Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об”

02.01.2020 10:34, шаҳри Душанбе

Имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонунҳо ба имзо расонида шуданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”, “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон”, “Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об”,  “Дар бораи хазинадорӣ”  ва “Дар бораи ниҳолпарварӣ”  аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонунҳои ба имзорасида ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, низоми молия ва андоз, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, муқовимат ба коррупсия, экстремизм ва дар маҷмӯъ барои беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодии инсон равона карда шудаанд.

Қонунҳои баимзорасида дар матбуот интишор карда мешаванд.

Нашр шудааст: 01 Январ 2020