Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Саҳифаи асосӣ / Комиссияи Миллӣ

Комиссияи Миллӣ

Фаъолияти Комиссияи Миллӣ оид ба ирригатсия ва дренаж дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Комиссияи миллӣ оид ба ирригатсия ва дренаж дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Комиссияи миллӣ) дар доираи кори Комиссия байналмилалӣ оид ба ирригатсия ва дренаж (КБИД) таъсис дода шудааст.

КБИД ташкилоти илми-техникӣ, ғайридавлатии байналмилалӣ ва ихтиёрӣ, буда соли 1950 таъсис дода шудааст. Сардафтари он дар шаҳри Нью-Дели, Ҳиндустон ҷойгир шудааст.

Мақсади асосии КБИД ин ноил гардидан ба амнияти озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист, беҳтар намудани сифати об, баланд бардоштани ҳосилнокии замин бо воситаи ирригатсия ва дренаж, инчунин идоракунии хавфи обхезӣ ва ҳолатҳои фавқулодда вобаста ба об мебошад. 

Талаботҳои асосӣ барои  аъзо шудан ба КБИД ин фаъол намудани аъзогӣ тавассути  супоридани аъзоҳақии ҳамасола мебошад. Баъд аз он аъзоёни КБИД дар давлатҳои худ Кумитаҳо ва ё Камиссияҳои миллӣ оид ба ирригатсия ва дренаж таъсис медиҳанд.

 

Таърихи таъсиси Комисиия миллӣ

Намояндагони Тоҷикистон (Агентӣ) дар Конгресси 22-юми навбатии  Кумитаи байналмилалӣ оид ба ирригатсия ва дренаж  ва  ҷаласаи 65-уми Шӯрои иҷроияи байналмилалӣ, ки санаи аз 14 то 20 сентябри соли 2014, дар шаҳри Кенджу, Кореяи Ҷанубӣ  баргузор гардид иштирок намуданд. Дар навбати худ намояндагони Агентӣ дар ҳама ҷаласаҳои Конгресси мазкур фаъолона иштирок намуда манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифода намудаанд. Ҳамзамон аъзогии худро дар КБИД тавассути супоридани аъзоҳақи барои соли 2014 фаъол намудаанд, ки аз тарафи Шӯрои КБИД бо овозҳои зиёд қаъбул ва дастгтирии худро ёфт.

Маҳз бо ҳамин хотир бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 октябри соли 2015, №620 Комиссияи миллӣ оид ба ирригация ва дренаж  дар назди Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ таъсис дода шуда, Низомномаи он тасдиқ гардид. 

 

Мақсади асосии таъсиси Комиссияи миллӣ

  • мусоидат ба рушд ва истифодаи дастовардҳои илму техника дар соҳаи ирригатсия ва дренаж,
  • идоракунии оби обёрикунанда ва захираҳои замин,
  • мубориза бо бодлесии замин ва обхезиҳо, мустаҳкам намудани соҳилҳо ва маҷрои дарёҳо,
  • гузаронидани тадқиқоти маҷмӯӣ дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ,
  • истифодаи маҷмӯи ва ҳифзи захираҳои обӣ ва заминҳои обёришаванда бо истифода аз усулҳо ва техналогияҳои муосир мебошад.

 

Усулҳои амалӣ намудани мақсадҳои Комиссияи миллӣ иборат аз:

  • иштирок дар кори Комиссияи байналмилалии ирригатсия ва дренаж ва гурӯҳҳои кории доимии он бо роҳи намояндагии мутахассисон ва олимон дар ҳайати онҳо;
  • кӯмак расонидан ба ташкили ҷаласаҳои миллӣ, байналмилалӣ ва минтақавӣ, семинарҳо ва конференсияҳо оид ба мушкилоти беҳдошти замин ва обёрӣ, идоракунии оқилона ва самараноки захираҳои об, истифода ва ҳифзи захираҳои об дар системаҳои беҳдошти замин ва обёрӣ;
  • мусоидат намудан ба рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ бо истифода аз дастовардҳои пешқадами илмию техникӣ;
  • баланд бардоштани сатҳи дониши мутахассисон ва истифодабарандагони об дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ, оқилона ва самаранок истифода бурдани захираҳои обу замин дар минтақаҳои обёришаванда;

 

ЧОРАБИНИҲОИ АМАЛИГАРДИДА ДАР ДОИРАИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯИ МИЛЛӢ

То имрӯз ҳамагӣ 4 ҷаласаи Комисияи миллӣ баргузор гардидааст. Аз ҷумла, ҷаласаи нахустин санаи 28 октябри соли 2016, ҷаласаи дуюм санаи 20 апрели соли, 2017, ҷаласаи сеюм рӯзи 1 декабри соли 2017 ва ҷаласаи чоруми он санаи 4 майи соли 2018 гузаронида шуд.

