Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ” бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028

Рўзи 26 сентябри соли 2019, бо ташабуси Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , Барномаи САҲА дар Душанбе ва Дафтари Тоҷикистонии Маркази экологии минтақавии Осиёи Марказӣ, дар бинои меҳмонхонаи “Серена” Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ” бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 баргузор гардид.

Дар чорабинии болозикр зиёда аз 60 нафар намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, олимон, намояндагони лоиҳаҳои соҳавии сармоягузорї, созмонҳои байналмилалӣ ва институтҳои молиявӣ, шарикони рушд ширкат варзиданд.

Мақсад аз баргузор намудани чорабинии мазкур ин ҷалби таваҷҷўҳи ҷомеа ба захираҳои обӣ - ҳамчун асоси зиндагии инсон ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ, вусъат бахшидани ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳама сатҳҳо ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 ва дар ин замина рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои ноил гардидани ба яке аз ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳоли дар деҳот мебошад.

Зеро ҳудуди 80% маҳсулоти кишоварзӣ аз заминҳои обёришаванда ба даст оварда мешаванд, зиёда аз 90% обҳои аз манбаҳои табиӣ гирифтамешуда дар соҳаи кишоварзӣ истифода карда мешаванд ва дар наздикии 70% аҳолӣ дар соҳаи кишоварзӣ машғул мебошанд. Вобаста ба ин саҳми соҳаи кишоварзӣ барои ташаккул ёфтани маҷмўи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 21% мебошад.

Инчунин бо назардошти раванди ислоҳоти соҳаи оби кишвар баррасии масъалаҳо вобаста ба рушди ҷанбаҳои институтсионалию техникии соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ, ки дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории соҳавӣ татбиқ шуда истодаанд мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Нашр шудааст: 26 Сентябр 2019