданд, ки Агентӣ ва зерсохторҳои он баҳри татбиқи амалии сиёсати созандагию бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонва иљрои дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои вазифаҳои дар назди соҳа гузошта оид ба таъмини кишоварзон ва дигар истифодабарандагон бо оби обёрӣ, азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар 9 моҳи соли равон корҳои муайянеро анҷом додааст.

Дар фарҷом вазифаҳои муҳимтарини Агентӣ барои семоҳаи чорум  ёдрас карда шуд ки ин бомуваффақият ҷамъбаст намудани соли хоҷагии 2019, таъмини иҷрои нақшањои азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обӣ, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо мақсади эмин нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин ва иншооти хоҷагии халқ аз офатҳои табиӣ ва таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои тирамоҳию зимистонӣ ҷиҳати ба мавсими нави обдиҳии соли 2020 омодасозии шабакаҳои обёрӣ, мебошанд.

Оид ба масъалаи мазкур сардорони Раёсатҳои беҳдошти замин ва обёрии виилоятҳои Хатлон Собиров М., вилояти Суғд Қудратзода Т., вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Мирасанов М., минтақаи Ҳисор Баротов Р., минтақаи Душанбе Зуҳуров Б. ҳисобот дода, аз сардорони идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иҷроиши корҳо пурсида шуд.

Оид ба масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул карда шуда, сардорони сохторҳои Агентӣ вазифадор карда шуданд.

Нашр шудааст: 11 Октябри 2019