 

Ҷаласаи нахустини Комиссияи миллӣ, 28 октябри соли 2016 

Ҳадаф асосии ҷаласаи нахустин ба баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳо вобаста ба соҳаи беҳдошти замин ва обёрии ҷумҳурӣ ва дар ин замина пайдо намудани роҳҳои ҳалли онҳо чиҳати мусоидат намудан ба рушди устувори идоракунии обёрӣ бахшида шуда буд.

Дар кори ҷаласаи нахустин, ки санаи 28 октябри соли 2016 бо дастгирии Созмон оид ба Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд, Филиали Тоҷикистонии Маркази экологии минтақавии Осиёи Марказӣ баргузор гардида, дар кори он зиёда аз 50 нафар иштирокчиён, аз он ҷумла намояндагони дафтари ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, Созмони ҳамкорҳои иқтисодӣ ва рушд аз дафтари давлати Фаронса, Корпуси Шавқат (Mercy Corps) аз дафтари кишвари исломии Афғонистон, аъзоёни Комиссияи миллӣ, олимону коршиносони миллии соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ ширкат варзиданд.

Мувофиқи барнома дар ҷаласаи мазкур масъалаҳо вобаста ба се қисматҳои зерин: “Дастгирӣ оид ба гузаронидани ислоҳот дар бахши беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон: ноил гардидан ба устувории молиявии бахш”, “Шабакаи иттилоотӣ ва маҳзани маълумотӣ дар бахши беҳдошти замин ва обёрӣ” ва “Об ва дониш” фаро гирифта шуданд. Дар навбати худ вобаста ба қисматҳои қайдгардида иштирокчиёни ҷаласа оид ба мавзӯъҳои “Мустаҳкам намудани устувории иқтисодиву молиявии бахши беҳдошти замин ва обёрӣ: мақсадҳо ва вазифаҳои корҳои амалӣ гардидаистода”, “Шарҳи молявии бахши беҳдошти замин ва обёрӣ ва пешниҳодҳо оид ба устувории молиявӣ”, “Нақши устувор намудани воситаҳои иқтисодӣ дар бахши беҳдошти замин ва обёрӣ”, “Таҷрибаи байналмиллалӣ оид ба мустаҳкам намудани устувории иқтисодии соҳаи об”, “Таҷрибаи Ҷопон оид ба рушди хизматрасонии иттилоотию мушовирӣ дар бахши кишоварзӣ”, “Омода намудани мутахассисон дар бахши беҳдошти замин ва обёрӣ”, рафти фаъолияти лоиҳаҳои “Идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон” ва “Обёрии қатрагӣ” баромад намуданд.

 

Ҷаласаи дуюми Комиссияи миллӣ, 20 апрели соли 2017   

Дар доираи ҷаласаи дуюми Комиссияи миллӣ бо дастгирии Созмон оид ба Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд санаи 20 апрели соли 2017 дар бинои Муассисаи давлатии “Душанбе Плаза”-и шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар кори ҷаласаи навбатӣ, ки нимаи якуми рӯзи 20 апрел баргузор гардид, тақрибан 60 нафар иштирокчиён, аз он ҷумла намояндагони вазорату идораҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, олимону коршиносони миллии соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ, аъзоёни Комиссияи миллӣ, намояндагони шарикони рушд, институтҳои молиявӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд. Бо дарназардошти раванди ислоҳоти соҳаи оби кишвар дар ҷаласи мазкур масъалаҳои вобаста ба ноил гардидан ба устувории молиявии соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ бо коркарда баромадани механизми иқтисодиву молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштирокчиёни ҷаласа доир ба мавзӯъҳои: “Моделҳои асосӣ оид ба таъминоти оби обёрӣ дар Тоҷикистон: мушкилотҳо, омилҳои асосӣ ва имкониятҳо/Самаранокии истифодабарии воситаҳои иқтисодӣ ва имкониятҳои ҷалб намудани воситаҳои нави иқтисодӣ ба соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ”, “Мустаҳкам намудани устувории иқтисодиву молиявии соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ: мақсадҳо ва вазифаҳои корҳои амалӣ шуда истода”, “Нақши устувор намудани воситаҳои иқтисодӣ дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ, таҷрибаи дигар давлатҳо” ва “Рафти татбиқи лоиҳаҳои соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ” баромад намуданд.

