Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Саҳифаи асосӣ / Конференсияҳо

Конференсияҳо

Бо мақсади дар сатҳи баланд тарғибу ташвиқ намудани ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” дар солҳои 2018-2028” бо ташаббуси Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Созмон оид ба Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд санаи 20 апрели соли ҷорӣ  дар шаҳри Душанбе Конфронси ҷумҳуриявии “Об барои рушди устувор”, нақши соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои он баргузор гардид.

Дар кори Конфронси ҷумҳуриявӣ, ки нимаи якуми рӯзи 20 апрел баргузор гардид, зиёда аз 70 нафар иштирокчиён, аз он ҷумла намояндаи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, олимону коршиносони миллии соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ, намояндагони шарикони рушд, институтҳои молиявӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд ва аз ҷониби онҳо бо дарназардошти натиҷаҳои кори Конфронс ҳуҷҷати ниҳоии он – Тавсияномаи иштирокчиён қабул карда шуд.

Нашр шудааст: 19 Май 2018