Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Саҳифаи асосӣ / Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ

Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ

Тоҷикистон бо сабаби мамлакати кӯҳсор буданаш мунтазам дучори офатҳои табиӣ мегардад. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ 947 дарё ва 276 адад сойҳо бо дарозии умумии қариб 30 ҳазор километр мавҷуданд, ки аксарашон дарёҳои хатарангез ба ҳисоб мераванд. Ин захираи бузурги обӣ баробари фоида ба мамлакат ҳамасола ҳисороти калони молиявию ҷонӣ мерасонад. Ҳар сол дар мавсими баҳору тобистон обшавии бошиддати барфу пиряхҳо ва боришоти зиёд боиси обхезӣ, ярч ва омадани сел шуда, дар натиҷа ба иншоотҳои муҳими хоҷагии халқ зарари калон мерасонад.

Минтақахое, ки ба селҳо нисбатан зиёд дучор мешаванд, ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Вахш, Сурхоб, Ёхсу, Қизилсу, Варзоб, Кофарниҳон, Хонақо, Қаратоғ, Зарафшон,  Исфара ва сойҳои калони ноҳияҳои Кӯлоб, Балҷувон, Темурмалик, Шамсиддин Шоҳин, Шӯрообод, Деваштич, Ашт, Спитамен, Панҷакент, Шаҳристон ва дигарон ба ҳисоб мераванд. Дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон дар як сол ба ҳисоби миёна то 70 маротиба сел мегузарад.

Дар ҷумҳурӣ аз 1386 км саддҳои муҳофизатӣ, аз ҷумла 416 км дар ҳолати корношоям ва 710 адад селпартоҳо бо дарозии умумии 503 км мавҷуд мебошад. Ба ҳолати 1 январи соли 2011 дар ҷумҳурӣ 416 км саддҳои муҳофизатӣ ва 136,5 км селпартоҳо бар асари обхезӣ ва селҳо вайрон гардида буданд. Инчунин дар натиҷаи рух додани офатҳои табиӣ дар соли 2015 зиёда аз 105 км иншоотҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба маблағи 454,14 млн. сомонӣ зарар дида, ба барқарорсозӣ ниёз доранд.

Бо ин мақсад бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №112 “Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015” ба маблағгузории умумии 275,7 млн. сомонӣ қабул гардида буд. Маблағи умумии Барнома барои солҳои 2011-2015 ҳамагӣ 275,7 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 82,1 млн. сомониро ташкил дода, 121000 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба нақша гирифта шуда буд.

Дар маҷмӯъ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар доираи Барномаи мазкур дар давоми солҳои 2011-2015 ба маблағи 215,00 млн. сомонӣ ба иҷро расонидашуда, дар натиҷа 90,75 км саддҳои муҳофизатӣ сохта ва барқарор карда шудааст.

Дар соли 2017 бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси фармоиши Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2017, №31/1-18 оид ба ҷудо намудани масолеҳҳои сохтмонӣ ва сузишворӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба воситаи ҳашар дар масофаи 18,83 км корҳои соҳлимустаҳкамкунӣ ба иҷро расонида шудааст. Инчунин аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази Агентӣ ба масофаи 2,5 км корҳои соҳлимустаҳкамкунӣ ба иҷро расонида шудаанд.

Ҷиҳати назорати доимӣ ва ба танзим даровардани маҷрои дарёҳо, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза намудани сойҳо бо мақсади пешгири намудани хавфи селу обхезиҳо ва шусташавии соҳилҳои дарёҳо “Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” таҳия гардида, барои мувофиқа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Нашр шудааст: 16 Май 2018