 

Ҷаласаи сеюми Комиссияи миллӣ, 1-уми декабри соли 2017

Ҷаласаи сеюми Комиссияи миллӣ санаи 1-уми декабри соли 2017 дар бинои Муассисаи давлатии “Душанбе Плаза”-и шаҳри Душанбе бо дастгирии Филиали Тоҷикистонии Маркази экологии минтақавии Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Бо дарназардошти ислоҳоти соҳаи оби кишвар ба баррасии масъалаҳо доир ба таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ, аз чумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мелиоратсия ва обёрӣ”, механизмҳои иқтисодиву молиявӣ ва пешбурди истифодаи босамари об дар ҳама сатҳҳо, бо дарназардошти ҳамалоқамандии об-энергия-озуқаворӣ ва системаҳои муҳити зист, бахшида шуда буд. Дар кори чорабинии мазкур тақрибан 50 нафар иштирокчиён, аз он ҷумла намояндагони вазорату идораҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, олимону коршиносони миллии соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ, аъзоёни Комиссияи миллӣ, намояндагони шарикони рушд, институтҳои молиявӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд ва аз ҷониби онҳо бо дарназардошти натиҷаҳои кори ҷаласа ҳуҷҷати ниҳоии он – қарори   ҷаласаи сеюми васеъи Комиссияи миллӣ қабул карда шуд.

 

Ҷаласаи чоруми Комиссияи миллӣ, 4 майи соли 2018

Ҷаласаи чоруми Комиссияи миллӣ рӯзи 4 майи соли 2018 дар толори “Осоишгоҳи Баҳористон”-и шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо дастгирии Дафтари барномавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе баргузор гардид.

Ҳадафи аз баргузор намудани ҷаласаи чоруми Комиссияи миллӣ ин пеш аз ҳама аз ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба захираҳои обӣ - ҳамчун асоси зиндагии инсон ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ, вусъат бахшидани ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳама сатҳҳо ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об то соли 2030 иборат буда, баргузории он баҳри дар сатҳи зарури тарғибу ташвиқ намудани ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” дар солҳои 2018-2028” ва мусоидат намудан ба таъмини рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ, истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об равона гардида буд.

Дар кори ҷаласаи мазкур намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, намояндагони вазорату идораҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, олимону коршиносони миллии соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ, аъзоёни Комиссияи миллӣ, намояндагони шарикони рушд, институтҳои молиявӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва инчунин намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

Иштирокчиёни ҷаласаи чорум барномаи ҷаласаро дар доираи се қисмат, аз ҷумла: Об барои рушди устувор, нақши соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои он, фаъолияти соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд ва саҳми шарикони рушд дар рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ тасдиқ намуда, масъалаҳои зеринро дар доираи ин қисматҳо баррасӣ намуданд:

  1. 1. Ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 бо дарназардошти нақши соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ.
  2. 2. Фаъолияти Комиссияи миллӣ оид ба ирригатсия ва дренаж дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  3. 3. Хусусиятҳои идоракунии соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд ва фаъолияти пойгоҳҳои обкашии “Қизилӣ” дар ноҳияи Зафаробод ва “Сомғар” дар ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд.
  4. 4. Нақши шарикони рушд дар рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути амалишавии лоиҳаҳои “Идоракунии захираҳои обии ҳавзаи дарёи Сир”, “Самаранок истифода бурдани об” ва “Об, маориф ва ҳамкорӣ” дар вилояти Суғд.
  5. 5. Муарифии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мелиоратсия ва обёрӣ”.

Баъдан пас аз хотима ёфтани қисматҳои барномаи ҷаласа оид ба мавзӯъҳои дарҷгардида муҳокимарониҳо шуда, миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 

Конфронси ҷумҳуриявӣ, 20 апрели соли 2017

Илова бар ин дар доираи фаъолияти Комиссияи мазкур нимаи аввали рӯзи 20 апрели соли 2017 дар толори Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» Конфронси ҷумҳуриявии дар мавзӯъи “Об барои рушди устувор”, нақши соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои он баргузор гардид. Ҳадафи баргузор намудани Конфронси мазкур ин пеш аз ҳама ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба захираҳои обӣ - ҳамчун асоси зиндагии инсон ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ, вусъат бахшидани ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳама сатҳҳо ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об то соли 2030-ро дар бар мегирифт.

Дар кори Конфронси ҷумҳуриявӣ зиёда аз 70 нафар иштирокчиён, аз он ҷумла намояндаи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, олимону коршиносони миллии соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ, аъзоёни Комиссияи миллӣ, намояндагони шарикони рушд, институтҳои молиявӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд ва аз ҷониби онҳо бо дарназардошти натиҷаҳои кори Конфронс ҳуҷҷати ниҳоии он – Тавсияномаи иштирокчиён қабул карда шуд.

 

Ташрифи шиносоӣ, 3 майи соли 2018

Тибқи барномаи чорабиниҳо дар доираи фаъолияти Комиссияи миллӣ рӯзи 3-юми майи соли 2018 мутахассисони ташкилоту муассисаҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба пойгоҳҳои обкашии вилояти Суғд, аз ҷумла  пойгоҳҳои обкашии “Қизилӣ”-и ноҳияи Зафаробод ва “Сомғар”-и ноҳияи Б. Ғафуров ташриф оварда, бо фаъолияти пойгоҳҳои обкашии номбурда аз наздик шинос шуданд. Ташрифи шиносоӣ баҳри мубодилаи таҷриба миёни мутахассисони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва дар ин замина фароҳам овардани шароити мусоид барои шиносои аз хусусиятҳои фаъолияти кории ҳамдигар нақши муҳим бозид.

 

Семинари омӯзишӣ, 21 апрели соли 2017   

Дар доираи фаъолияти Комиссияи миллӣ санаи 21 апрели соли 2017 Семинари омӯзишӣ  дар мавзӯъи “Шарҳи механизмҳои иқтисодӣ барои рушди устувори соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ” бо иштироки зиёда аз 30 нафар намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, олимону коршиносони миллӣ, ташкилотҳои байналмиллалӣ ва коршиносони Созмони ҳамкорҳои иқтисодӣ ва рушд баргузор гардид. Дар рафти семинари мазкур масъалаҳо оид ба истифодабарии воситаҳои иқтисодӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истифодабарии об дар бахши беҳдошти замин ва обёрӣ ҷиҳати ноил гардидан ба устувории молиявии соҳа ва шарҳи механизмҳои иқтисодӣ баррасӣ гардиданд. 

       

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ КОМИССИЯИ МИЛЛӢ ОИД БА ИРРИГАТСИЯ ВА ДРЕНАЖИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧОРАБИНИҲОИ КОМИССИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИРРИГАТСИЯ ВА ДРЕНАЖ

Намояндагони Комиссияи миллӣ оид ба ирригатсия ва дренажи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои зерини Комиссияи байналмилалии ирригатсия ва дренаж иштирок намуданд:

  1. 1. Конгресси  22-юми навбатии  Комиссияи байналмилалӣ оид ба ирригатсия ва дренаж ва 65-ум ҷаласаи Шӯрои иҷроияи байналмилалӣ, 14-20 сентябри соли 2014, шаҳри Кенджу, Кореяи Ҷанубӣ
  2. 2. Ҷаласаи 66-уми навбатии Шӯрои иҷроияи байналмилалии Комиссияи байналмилалӣ оид ба ирригатсия ва дренаж ва Конфронси 26-уми минтақавии Аврупо, 11-16 октябри соли 2015, шаҳри  Монпеле, Ҷумҳурии Фаронса
  3. 3. Форуми ҷаҳонӣ оид ба ирригатсия ва дар ҷаласаи 67-уми Шӯрои иҷроияи байналмилалии Комиссияи байналмилалӣ оид ба ирригатсия ва дренаж, 6-12 ноябри соли 2016 дар шаҳри Чианг Май, Шоҳигарии Таиланд
  4. 4. Конгресси 23-юми Комиссияи байналмилалӣ оид ба ирригатсия ва дренаж  ва ҷаласаи 68-уми Шурои иҷроияи байналмилалии Комиссияи байналмилалӣ оид ба ирригатсия ва дренаж, 8-13 октябри соли 2017, шаҳри Мехико   

Инчунин мутахассисони ҷавони соҳа дар тренинги омузишӣ дар мавзуъи “Арзёбии самаранокии системаҳои обёрӣ”, ки аз ҷониби Кумитаи миллӣ оид ба ирригатсия ва дренажи Ҷумҳурии Халқии Хитой дар шаҳри Пекин баргузор карда шуд, ширкат варзиданд.

Нашр шудааст: 15 Май 2018